Дархости форсизабонони Ӯзбекистон аз дидори раҳбарон дар баҳори 2018

Баҳори тоҷикони Ӯзбекистон шурӯъ шуда ва аввалин ғунчаҳои худро боз кардааст. Тоҷикони ин сарзамин бо ашку нобоварӣ аз дарду дархостҳои худ сӯҳбат мекунанд ва форсизабонони кишварҳои хамсоя ба ин таҳаввулоти дерпои тоҷикони Ӯзбекистон таҳсину дурудҳо мефиристанд. Ин баҳори тоҷик ба ҳамаи мо тоҷикони ҷахон муборак бод!
Пайғомҳои беш аз сад ҳамҳабонони мо ки ба суроғаи ман фиристодаанд ҳама пур аз паёми шодӣ аст ва бояд умед дошта бошем, ки рӯзе мерасад ҳамаи тоҷикон бо хатти ниёкони худ хоҳанд навишт ва хоҳанд хонд. Мо роҳи дарозе дар пеш дорем. Қадам ба қадам ҳамаи қуллаҳои забони модарии худро дубора фатҳ хоҳем кард ва дар адабиёти муъосири форсӣ дубора исми мо дар садри саффҳо хоҳад буд!

Хабарҳои хуш пуштисари ҳам мерасад ва аз шодӣ ҳамаи нерӯ гирифтаем ва мутмайинам ҳама даҳ баробар аз қабл қалам ба даст шудаед ва хун дар рагҳои ҳамаи шумо азизон дубора ҷӯш задааст!

Дархости тоҷикони Ӯзбекистон аз мақомот

Аз баҳори соли 2018 умед дорем! Умеди зиёд! Ду раҳбари кишвари ҳамсояи Тоҷикистон ва ӯзбекистон қарор аст, ки дидор дошта бошанд дар Душанбеи азиз ва масоили шаҳрвандони ин ду кишварро баррасӣ кунанд.

Умед дорем, ки ин дидор бидуни ҳеч дахолат ва саддироҳи душманони озодӣ ва дӯстии ин ду кишвар баргузор бишавад. Умед дорем, ки ниёзи тоҷиконро дар марҳалаи аввал баррасӣ хоҳанд кард, яун дар ин си соли гузашта бештарин зулму таъадии ба онҳо ворид шуда. Умед дорем, ки дарҳои марказҳои фарҳангиро, китобҳоро, расонаҳоро ба рӯи ҷавонони ин ду кишвар боз хоҳанд кард, то ин қадар ҷавонони мо аз бекорӣ ва бекитобиву бесаводӣ ба исломгароёни ифротӣ васл нашаванд! Бояд дарҳои саргармӣ ва иттилоъоти мудрену байналмиллалиро ба рӯи ин ҷавонони ташна боз кунанд, то ин қадар аз Сурия ва Туркиву Арабистон сардарнаёранд!

Пешниҳоди тоҷикони Ӯзбекистонро так-так гирд овардаам. ҳар кадом дар сӯҳбатҳои ҷудогона хостаҳои худро баён карданд ва ман мактуб кардам. Талош кардам чизе аз қалам наафтад. Агар афтода изофа кунед. Инҷо метавонед бихонед ва ҳар кадом ба навбаи хуб барои анҷом шудани ин орзӯ ва ниёзи миллатро бароварда кунем:

-бардоштани виза ё раводиди сафар ба кишвари ҳамзабони Тоҷикистон
– ба унвони забони расмии дуввуми кишвар эълом шудани забони форсии тоҷикӣ
-роҳандозии мактабҳои басташуда
-боз кардани маҷаллаи форсии тоҷикии ҷумҳуриявӣ
-форсии тоҷикӣ шудани яке аз даҳ шабакаи телвизионии Ӯзбекистон
-баргузории ҳамоишҳои саросарӣ дар ҳамаи шаҳрҳои тоҷикнишин
-баргузории ҳамоишҳои фарҳангӣ бо ҳамзабонони дигар
-баргузории ҳамапурсии саросарӣ байни устодони донишгоҳҳои тоҷик ва омӯзгорон ва зиёиёни мактабҳо ва баррасии мушкилоти маҳаллаҳои тоҷикнишин ва расидагӣ ба ниёзҳои онҳо аз тариқи марказҳои фарҳангӣ ва созмонҳои давлатӣ
-осон шудани интиқоли китобҳои форсии тоҷикӣ аз Тоҷикистон аз роҳҳои заминӣ ва гумрукӣ ва аз постхонаҳои давлатӣ бо ҳазинаи пойинтар нисбат ба колоҳои дигар
-ҷудо кардани будҷаи давлатӣ барои тавлид ва интишори китобҳои дарсӣ ва омӯзишӣ
-табодули китоб байни тоҷикон ва ӯзбекони ду кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон
-тақвияти марказҳои фарҳангии тоҷикон дар шаҳрҳои тоҷикнишин
-интихоби райисони кордону дилсузи миллат дар марокизи фарҳангии тоҷик
-боз кардани бахши форсии тоҷикӣ дар иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон
-афзоиши теъдоди нависандагони тоҷики Ӯзбекистонӣ дар иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон
-бозгардондани пайкараҳои Рӯдакӣ ва Ҷомиву Навоӣ ва муъарифии улгӯҳои ҷадиди фарҳангӣ ва торихӣ то ҷавонон ба онҳо бингаранд ва ба фарҳангу торихи худ рӯ оранд
-бузургдошт аз устодони донишгоҳ ва донишмандони тоҷик ки саҳми арзанда дар иртиқои ҷомеъа ва фарҳанги худ доштаанд
-сафед кардани номҳои чеҳраҳои фарҳангии тоҷик, ки беҳуда бадном ва мамнӯъ аз сӯҳбат дар расонаҳо шуданд ва бекор ва хонашин шудаанд
-баргузории бузургдошти сазовор аз Садриддин Айнӣ дар 27 моҳи апрел ба муносибати солгарди 140-умини ин чеҳраи муҳимми тоҷик дар ҳамаи шаҳрҳои тоҷикнишин ва ба вежа дар Бухоро, зодгоҳи устод Айнӣ, ба вижа Соктаре абгору хароб аст ва ниёзманди тармими муфассал аст
– боз шудани мактаби форсии тоҷикӣ ба номи Садриддини Айнӣ дар шаҳри Бухоро
-бознашри ҳамаи осори Садриддин Айнӣ ба ду забон, ҳам забонҳои форсии тоҷикӣ ва ҳам ӯзбекӣ ва эҳё кардани маркази Айнӣ дар Бухоро
-иҷозаи номгузории суннатӣ бидуни “ова” ва “ов” и русӣ
-таъсис ва фаъол кардани интишороти форсии тоҷикӣ дар шаҳрҳои тоҷикнишин
-бардоштани настарификатсия-тадбиқсозии мадракҳои донишгоҳҳои Тоҷикистон
-тарбияти омӯзгорони тоҷик дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ва боло бурдани дониш ва маҳорати устодони донишгоҳҳо ва омӯзгорони мактабҳои тоҷикӣ
-баргузории мусобиқаҳои достонҳои кӯтоҳ, румон ва шеър дар сатҳи шаҳрӣ ва ҷумҳурӣ
-боло бурдани сифати чопи китоб ва афзоиши китобҳои форсии тоҷикӣ
-додани гузарнома (паспорт) ва мақоми шаҳрвандӣ ба тоҷиконе, ки солҳо бемадрак сарсонанд.

  • Ду раҳбари кишвари ҳамсояи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарор аст, ки дар моҳи апрели ин сол дидор дошта бошанд дар Душанбеи азиз ва масоили шаҳрвандони ин ду кишварро баррасӣ кунанд.

    Умед дорем, ки ин дидор ба хубиву босамар баргузор бишавад ва ниёзи тоҷиконро дар марҳалаи аввал баррасӣ хоҳанд кард. Дар ин сӣ соли гузашта бештарин зулму таъадӣ ба тоҷикон ворид шудаст. Умед дорем, ки дар ин дидор мушкилоти муҳимми мардум дар марҳалаи аввал ҳаллу баррасӣ хоҳад шуд ва дарҳои марказҳои фарҳангиро, китобҳоро, расонаҳоро ба рӯи ҷавонони ин ду кишвар боз хоҳанд кард, то ин қадар ҷавонони мо аз бекорӣ ва бекитобиву бесаводӣ ба исломгароёни ифротӣ васл нашаванд! Бояд дарҳои саргармӣ ва иттилоъоти замонавӣ байналмиллалиро ба рӯи ин ҷавонони ташна боз кунанд, то ин қадар аз Сурия ва Туркияву Арабистон сардарнаёранд!

    Умед дорем, ки онҳое, ки бегуноҳ дар зиндонҳо мунтазири авфи умумӣ ҳастанд, ба зудӣ озод бишаванд ва роҳи расонаҳои ҳамаи миллатҳои Ӯзбекистон боз шавад ва озодии баён дигар ҳеч вақт муҷозот надошта бошад! Озодии сиёсӣ ва озодии ақида ҳам дар кишвари азизи Ӯзбекистон ва ҳам дар кишвари азизи Тоҷикистон дар ин баҳори дар пеши рӯ фароҳам бишавад. Агар чунин бишавад, бешак ин аввалин бор хоҳад буд, ки раисҷумҳурони кишварҳои истибдодзада боъиси ислоҳот ва инқилоби сиёсиву фарҳангӣ мешаванд. Расонаҳо одат доранд, ки ин гуна таҳаввулот аз ҷониби равшанфикрон ё мухолифони кишваре анҷом бигирад, аммо мухолифони мо исломгароёни ифротӣ ҳастанд ва равшанфикрони мо сарду парешон ва бояд аз ин раванде, ки бо зимомдории Шавкат Мирзиёев шурӯъ шудааст, дастгирӣ кунем ва мардумро дар амал ба озодии ҳақиқӣ ва воқеъӣ бирасонем, вагарна нафасҳои охиринро мекашад Бухоро, Фарғона, Термиз, Китоб, Шаҳрисабз ва дигар шаҳрҳои дурафтодаи тоҷикнишини кишвар.

    Ҳама медонанд, ки беэътимодӣ, озурдагиҳо ва хотираҳои бад дили бисёреҳоро пур аз тардид кардааст ва барояшон осон нест, ки ҳамаро ба якбор фаромӯш кунанд. Аммо биеёд, ҳаракат кунем то баракати ин баҳор муяссар бишавад. Биёед муттаҳид бишавем ва якдилу якдаст барои некӣ, барои забони модарӣ ва фарҳанги ниёгон худ беғараз хидмат кунем! Умед дорам, ки муваффақ хоҳем шуд. Баҳори бобарор бод баҳори 2018, ки баҳори торихии минтақаи Осиёи Миёна хоҳад шуд. Умед дорем, ки замони ба додгоҳ кашидани муҷримони сиёсӣ ҳам хоҳад расид ва барои зулмҳои кардаи худ дар назди миллат посухгӯ хоҳанд шуд. Пӯлодро дар вақте доғ аст шакл бидиҳем ва нагзорем ин баҳор талаф бишавад.

    Дар баҳори тоҷик ки нарм нармак расидааст, шарик бошед, саҳим бошед ва нагзоред ин ғунча ки дер интизораш будем дубора пажмурда бишавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *