… он вақт нависандае дардолуду обистан хоҳед шуд, ки дилаш сандуқчаи зарнигори маъниҳои тару тоза аст

Дар хиҷолатам, ки ин ҷо менависам, ба ҷои он ки ба так таки саволҳои Шумо азизоне, ки бароям менависед ва савол тарҳ мекунед, ҳамон ҷо пои пайғомгири Фейсбук ё Инстограм, бо овардани так таки исми зебо ва баргардондани муҳаббатҳои шумо азизон посух диҳам, шармсорона ҳамаро якҷо инҷо менависам.

Мушкил замон аст ва бо кори рӯзонаи панҷрӯз дар ҳафта, намерасам ба корҳое ки дӯст дорам ва алоқа дорам бештар замон бугзорам, ки посух додан ба муҳаббатҳои так таки Шумо яке аз ин корҳост бароям. Посух додан ба ҳусни ниятҳои Шумо азизон, ки аз сартосари ватани парешон ва ҳиҷрати бениҳоят густарда менависед ва аз танҳоӣ ва мушкилоти худ мегӯед.

Бовар мекунед, ман низ яке аз Шумо ҳастам ва тақрибан ҳамаи мушкилотеро ки матраҳ мекунед, дорам. Шояд ҳам каме бештар ё шояд ҳам каме камтар. Аммо он чи маро сари по ва ҳамвора аввали рӯз аз ҷойхобам берун мекашад, эҳсоси масъулият аст. Аввал аз хонавода ва баъдан аз ҳамнаслон ва бо мурури замон аз хонандагон бар души худам гузоштаам ва талош мекунам, то ҳадде ки тавонам ва саломатам иҷоза медиҳад, дар ҷустуҷӯи беҳбудии вазъи ҷомеъа ва расидан ба оромиши дарунии бештари атрофиёнам ва мардуми сарзаминам фикр ва талош кунам. Ва хушҳолам, ки насли ҷавонтар аз насли ман низ, дар ҳамин роҳу дар ҳамин андешаҳостанд. Боъиси хушҳолии ман аст, ки ҳамвора аз ман мепурсед, чи гуна ба коре даст ёбам ва ё чи гуна фалон орзуи худро ъамалӣ кунам? Ин роҳест, ки инсонҳои зиёд ва кушо мераванд ва мерасанд ба ҳар чи меҷӯянд. Роҳе ба сӯи расидан ба орзуҳо. Кош битавонам раҳнамое хуб бошам…

Яке аз бештарин саволҳое ки аз ман мепурсед ин аст, ки “Чи гуна ба Урупо сафар кунам ва ё дарс хонем ё коре пайдо кунам?” Сафар хуб аст ва ман ки худ дар дурӣ аз Ватан, дар Урупо ба сар мебарам, наметавонам ҳукм содир кунам, ки дар Ватан бимонед ё Ватанро тарк кунед ва ё чи гуна ин корро анҷом диҳед. Ин тасмими фардӣ аст ва бояд ҳар фарде худ онро дар даруни худ ва дар тарозуи шароиту имконоти дар пеши рӯи худ ҳаллу фасл кунад. Дар ин мавзӯъ сокит мемонам. Чун намедонам рафтан хуб аст ё мондан дар Ватане, ки на ҳамаи имконҳоро дорад барои рушди фардии ҷавонони мо. Аммо рафтан ҳам як навъ мурдан аст. Дигар ҳузури физикии шумо дар ғаму шодиҳои атрофиёнатон нест ва маргу зодрӯзҳоро нестед дар канори азизонатон то набзи замонро тавре эҳсос кунед, ки онҳо мекунанд. Дар ҳубоби ҳиҷрат қарор гирифтан бахте надорад. Аммо мо инсонҳо дарахт нестем, ки ҳамонҷо ки нутфаи мо афтод реша кунем ва таконе нахурем. Башар агар суръати бодро надошта бошад ҳам, дар тӯли торихи рушти худ тамоми курраи Заминро гаштааст ва шояд на як бору ду бор. Мо чун насими саҳар озодем, ва дар сукунат ҳатто об низ бӯ мегирад. Ҷараёни андеша ва тафаккури худро пӯё бояд нигаҳ дорем, бо пой рафтан чизест ва бо зеҳн рафтан чизи дигар. Аммо ҳар ду тозагӣ хоҳад овард. Тоза бояд буд. Чи ниёз ки мо то он сӯи уқёнус худро бирасонем ва бо ҳамон шеваи шаҳри қадими худ зиндагии ҷадид созем. Беҳтар нест Ватани худро бозсозӣ кунем ва фазои беҳтаре барои ҳама? Аммо посухе надорам ба ин пурсиш, чун ин ҳитаи хусусии афрод аст, ки бимонанд ё бираванд. Ман аз рафтагон нестам. Ман шабу рӯзам онҷо бо мардумам, шумоён мегузарад. Андешаам онҷост, орзу ва хобҳои ширину кобусҳоям онҷост. Самарқанди дунафарае дар кучактарин кишвари Урупо бо ҳамсарам дуруст кардаам ва онҷо дар паҳнои торихи гузашта ва орзуи ояндаи беҳтар роҳи миёнае ва пайванде меҷӯям. Ин корро мешавад дар ҳар ҷое анҷом дод. Дар Ватан, дур аз Ватан. Интихоби ҳар кадом кори шахсии ҳар фард аст.

Аммо мехоҳам дар бораи саволи дигаре, ки аз ман бисёр мепурсед, посух диҳам. Бисёре аз ҷавонон, ҳам писар ва ҳам духтарони тоҷик аз Ӯзбекистон ва Тоҷикистони азиз мепурсанд: “чи кор кунам то мисли шумо нависанда бишавам?” Набояд орзу кард то мисли касе нависанда шуд. Ин иштибоҳро мо тоҷикон зиёд анҷом додаем ва тамоми нависандагони мо тақрибан ҳама мисли ҳам менависанд ва Баҳманёру Муҳаммадзамони Солеҳ аз маъдуд нависандагони мо ҳастанд, ки сабки хоси худро пайдо кардаанд. Шӯравӣ ба мо омӯхта ки шабеҳи касе бишавем, дар ҳоле ки мо инсонҳо бо вуҷуди шабоҳатҳои зиёде ки дорем, аз ҳам шадидан мутафовит ва ягона ҳастем. Он гуна ки хатҳои рӯи кафи дастони мо як шакл нест ва намунаи дигаре дар тамоми дунё надорад ва танҳо аз они мост, андешаҳои мо низ гоҳе ба ҳамин минвол ягона ва мутафовитанд; ташхис додани он андешаҳои так маҳорат ва дониш мехоҳад ва мо чаро он андешаи ноби худро ба шеваи шабеҳи касе ба қалам биёрем? Пас “нависандае шабеҳи ҳес кас бояд буд”.

Посухам ба ин ки: “Чи гуна нависанда бишавам?” ин аст: Бояд хонд. Китоби зиёде бояд хонд ва бо забоне ки мехоҳед бо он бинависед.  Агар он забон форсист, пас бояд форсӣ бихонед. Агар забоне, ки ба он тасаллути бештар доред ва мехоҳед ба ҳар далеле бо забони русӣ бинависед, пас бояд бо забони русӣ ва китобҳоеро дар жанре ки мехоҳед бинависед, бихонед. Иштибоҳе ки бисёре ҷавонон мекунанд, ин аст ки бо забони русӣ китоб мехонанд ва аммо бо  забони дигар ба навиштан мепрдозанд. Аммо ин ба он маъно нест, ки мо китоб ба забонҳои дигареро нахонем. Хондани китоб ва он ҳам ба ҳар забоне, ки балад ҳастем танҳо ба суди мост ва забондонии мо вусъати ҷаҳонбинии моро густариш медиҳад. Аммо мутолиъаи зиёд бо ҳар забон тавоноии навиштани моро низ дар он забон вижа тақвият медиҳад, пас хондани ба забоне ки мехоҳем бинависем, роҳи моро ба сӯи нависандаи беҳтар будан наздиктар хоҳад кард.

Чи кор бояд кард вақте китоби зиёде дар дами дасти мо набошад? Ҳол ки ин навиштаро мехонед, пас ба китобҳои шабакаи интернет низ дастрасӣ доред. Дар ҷустуҷӯи Гугул дасти холӣ нахоҳед монд. Китоби зиёдест дар ин интернеткада. Метавонам чанд намунаро инҷо биоварам, аммо намехоҳам сабку равиши хоссеро ва салиқаи худамро ба шумо бор кунам. Ҳар фард бар асоси табъу сабку салиқаи худ китоб интихоб мекунад ва чи коғазӣ ё чи онлайн ва диҷитол онро мехонад. Ман тарҷеҳ медиҳам китоби коғазӣ бихонам. Бист дарсади ҳуқуқи моҳонаам ба харидани китоб меравад, ки корест тавсиянакарданӣ. Чун роҳҳои арзон ва беҳтар ҳол дар дастрас ҳаст. Аммо харидани китоб яке аз эътиёдҳои рӯзгори ман аст ва ба қавли Фурӯғ “баҳонаи кучаки хушбахти”и ман. Шояд чунин имконе барои шумо фароҳам набошад, агар ҳаст, истифода кунед, лаззат бибаред, чун вожа низ чун уксижен барои шоъиру нависанда воҷибтаринанд. Вожаҳои ҷадид луқмаҳои ҷони мо ҳастанд.

Содда навиштанро тавсеъа мекунам, чун кори донишмандонаест, ки ҳарфе барои задан доранд. Ният аз нависандагӣ вожафурӯшӣ набояд бошад, балки ибрози андеша ва кашфи ҳарчанд кучаку рез, аммо тоза бояд бошад. Барои ба даст овардани як андешаи нозук саҳроҳои баланду бепоёни вожаҳоро бояд рафт ва дар танҳоӣ қадам зад ва дастагуле аз хирмани ҳастӣ чид. Агар дасту бағали мо аз вожаву кашфҳои ҷадиди рӯҳу равони башарӣ пур бошад, чун зани обистан худ эҳсос хоҳем кард, ки вақти зойидан расида ва аз дарди навиштан хобу хурд аз даст хоҳем дод. То он баччаи ҷадид аз тани мо ҷудо нашавад, оромиш нахоҳем дошт. Агар дар худ чунин ҳолатеро эҳсос кардед, пас хуҷаста бод! Нависанда шудаед.

Нависандагӣ ниёзи дарунист. Дуруст аст, ки орзуст ва ният аст дар аввал, аммо то ба шакли беморгуна нишонаҳои дарди навиштанро надошта бошем, ҳануз пас бояд мутолеъа кунем. Варақи сафед сиёҳ кардан, ниёзи мо нест. Ниёзи мо пайдо кардани рози гули сурхи даруни худи мост. Ва мо як хӯша аз хирмани башар ҳастем. Агар худро кашф кардем, башариятро низ кашф кардаем.

Ишқ варзед, вожа нӯшед, вожа бӯ кунед, то обистан бишавед. Обистан, ки шудед, ниёз ба касе нест. Мисли зани дар ҳоли зо, чанг мезанед ба сурати атрофиёнатон ки ба қавли Сӯҳроб “хилвати шуморо нашкананд” ва дар он гушаи танҳоӣ лаззати нӯши ҷонбахш ва адабибахши навиштанро таҷруба хоҳед кард. Ва аз он пас танҳо барои худ хоҳед навишт аз даруни нопайдои худ, ва он ҳангом навиштаи шумо ба дилҳои дигарон низ хоҳад нишаст.

Нависандагӣ то замоне, ки ният ва орзуи шумост, мутолеъа кунед, то замоне, ки ба ниёзи дарунии шумо табдил бишавад. Он вақт фирор аз ниёзи дарунӣ нахоҳед дошт ва нависандае дардолуду обистан хоҳед шуд, ки дилаш сандуқчаи зарнигори маъниҳои тару тоза аст.

Умед дорам, ки ба саволи шумо азизон каме низ бошад посух дода тавониста бошам.

Бо эҳтиром,
Шаҳзода

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *