Чаро ҷавонони Осиёи Миёна ба гуруҳҳои ифротӣ мепайванданд

Бештарин ҷиноятҳои чанд моҳи охирро дар Осиёи Миёна ҷавонони мутаваллиди даврони истиқлол муртакиб шудаанд. Дар ин мақола нигоҳе дорам ба далоили ин падида ва роҳҳалҳое, ки давлатҳо метавонанд пеш бигиранд, аммо то ҳол худдорӣ кардаанд ва дар ъиваз роҳҳои ғалати муқобила бо ин падидаро баргузидаанд.

Шароити зист ва шуғл ҷавононро агар дар ин кишварҳои собиқ иттиҳоди шӯравӣ баррасӣ кунем, мутаваҷеҳ хоҳем шуд, ки ҷавонон аз ҳар гуна фазои тафреҳӣ маҳрум ҳастанд. Надоштани шуғл ва ҷобаҷоии маҳалли зисти мардуми маҳаллӣ аз русто ба шаҳр ё аз маҳалле ба маҳалли ҷадид, ки дур аз зодгоҳашон аст, оноҳоро дар муҳите қарор дода, ки ҳеч навъи наззорате на аз ҷониби давлат ва на аз ҷониби падару модар ва ҷомеъа бар аъмоли онҳо нест.

Ба вежа вақте ҷавонон дар синини булӯғ ва синни кашфи фурсатҳои ҷадид бо чунин фурсатҳое барои озодии беқайду шарт рӯбарӯ мешаванд, ки ба онҳо иҷоза медиҳад ба ҳар гуна аъмоли хатарнок даст бизананд, бидуни ин ки ҳуввиятшон ошкор бишавад ва ё обрӯ ва эътибори худ ва хонавода ва наздикони худро дар маърази хатар қарор диҳанд. Магар ин ки тасвири ҷиноятҳояи онҳо расонаӣ бишавад ва ҳуввияти онҳо ошкор гардад.

Дар чанд соли гузашта, давлатҳои Осиёи Миёна барои ҷилӯгирӣ аз афзоиши гароиш ба ислом роҳи ин ҷавононро ба масоҷиди маҳаллӣ бастаанд ва аз сӯи дигар барои хушомад ба мазҳабиёни маҳаллӣ ё хориҷӣ, бештарини марокизи тафреҳии ҷавононро таътил кардаанд. Шумо худ қазоват кунед, вақте вазъи ҷавонон чунин бошад чӣ хоҳанд кард: вақте ҷавонон иҷозат надошта бошанд ба дискуҳои бозмонда ва аз даврони шӯравӣ бираванд ва марокизи тафреҳӣ ва бозиҳои мисли билиорд, шатранҷ, клубҳои ҷавонон ҳама барҳам хӯрда бошад; вақте тавони молии сафар кардан барои бахши бузурге аз ҷавонон фароҳам набошад; вақте давраҳои кӯтоҳи омӯзиши касбу ҳунарҳои мавриди ъалоқаашон фаъол набошад; вақте фарҳанги синамо ва теотр рафтан низ рӯз то рӯз дар ҳоли коҳиш бошад. Бо чунин муҳите, дигар чи интихобе барои ин ҷавонон боқӣ мемонад, ба ғайр аз ин ки дил ба ваъдаҳои гурӯҳҳои ифротӣ бидиҳанд ва тӯъмаи шикори ин гурӯҳҳо бишаванд? Ингуна фазои баста ва дилгиркунанда ҷавононро дар баробари гурӯҳҳои ҷинояткор ва ифротӣ заъиф ва зудбовар мекунад; гурӯҳҳое ки баробари пули ҳангуфт ё гоҳе ночиз аз нерӯи онҳо суистифода мекунанд.

Буҳрони ҳуввият дар байни ҷавонони Осиёи Миёна ошкор аст. Ва ин боъиси гароишҳои ифротии мазҳабӣ дар онҳо мешавад. Барои мисол, ҷавононе ки пас аз итмоми мактаб ба кишварҳои мисли Русия сафар мекунанд то кор кунанд, маъмулан мавриди таҳқир ва озор қарор мегиранд ва ин боъиси афзоиши нигохи манфии онҳо ба ғарб мешавад. Бо чунин таҷрубае онҳо ба осонӣ ба гуруҳҳои “хушзабони” ифротӣ хориҷ аз кишвар тамоюл пайдо мекунанд.

Бисёре аз ҷавонон фаҳми чандоне аз ҳуввияти фардии худ надоранд ва худро ъумдатан бо мазҳаби худ ва боварҳои динӣ ва маҳаллӣ маҳдуд мекунанд. Аз ин ҷавонон агар бипурсед ту кӣ ҳастӣ? Посух медиҳанд: Мусалмон ҳастам ё мусалмонзода. Маҳдуд шудани ҳуввияти ин ҷавонон ба як ъомил, яъне мазҳаб, аз масоили ъумдаи сиёсӣ ва иҷтимоъии кишварҳои Осиёи Миёна аст, ки ба навбаи худ дар натиҷаи муқобилаи бидуни барномарезии давлатҳояшон, бе таваҷҷӯҳии онҳо ба барномаҳои баландмуддати муқобила ин падида ба вуҷуд омадааст.

Чаро ин гурӯҳ аз ҷавонон аз сохтани ояндаи худ бо талоши фардӣ ва бар асоси орзуҳои шахсии худ, даст кашидаанд ва роҳи расидан ба зиндагонии беҳтарро ба худо ва ба мудаъиёни заминии намояндагони худо ҳавола кардаанд? Чи эроде дар сохтори омӯзишии ин кишварҳо ҳаст, ки аз таҳсили даҳсола дар мактабҳои ба истилоҳ дунявӣ ва давлатӣ бо дастони холӣ берун меоянд?

Яке аз муҳиммтарин масъулиятҳои мактаб кумак ба кӯдакон ва наврасон ва ҷавонон барои пайдо кардан ва ташхис додани ҳуввияти миллӣ ва фардии онҳост, ки пайдост дар он маваффақ нестанд. Шояд изофа кардани дарсҳои мазҳабӣ ва омӯзиши ҳамаи адён дар мактабҳои миёна ва яксон муъарифӣ кардани мазҳабҳои мавҷуд, ин мушкилро то ҳадде бартараф кунад. Ҷолиб ин аст ки мактабҳои кишварҳои Осиёи Миёна ҳама дунявӣ маҳсуб мешаванд, дар ҳоле ки ҷомеъа бо дарсади болое мазҳабӣ ва суннатӣ аст.

Дар кишварҳои Урупоӣ – дар дарси динӣ ва онҳое ки дарси динӣ надоранд, дар дарсҳои марбут ба ахлок, фалсафа, торих ва ҷомеъа- аз ҳамаи адён баробар омӯзиш дода мешаванд ва аз дин ва торихи дин иттилоъоти дақиқу равшан ба наврасон дода мешавад, то роҳи фикр ва интихоби фикршуда бар онҳо баста нашавад.

“Мулло нашав, муддарис бишавӣ, майлат”

Ин васияти падари Садриддини Ъайнӣ буд, аммо ҳол падарон ва модарон ҷавонони чи навъ васиятҳое мекунанд? Баъид нест, комилан баръакс бошад. Ва ин пастрафт танҳо натиҷаи сиёсати ғалати си соли гузашта дар Осиёи Миёна аст.

Саркашии давлатҳои Осиёи Миёна аз изофа кардани дарсҳои динӣ, боъис шуда ки итиллоъоти мазҳабӣ ва диниро кӯдакон ва наврасон аз муллоҳои маҳаллӣ ва масочид ба даст меоваранд, ки маъмулан маҳдуд ба мезони дониш ва саводи муллои маҳҳал аст. Дар ҳоле ки метавонанд динро, дар фазои ғайримазҳабӣ, дар чорчӯби дарсҳои зиндагии маданӣ ва фарҳанг ба дурустӣ, яъне ҳамроҳ бо таъаққул ва муқоиса ва тавзеҳи торих ва таъкид бар ахлоқ ва мудоро, омӯзиш бидиҳанд то дар зеҳни насли оянда дин ба сурати хурофа ва ъақоиди мунҷамид зоҳир нашавад. Ноошноӣ бо торихи дин ва беитилоъотӣ аз ин ки шариъат дар асл чист, боъис шуда ки дар чашми ҷавонон, мазҳабаҳои маҳаллӣ соҳиби обрӯ ва эътибори мутлақ бошанд ва ҷавонон дар баробари ъақоиди шахсии онҳо, ки дар бисёре маворид омехтае аз фарҳанги мардсолор ва хурофоти маҳаллист, зудбовар ва “балегӯ” ва бе дифоъву мутеъ шудаанд. Бинобар ин, мешавад гуфт дар ҳоли ҳозир омӯзиш дар мавриди дин мутаваллии дурусте надорад ва манобеъи омӯзиши динии ҷавонон муллозои хурофӣ ҳастанд. Натиҷа пешопеш равшан аст.

Аз сӯи дигар муъалимони мактабҳо ҳам он обрӯ ва эътиборе, ки дар замони шӯравӣ доштанд аз даст додаанд. Эътибори онҳо даврони шӯравӣ аз он буд ки намояндаи сиёсат ва давлати қудратманд буданд. Ҳол муъаллимон намояндаи давлатҳои кӯчак ва навпое ҳастанд ки ҳатто тавони пардохти ҳуқуқи моҳонаи муъаллимонро надорад ва дастомузди муъаллимон он қадар ночиз аст, ки маҷбур мешавад дар тобистонҳо ва даврони таътили мактаб, барои касби даромади бештаре ба кори хариду фурӯш ва ё корҳои коргарӣ рӯй биоварад. Сатҳи пойини зиндагии муъаллимон яке аз далоили коҳиши ъалоҷаи насли ҷавон ба дарс ва дониш шудааст. Обрӯе ки муллои маҳал дорад ва даромаде ки мулло аз тариқи дарёфти дастмузд дар баробари хондани дуъо ва ширкат дар маросими издивоҷ ва зиёратгоҳҳо  ба даст меорад, ба маротиб бештар аз даромади моҳонаи муъаллимон аст, ки дастнигари давлати заъифи худ ҳастанд.

Набуди гуфтугӯ миёни давлат ва ҷавонони ҷомеъа

Давлатҳо бо навъи нигохе, ки ба амнияти кишвар доранд, чавононро аз баргузории барномаҳои ҷавонписанд ва маъмулӣ низ маҳрум мекунанд. Шояд ҷавонон ба ҳар гуна аъмоли мамнуъа даст мезананд то эътирози худро аз ин даст тасмимҳои давлат баён кунанд.

Фазое вучуд надорад, ки номанигории самимӣ ва барномаи мушахасси моҳона ё солона байни мақомот ва адибону райисҷумҳур бошад. Дидорҳои муносибатӣ маҳалле барои барқарории диолог байни давлат ва ҷавонон нест. Ҷавонон бояд битавонанд бидуни таср ва роҳат ҳарфу орзу ва норасоиҳои худро ба давлатдорони худ бинависанд, бигӯянд ва ин бояд ба таври сохторӣ ва мудом ва пайваста бошад. Вақте муллои ҷомеъа ҳамеша ва ҳама ҷо дар дастрас аст, мақомоти маҳал бозиро бохтаанд, агар дарҳояшон ба он минвол боз набошад ба рӯи ҷавонон.

Алвидоъ ҳамкилосӣ, то дидор дар ҷомеъа

Ҳол марҳалаи сукути ин ҷавонон аст ва марҳалаи пайрафии кӯр кӯрона, аммо ъулгӯҳои дигар кишварҳо нишон дода ки марҳала гузарост ва давлат бояд барои ҳамагуна мавқеъ дар канори ҷавонон бошад на дар муқобили онҳо. Бидуни машварат ва яксӯя гирифтани тасмимҳое, ки рӯзгори ҷавононро тангтар ва хастакунандатар мекунад, ғалати фоҳиши раҳбарони ин минтақа аст.

Масалан, онҳо дигар иҷоза надоранд маросими худоҳофизӣ аз ҳамкилосон худро баргузор кунанд, ки аз даврони шӯравӣ ба ъунвони маросими муҳимми иҷтимоъӣ ҷо афтода буд. Баста будани роҳи гуфтугӯи ҷавонон бо давлат ва ё мақомот ва эътироз ба тасмимҳои давлатӣ боъиси ронда шудани онҳо ба сӯи мухолифони давлат шуда аст, ки дар бештари маворид гуруҳҳои исломӣ ҳастанд. Чун онҳо низ аз муътаризони шадиди ин давлатҳои навпо ҳастанд. Аммо паноҳ бурдан ба ъдолати осмонӣ ҷавононро ҳарфгӯшкун карда ва бидуни чуну чаро аз намояндагони худо дар замин ва дар маҳаллҳояшон пайравӣ мекунанд.

Фосила афтодан миёни ҷавонон ва бардошта шудани вобастагии онҳо ба ҷомеъае, ки масалан дунявӣ ва демукротик бошад, ҷилӯи онҳо танҳо як гузина мегузорад, ки он ҳам исломи ба ривояти муллоҳои махҳаллӣ аст.

Ҳамзамон, саркӯби шадиди дигар адёни маҳаллӣ, масалан, Зартуштӣ ва ё масеҳӣ, ва аз байн рафтани ҷараёнҳои суфӣ дар минтақа, гароишҳои мусолиматҷуйи исломро тазъиф карда ва онҳо қудрат ва эътибори худро дар баробари исломи суннии ифротӣ аз даст додаанд. Исломи суннии ифротӣ ки замоне зерзаминӣ буд, дигар зерзаминӣ ҳам нест ва ба кулли намояндаи исломи вокеъӣ шинохта мешавад, дар ҳоле ки намояндагони ин адён аз кишвар ё ронда шудаанд ё ба муҳоҷирати ихтиёрӣ тан додаанд. Дар ин шароит, гурӯҳи ъазими равшанфикрон ва мағзҳои мутафакири ҷомеъа, иртиботи худро бо мардуми ъоддӣ ва расонаҳо аз даст додаанд ва ҷавонон, танҳо ва дар маърази мағзшуйи масҷидҳо ва масҷиднишининон қарор гирифтаанд.

Вақте пешвои ҷомеъа на равшанфикр балки муллост

Дурии ҷавонон аз ҳамдигар ва қатъи робита пас аз хатми мактаб ва ҷудо шудани сохтории духтарон ва писарони ҷавон онҳоро ба ғуломҳои ҳалфабаргӯши расмҳои роиҷи маҳҳаллӣ, мисли издивоҷи иҷборӣ ва бале гуфтан ба ҳар он чи бузургтар гуфт, табдил кардааст ва қудрати таҳлилро аз онҳо гирифтааст. То ҷавонон ҳаққи тафаккури мустақил ва интихоби фардии худро ба даст наоранд, дар маърази суистифодаи гурӯҳҳои баднияти ифротӣ боқӣ мемонанд.

Яке аз эродхои сохторӣ дар ҷомеъаи Осиёи Миёна, ба хусус миёни ҷавонон, пазириши суханони пешвоҳои маҳаллӣ бидуни пурсиш ва шак аст; ва исломи зерзаминии даврони шӯравӣ решаи ин ишколро дар наслҳои зери сӣ сол қавитар кардааст, чун дониши мазҳабии худро аз наздикон ва падару модароне мегиранд, ки ъақида ва орзӯи таҷрубаи исломро доштанд, аммо дар даврони шӯравӣ ислом мамнӯъ ва бадном буд.

Исломе ормонӣ, ки дар зеҳни мардуми Осиёи Миёна ҳак шудааст, дар ҳеч китоби мазҳабӣ навишта нашудааст, балки бар асоси қиссаҳои шунида аз бобокалонҳост, ки ба ғайр аз тақвияти фарҳанги падарсолор суде надорад. Ва бадтар аз ин қудрати шакку зери суол бурдани ҳарфҳои бузургтарҳои хонводаро аз мухотабон мегирад. Боварҳое мисли “падар розӣ худо розӣ”, “биҳишт зери пойи модарон аст”, “бидуни ризоъияти шавҳар ба биҳишт роҳе нест” ва амсоли ин, боъис мешавад ки ҷавонони мо бо ин навъи боварҳо вориди зиндагонии муштарак шаванд ва ҳам ъарӯс ва ҳам домоди ҷавон ҳаққи сухан гуфтан ва назар додан дар ъумури хонводаро надошта бошанд ва танҳо дар хидмати падару модар ва падарбузургу модарбузург ва падаршавҳару модаршавҳар бошанд.

Дониш, фард ва нишони одамият

Шакку пурсиш буда, ки башар мутаҳаввил шуда ва агар ин сифатро аз даст бидиҳад пешрафтро низ аз даст хоҳад дод ва пайрави сархам ва бе садое хоҳад шуд. Онгуна ки бархе аз ҷавонони Осиёи Миёна дар тасмимҳои худ буруз додаанд ва аз рӯи ҷаҳлу нофаҳмӣ ба гурӯҳҳои афротӣ ҳамроҳӣ карданд ва вақте пушаймон шуданд, ки дар маркази доғи ҷиноятҳое  ба номи худо ва дар марзҳои Ироқу Сурия қарор доштанд.

Надоштани расонаҳои озод ва хабаррасонии яктарафа дар сӣ соли гузашта дар ин кишварҳо натиҷааш ин буда ки кам иттилоъ ва ҳамчунон қонеъ ва шукргузор боқӣ мондаанд, чун мудом аз саҳнаҳои ҷанги кишварҳои дигар барояшон пахш мешавад, бидуни ин ки равшан бошад ки ҷанг бар сари чист ва доъишӣ кисту сунниву шиъа чист ва чи фарқе дорад?

Мазҳабе ки бар пояи тахаюл ва боварҳои бидуни омӯзиш дар мардуми Осиёи Миёна рушд карда, ҳамчунон далели дар маърази суистифодаи гуруххои ифротӣ боқӣ мондани даҳҳо нафари дигар хоҳад шуд, то ин ишколи бузург дар сохтори омӯзиши ин кишварҳо ислоҳ шавад ва ҷавонон соҳиби қудрати таҳлил ва дорои дониши кофӣ ва барӯз бишаванд.

Қурон дар нақши меваи мамнуъа

Мамнуъ будани Қурон, он китобро ба манбаъи дониши мутлақ табдил карда ва ҳар кас ҳар чи аз Қурон даровард ва ҳатто аз Қурон набошад низ, касе бо он мухолифат намекунад. Маҳдуд кардани дин ва ё китоби динӣ ҷавононро бештар кунҷков карда ба ислом ва пайравӣ аз мулло барояшон муди ҷадид аст, ки бидуни чолиш дунболаравӣ мекунанд. Мусалмон будан навъе эътироз ба давлат ва сиёсатҳои ғалати давлат шуда барои ин ҷавонон ки давлат барои рушд ва ояндаи беҳтари онҳо барномаи дақиқ надорад.

Бастани роҳҳои омӯзиши мазҳабӣ дар дохили кишвар, қудрат ва эътибори аз ҳад зиёд ба мазҳабиёни маҳаллӣ ва ҳомиёни хориҷии қироатҳои ифротӣ додааст. Ин ривоят аз мазҳаб баръакс, барои эҷоди тафриҷа байни ҷавонон ва мудернита ва ғарб истифода мешавад. Баъид нест то чанд даҳаи дигар ҷавонони Осиёи Миёна дигар пӯшидани шалворҳои тавлиди Урупо, мисли ҷинро ҳам ҳаром бидонанд. Ин муди ҷадид низ натиҷаи қонунҳои давлатҳои маҳаллӣ бар сари чи пӯшидан ва напӯшидани ҷавонон хоҳад буд.

Зоҳирсозӣ ва бозӣ бо либоси мардум

Дар бисёре аз кишварҳои Осиёи Миёна пӯшиши миллӣ он чунон иҷборист, ки пӯшиши исломӣ барояшон ҷаззоб ва сексӣ ба назар мерасад! Касе дӯст надорад либоси иҷборӣ бар тан кунад. Чи он пӯшиш исломӣ бошад чи урупоӣ ва чи миллӣ. Аз либоси атлас, ба ъунвони либоси якдасти миллӣ истифода мешавад, вале ин мавзӯъи атласро ба юниформи ҷадид ва хастакунанда табдил мекунад ва монтуи якранг ё дигар пӯшишҳои исломӣ, чун мамнӯъ ҳастанд, тарафдорони бештару бештар пайдо хоҳанд кард. Баёни эътирози мардуме, ки забони баён надорад, дар пӯшиш ва шеваи зиндагонии рӯзмарра аст, ки эҳсоси худро аз он тариқ бурӯз медиҳанд.

Дар даврони шӯравӣ бисёре аз мусалмонон аз ворид кардани мизи баланд ва сандалӣ ва эҷоди китобхона дар манзилҳои худ худдорӣ мекарданд, чун онро ғарбӣ ва кофирӣ медонистанд. Ҳол низ ҳатто манзили ҳамаи равшанфикрон низ китобхона вуҷуд надорад ё мизу сандалӣ барои мутолеъа нест. Ин аст ки решаи мазҳабе, ки дар Осиёи Миёна шакл гирифтааст, ҳеч намунае дар ҷаҳони берун надорад, чун поя бар ҳеч хониши якдаст ва ясоне аз ислом надорад, балки роҳи муқобила бо давлат аст ва ноъадолатии сиёсатҳои рӯз, чи дар даврони шӯравӣ ва чи дар ҳоли ҳозир.

Ин аст ки ҷавонони Осиёи Миёна дар маҳдудаи исломе хиёли ба бор меоянд ва ба ҷаҳони саршор аз чизҳои ноошно равона мешаванд ва шикорчиёни огоҳ аз ин мавзӯъ пушти дар, дар марзҳои Русия, бо забони русӣ ва маҳаллии худи ҷавонон онҳоро ба коми ҷангҳои Ховари Миёна мекашонанд.

Ҳаққи шодӣ ва фалсафаи зистан

Ҳар хондоне ки фарзандони худро дар чунин шароит тавониста ба сӯи шодӣ ва лаззат аз ҷавонӣ ва бо орзуҳои бузурги фардӣ ба бор оварад, ҳам кумак карда то табақаи мутавассити аз байн рафта дар ин мантақаро бозсозӣ кунад ва ҳам аз гумроҳ шудани фарзандони худ ва омехтани онҳо бо гурӯҳҳои ифротӣ ҷилӯгирӣ кардааст. Дар ъайни ҳол танҳо роҳе, ки бисёре аз хонводаҳои фаҳмида ва равшанфикр пеш гирифтаанд ин аст: ташвиқи ҷавонон ба доштани идея ва орзуҳои бузург ва эътимод ба тавони худ дар сохтани ояндаи беҳтар, бидуни интизор аз давлат ва дигар қудратҳо. Зебо ва ҷаззоб сохтани ҳастӣ ва аз даст надодани фурсатҳои ҷавонӣ бояд дар барномаҳои ҳамаи ин давлатҳо низ ҷо дошта бошад ва агар бихоҳанд гароишҳои ифротӣ дар ҷавонони худро маҳор кунанд.

Барномаҳои таквияти эътимод ба нафси фардии ҷавонон дар ин кишварҳо вуҷуд надорад ва агар бошад заъиф ва кӯчак аст ва милливу фарогир нашудааст. Мусобиқоти варзишӣ танҳо барномаи муваффақи ин давлатҳост. Дар дигар заминаҳо, барои мисол, мусобиқоти адабӣ, ҳунарӣ, тафреҳии дигар ҳар он чи дар даврони шӯравӣ буда аз байн рафта ва ҷойгузин пайдо накардааст. Ин гуна аст, ки танҳо тафреҳгоҳи ҷавонон ки боъиси расидан ба эътибор ва иззате дар чашми дигарон бишаванд, масҷиду хондани намоз аст. Он ҳам пинҳон аз чашми давлате, ки ба истилоҳ демукротик ва дунёйист ва райисҷумҳуронаш барои рӯзи мабодои оянда, соле як бор ба ҳаҷ низ мераванд.

Шаҳзодаи Самарқандӣ,

ّРодию Замона

Ҳулланд

با خط فارسی قبلا در اینجا منتشر شده است

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *