Аслиддин Қамарзода: “Дар Бухоро танҳо як мактаб мондааст”

(Баргардонанда Мужгон Азгулнор, чомеъашинос ва фаъоли фарҳангӣ)

Асллиддин Қамарзода, шоъир ва нависандаи самарқандӣ, аз рузноманигорон ва устодони аршади донишгоҳ, ки дар аввалин ҳамоиши саросарии тоҷикон дар шаҳри Тошканд ширкат доштанд, барои аввалин бор пас аз ин ҳамоиш бо родию Замона гуфтугӯ кард:

 Оғои Қамарзода, мешавад лутф кунед ба мо бигуед, ки ин ҳамоиш чи тавр баргузор шуд ва дар он форсизабонони Ӯзбекистон дар ҳошияи шеърхонӣ дар мавзӯъи дӯстӣ чи чизҳоро матраҳ карданд?
– Ин ҳамоиш ба шарафи, ба муносибати дар Узбакистон аз нав сурат гирифтани маркази тоҷикону тоҷикзабонони Ӯзбакистон сурат гирифт. Ва ин ҳамоиш ҳам чун шаби суруду шеъру таронаи тоҷикӣ ба вуқуъ пайваст. Дар ин ҳамоиш аз сухангӯёну сухансароёни тоҷики Узбекистон зиёдтар аз сад нафар ширкат доштанд. Аз ҳавзаҳои адабии Самарқанд, Сурхондарё, водии Фарғона ва шаҳри Тошканд вадигар ҷойҳо. Дар инҷо шеърхонӣ карданд, сурудхонӣ карданд. Инҷо буданд, шоъироне, ки ба забони тоҷикӣ шеър меофаранд, суруд мегӯянд ва ҳамоиши бисёр хубе ҳам ба вуқӯъ пайваст. Дар ин ҳамоиш, ки онро шоъири дузабона, Ҷаъфари Муҳаммад сарварӣ кард ва шоъирони зиёде шеърҳои худро гуфтанд, суруду таронаҳо суруданд. Аз вазъи имрӯзаи адабиёту санъате ки ба забони тоҷикӣ дар Узбекистон офарида мешавад, сухан гуфтанд.

– Яке аз масоиле, ки матраҳ шуд дар ин ҳамоиш фаъол шудани бахши форсии-тоҷикии дар иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон буд. Мешавад ба мо бигуед, ки чаро то ҳол ин бахш фаъол набуда аст? Ва оё имкон дорад, ки ин бахш дубора фаъол бишавад?

– Офарин! Ин бахш соли 1989 бо ташабусси мо сар зада буд ва он вақт дар ҳузури иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон – 29 тан аз шоъиру нависандагоне, ки дар Ӯзбекистон эҷод мекарданд – мо муттаҳид шуда будем. Онҷо сарвари ин шӯъба, шӯъбаи тоҷикӣ дар назди иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон шоъири шодравон Ҷонибек Қувноқ тайин шуд ва банда муовини ӯ будам. Мутаасифона, аз солҳои 93 ба баъд ин бахш сарозер рафт ва аз байн нопадид шуд. Сабаб ин буд, ки воқеаҳои рух дода дар Тоҷикистон буд. Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва эътибор нисбат ба тоҷикони Узбекистон ҳам андаке кост. Ва ин бахш аз байн рафт. Лекин шоъирону нависандагони порсигуй, ба забони тоҷикӣ эҷодкунандагони зиёде буданд, ки эҷод мекарданд. Аз соли 2000 инҷониб то имрӯз дар Ӯзбекистон зиёдтар аз 500 нафар шоъиру нависандагон соҳиби китоб шуданд. Бархе аз онҳо беш аз 10-15 китоб нашр кардаанд.

Аз ҷумла худи ман ҳам дар солҳи истиқлол зиёдтар аз 10 китоби бадеъӣ ва тарҷумаҳои бадеъӣӣ ва китобҳои ъилмӣ интишор кардаам, ки ҳоло ъадади китбҳои ман зиёда аз 50 аст. Лекин дар иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон аз тоҷикон танҳо ду се нафаре, ки дар Тошканд иқомат мекунанд, қабул шуданду, дигарон на. Мо борҳо муроҷиат кардем, ки дар назди иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон шӯрои ҷудогона ё як бахши адабиети тоҷик бояд созмон дода шавад. Ва ин бахш барои ҳамчун ривоҷу равнақи Ӯзбекистон ва адабиёти Ӯзбекистон дар солҳои истиқлол албатта сурат гирад, вусъат ёбад. Лекин то ҳол хомушӣ дар инҷо ҳукмфармост.

– Оғои Қамарзода шумо медонед, ки то ҳол дар иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон бархе аз шоъиру нависандагони Ӯзбекистониро дорем, ки узв шудаанд. Аммо ба чи далел тоҷикони форсинависони Ӯзбекистон дар ин иттиҳодияҳо нодида гирифта шудаанд. Фикр мекунед ки далели сиёсӣ дорад ё ин ки далели иқтисодӣ дорад, ки тоҷикони Ӯзбекисотн аз ҳар ду иттиҳодия дур мондаанд?

– Мо кӯшиш дорем, чуноне ки ман гуфтам дар солҳои 90 асри гузашта танҳо дар он иттиҳод Ҷонибек Қувноқ ба узвият қабул шуда буд ва аз Бухоро Аминҷон Шукуров ва яке боз дигар нафар қабул шуда буданд. Ва дар солҳои истиқлол 2-3 тан аз Тошканд қабул шуданд. Ба назарам Абдулло Субҳон ва Паймон. Онҳое ки дар иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон ҳастанд. Онҳо дар музофот будагонро ё чандон намешиносанд ё чандон эътироф намекунанд. Ба ҳар ҳол ба ҳаяти узвияти иттҳоди нависандагони Узбекисотн имруз шомили лоиқ ҳастанд ки зиедтар аз 20-30 нафар бояд ки қабул шаванд. Алон дар иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон мегӯянд, ки онҳое ки зиёдтар аз 60 сол син доранд ба узвият қабул карда намешаванд. Ва онҳое ки ҳоло ҷавонтар ҳастанд ба онҳо мугӯянд ки чандон соҳибкитоб нестанд, гарчанде ҳастанд, соҳибкитобони зиёде ҳастанд. Ва ба назари ман барои ба узвияти иттиҳодияи нависандагон қабул кардан синну сол чандон эътибор надорад дар ҳоли ҳозир. Чуноне ки дар замони шуравӣ ба ин масъала ҳеҷ хел эътибор набуд. Онҳое ки ҳатто 90 сол 80 сол доштанд ба узвият қабул мешуданд. Ва аз тарафи онҳое ки китоби хуб доранд, тарҷумаҳо доранд ё осорҳои ъилмӣ бадеъӣ доранд ва дар адабиёт ва адабиётшиносӣ фаҳме доранд, онҳо бояд ба ъузвият қабул шаванд. Ва аз он имтиёзҳое ки дар назди иттиҳодияи нависандагони ҳастанд истифода баранд.

Алъон ҳамаи мо китобҳои худро аз ҳисоби худ нашр мекунем. Ва на аз ҳисоби нашриётҳои давлатӣ. Фақат аз ҳисоби нашриётҳои тиҷоратӣ мо китобҳои худро чоп мекунем, паҳн мекунем. Ва албатта аз ҷониби умум этироф шуда истодааст. Дар бораи китобҳои мо дар хориҷа ҳам ҳарфҳои хуб мегӯянд. Дар китобҳои мо албатта дастовардҳои истиқлоли Ӯзбекистон, ободии ватан, озодии ватан, дӯстии халқҳо ва умуман масъалаҳое ки бидуни дахолат ба сиёсатҳои хориҷӣ дар мо. Ба ин масъала аз ҷониби шоъирони мо эътибор дода мешавад. Ва бисёр хуб аст ки шоирони мо ҳамчун Ҷаъфари Муҳаммад, Нормурод Каримзода ҳамчун банда ва чанд тани дигар ба ду забон, ҳам ба забони ӯзбекӣ ва ҳам ба забони тоҷикӣ ҳамчу шоъири зуллисонайн шеър мегӯем, китобҳо чоп мекунем. Мутаасифона, аз ҷониби раёсати иттиҳодияи нависандагони ду кишвар ин чизҳо чандон эътироф намешавад.

Оғои Қамарзода мешавад ба мо бигӯед ки дар ъайни ҳод дар Ӯзбекистон чанд интишороти форсии тоҷикӣ дорем, ки китобҳои нависандагони тоҷикро чоп мекунад, Дар Самарқанд масалан ҳаст чунин интишороте?

– На, дар Самарқанд як нашриёт дорем, интишорот ва ин қариб ки китоб чоп намекунад. Асосан, аксар нашриётҳо дар Тошканд ҳастанд. Нашриёти давлатӣ ва ҳамчун нашриёти Шарқ, нашриёти Ӯзбекистон, нашриёти Ӯқитувчӣ, нашриёти ба номи Ғафур Ғулом китобҳоро чоп мекунанд. Асосан китобҳои ба забони тоҷикӣ, китобҳои дарсӣ барои мактабҳои таълими ъумумӣ ва китобҳои дарсӣ чоп мекунанд. Лекин китобҳои муаллифони озод қариб аксари вақт аз ҳисоби худи мо, аз ҳисоби худи нависанадагон дар нашрияҳои ғайри давлатӣ ки зиёде ҳам ҳастанд дар Тошканд чоп мешавад. Аксар китобҳоро чоп мекунанд лекин аз ҳисоби худамон. На ҳаққи қаламе барои ин шеърҳо мегирем. Китобҳоро чоп мекунем бо теъдоди 200, 300, 500 адад пахш мекунам. Ва худҳомон ҳам паҳн мекунем аз ҳисоби маблағи худамон. Агар пайдо карда тавонем ягон ҳомӣ, аз ҳисоби ягон сарватмандоне ки агар каму беш кумак расонанд.

– Дар ин ҳамоише ки дар Тошканд рӯзи шанбе, 27 ҳамин моҳ баргузор шуд, дар аввалин ҳамоиши саросарии тоҷикони Ӯзбекистон ки аз Фарғона то Сурхандарёву Қашқадарё ва ғайра, аз Бухоро аммо касе набуд. Мешавад ба мо бигӯед ки ба чи далел вазъияти тоҷикони Бухоро, форсизабонони Бухоро дар муқоиса, масалан бо Самарқанд бисёр мунфаъил аст? Ҳеҷ касе ҳам аз намояндагони ин шаҳр аз фарҳангиён он дар ин ҳамоиш набуд.

– Мутаасифона, дар Бухоро дар паи даҳ солаҳои охир адади мактабҳои ба забони тоҷикӣ хеле коста аст, қариб ки намондаааст. Алон мувофиқи шуниди ман дар танҳо дар як деҳаи ноҳияи Пешкӯҳ як мактабе ҳаст ки ба забони тоҷикӣ таълим медиҳад. Замоне буд ки дар Бухоро бисёр мактабҳои форсии точикӣ буд. Бачаҳо бо забони тоҷикӣ мехонданд таълим мегирифтанд ва инҷо замоне дар Бухоро шоъирону аз адибони зиёде буданд, ҳатто бисёре аз онҳо Садриддин Ъайнӣ, Ҷалол Икромӣ, Пайрав Сулаймонӣ ва чанде дигарон дар Бухоро хонда таълим гирифта, рпчами адабиёти тоҷикро аз инҷо бардошта буданд. Ва дар солҳои 90 вақте ки мо дар назди иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон шӯрои тоҷикӣ ташкил карда будем. Дар онҷо бухороиҳо ҳам буданд. Аминҷон Шукуров, Асад Гулзода ва боз чанде дигар ҷавонон. Ва баъзе ҷавононе ки дар Донишгоҳи Давлатии Самарқанд таҳсил гирифта буданд, ҳамчун Ҳадя Раҷабова, ҳамчун Тоҷӣ Тоҷизода ва чанди дигарон онҷо шеър менависанд ва онҳо яке ду китоб ҳам нашр карданд. Мутаассифона, имрӯз дар Бухоро танҳо садои Асад Гулзодаи бухороӣ ки синнаш ҳам зиёд аст, андаке баланд аст, вале мутаассифона, ӯ дар ин ҳамоиш ширкат варзида натавонист. Ё хабар надошт ё осори пирӣ буд, ки дар инҷо ширкат накард ва аз Бухоро касе набуд.

Ва ман ҳам дар баромади худ гуфтам ки чаро дар ин анҷуман аз Бухоро касе набуд, албатта ин таасуфовар аст. Аз Сурхандарё буданд, аз Фарғона буданд аз Самарқанд чанд нафар иштирок кардем. Хушбахтона, аксар шеъргуӣ карданд, аксар баромадҳо карданд. Баромади хуш буд, бисёр хушруй гузашт анҷуман. Албатта дар ин ҷо хусусан бачаҳои аз шаҳри Тошканд буданд, аз шаҳрҳои Ангрен, аз Оҳангарон, аз районҳои дигар омада буданд ва шеърҳо гуфтанд. Имрӯз дар вилояти Тошканд ҳатто овози тоҷикон имруз баландтар аст аз Бухоро.

– Фикр мекунед ки чунин ҳамоишҳо дар оянда ҳам баргузор мешавад ва барномаҳояш чӣ хоҳад буд? Оё қарор аст ки ҳамчунон ба шеъру тарона ихтисос дошта бошад ё ба масоили иҷтимоъиву фарҳангии ъамиқтаре ҳам хоҳанд пардохт, тоҷикони Ӯзбекистон?

– Шукри беадад ки алъон тавассути телвизюни Тошканд, тавассути родю суруду таронаҳои тоҷикӣ садо дода истодааст. Ва эътибори раъиси ҷумҳури мо ҷаноби Шавкат Мирзоёев нисбат ба фарҳанги тоҷикон афзуда аст. Умуман на танҳо ба фарҳанги тоҷикон, балки ба фарҳанги миллатҳои дигаре ки дар Ӯзбекистон зиндагӣ мекунанд назар ба ӯзбекҳо камтар масалан дар бораи туркманҳо, қазоқҳо, қароқолпоқҳо ва ғайра ҳам эътибор ҳаст. Алалхусус барои тоҷикҳо, тоҷикон ки дар Ӯзбекистон нуфузи онҳо як чанд миллион нафар ҳастанд эътибор ҳаст. Китобҳои дарсӣ чоп шуда истодааст. Ва ин ҳамоише, ки шуд албатта дебочаи анҷуманҳои минбаъда хоҳад буд. Замоне дар Самарқанд хеле аз ин барномаҳо баргузор мешуд, дар Тошканд, дар Бухоро дар ҳар ҷо ҳар ҷо…  дар мактабҳо вохуриҳо бо шоъиру нависандагон, бо адибон бо олимони тоҷик ба вуқуъ мепайваст. Албатта ин гуна эътиборҳо хоҳад афзуд. Муносибатҳо бо Тоҷикистони бародарӣ ҳам суръат гирифта истодааст, албатта.

Умед дорем ки китобҳои зиёди бадеъӣ аз Тоҷикистон ба мо ояд. Китобҳои ӯзбекӣ барои ӯзбекҳои Тоҷикистон бояд равад. Ва мо кӯшиш дорем албатта. Дар ҳамоиш гуфтем ки барои мо шояд як маҷаллаи фарҳангӣ барои тоҷикони Ӯзбекистон созмон дода шавад ва барои ин албатта имкониятҳо ҳаст. Зеро ҳоло дар Ӯзбекистон рӯзномаи Овози Тоҷик, Овози Самарқанд, ҳафтаномаи Ховар ва ин нашрияҳо ба забон тоҷикӣ нашр мешаванд. Ва дар атрофи ин нашрияҳо албатта адибони ҷавон адибони порсигӯ ҷамъ мешаванд ва албатта умед аст ки инчунин ҳамоишҳоро он гуна ки мо қарор додем на танҳо дар Тошканд, балки дар Самарқанд дар ноҳияҳои Тошканд дар Фарғона дар Сурхандарё дар ҷойҳои дигар ҳам ки тоҷикон зиндагӣ мекунанд, мактабҳо ҳастанд, китобхонаҳо ҳастанд абатта бояд дар онҷо сурат гирад ва мо бо хонандагони худ рӯ ба рӯ ҳарф занем.

Ва барномаи телвизионии Тошканд шумораи 11/17 –ро ба Cамарқанд бахшид, зеро соли гузашта ин маҷалла 90 сола шуд ва шумораи аввалини он дар Cамарқнд соли 1927 интишор шуда буд. Ва бо ташаббуси мо ин шумора мукаммал ба Самарқанд бахшида шуда аз он эҷоди адибони порсигӯи имрӯзаи Тоҷикистон ҳам намунаҳо дошту ва шеърҳои зиёде ба Самарқанд аз ҷониби шоъирони тоҷик нависандагони тоҷик дар ин ҷо дода шуд.

– Мо медонем ки алъон рафту омадҳои бо Тоҷикистон осонтар шудаааст. Роҳҳо боз шуда. Ҳавопаймои ҳафтаи яе бор ба Тошканд меояд ва қарор аст ки ба Самарқанд ҳам парвозҳои мустақим шурӯъ шавад. Фикр мекунед ки чаро то ҳол фарҳангиёни Тоҷикистон наомадаанд ба Узбекистон? Е баръакс рафту омадҳои фарҳангӣ дар сатҳи давлатӣ ҳанӯз шуруъ нашуда аст? Далелашро дар чӣ медонед?

– Моҳи септембри соли гузашта гурӯҳе аз эҷодкорони Тоҷикистон ба Ӯзбекистон омаданд. Рӯзҳои фарҳанги 3 рӯз ё 5 рӯз давом кард ва он рӯзҳо дар Амрико будам. Ширкат варзида натавонисам, лекин фақат дар вилояти Тошканд буд ин барнома. Албатта ҳоло гуфтугузорҳо ҳаст. Раиси раёсати вазирони мо Абдуллоҳ Орипов ба Душанбе сафар доштанд. Вазири корҳои хориҷи Абдулазиз Комилов ҳам ба Хуҷанд сафар дошт. Шояд ки дар рафти ин сафарҳо гуфту шунидҳо албатта ҳаст ва умед ҳаст ки ин рафту омадҳо барқарор хоҳад шуд ва адибон ҳам хоҳанд омад. Замоне даҳ рӯзаҳои адабиёт ва санъати тоҷик дар Ӯзбекистон, аз Ӯзбекистон дар Тоҷикситон борҳо шуда буд. Умед ҳаст ки ин рафту омадҳо аз нав барқарор мешавад ва мо омодаем ки дар ин рафту омадҳо ширкат намоем ва осори ҳамдигарро барои хонандагон, варои муштариён ба ҳамдигар пешниҳод кунем. Дар ин бобат ҳоло қадамҳои далерона ба пеш гузошта шуда истодааст. Сарвари давлати мо Шавкат Мирамонович ба ин кори хайр албатта иқдомҳои нек карда истодааст.

– Ташаккур аз Шумо.
– Ташаккур. Ташаккур. Сиҳат бошед.

Манбаъ Трибуни Замона:
https://www.tribunezamaneh.com/archives/144866

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *