15 феврия соли 2018 рӯзи муҳиммест барои ислоҳоти сохтории марказҳои фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон

15 моҳи феврия қарор аст, дар ҷаласаи дуввуми тоҷикони Ӯзбекистон баргузор шавад дубора дар  шаҳри Тошканд, пойтахти Ӯзбекистон тоҷикони чумҳурӣ гирд хоҳанд омад ва руасои марокизи фарҳангии тоҷикони Ҷумҳуриявӣ ва ҳам шаҳриро интихоб хоҳанд кард. Ҳанӯз аз шеваи баргузории ин ҷаласа ва шеваи интихоби раисони ҷадид иттилоёоти равшане дар даст нест, иртиботот дурусту рашван шест, аммо умед аст натиҷаи матлуб хоҳад дод.

Аммо эҳтимоли қавӣ дорад, ки раисони қаблӣ мизҳои худро ба осонӣ раҳо намекунанд. Аммо умед дорем, ки тоҷикон зимоми худро ба дасти касоне бидиҳанд, ки тавоноии расондани дархосту ниёзҳои онҳоро дошта бошанд. Он раисоне, ки то ҳол коре накарданд ва яку ним сол аст мунтазиранд, ки мардум худ коре кунад, чи гуна метавонанд, аз ин баъд кори наве анчом дихад ва раҳнамои мардум бошанд?!

Бояд бигӯям, ки аз муҷригарии Шарофат бону, дар аввалин ҳамоиши форсизабонони Ӯзбекистон хайрон шудам. Бонуи Шарофат, ки ҳатман хидматҳои зиёдашон ба мардум арзиши зиёд дорад барои ҳамаи тоҷикон, аммо ҳамчунон бо лаҳни даҳаи наввад сӯҳбат мекунанд. Замони ин гуна лаҳни давлатӣ ва расмии шӯравӣ кайҳо гузашта рафтааст, бояд дар баҳори тоза либоси тоза ба зеҳну дили худ бипӯшонем. Ба мардум аз боло нигоҳ накунем.

Дар баробари Шарофат бону сухангуфтани мучрии дуввум Ҷаъфари Муҳаммад чи қадар ҳам дилнишин, роҳат ва пурмутолеъа ва барӯз буданашон аз адабиёт ва шеъри имруз ошкор буд. Дар Тошканд чеҳраҳои фарҳангии фаъоле дорем, ки дониши байналмиллалӣ доранд ва дар расонаҳо фаъоланд, онҳо бояд дар ин марказ ба таври давраӣ мудирият кунанд. Раис шояд беҳтар бошад, мисли хеле аз созмонҳо гардишӣ бошад. ҳар сол раис бояд ҷадид интихоб шавад.

Раиси ҷадиди марказӣ афроде бояд бошанд, ки бо мардум битавонанд сӯҳбат кунанд ва дар рафтуомади мудом бошанд. Амина Шарофиддинова, фаъоли иҷтимоъи, Ҷаъфари Муҳаммад ва Асадулло ба назарам райи аксари самарқандиёнро доранд. Албатта Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, Адаш Истад, Ҳазрат Сабоҳӣ, Ҷумъа Ҳамроҳ  ва афроди дигаре ҳастанд, ки сазовори раёсати маркази фарҳангии Самарқандро доранд, аммо эҳтимолан ба ъотири синну сол ва ҳам беморӣ наметавонанд ба ин вазифа вақту нерӯ гузоранд.

Умед дорем, ки ин афрод ва ё афроди муносиб ба ин вазифаи дархури шаънашон хоҳанд расид. Самарқанд, ба назарам дар муқоиса бо дигар шаҳрҳои Ӯзбекистон,  ҳоло садояш расотар аз дигар шаҳрҳои тоҷикнишин аст. Агар иштибоҳ мекунам, ислоҳам кунед. Он ҳам ба хотири фаъолиятҳои афроде мисли Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, Адаш Истад, Ҳазрат Сабоҳӣ, Садрӣ Саъдиев, Амина Шарофиддинова, Аслиддин Қамарзода, Ҷумъа Ҳамроҳ, Озод Хидиров, Зоҳир Ҳасанзода, Хоҷаи Деҳнавӣ, Дилшодаи Самарқандӣ, Парисои Самарқандӣ, Худоназар Назаров, Бунафша Саломова, Нигина Аҳророва, Файзулло Нарзуллоев, Салим Ғиёсов, Шӯҳрат Қаюмов, Ҳазрат Ҳамроқулов, Вафои Эшонзода ва даҳҳо ҷеҳраи фаъоли фарҳангӣ, ки ҳам дар донишгоҳ ва ҳам дар вилоятҳои атрофи шаҳр фаъолият мекунанд ва дар дохили кишвар. Ҳар рӯз дар ҳоли тарбияти насли ҷавонанд. Ман исми ҳамаро ёд надорам то так так биёрам, хеле зиёданд.

Маркази фарҳангии имрӯзӣ мутаасифона, ҳеч барномае баргузор накард, ки фарзангди тоҷик дилгарми фарҳангу забони модариаш бишавад. Бо танҳо суруду рақси фолклорӣ магар мешавад миллтаро ҳидоят кард?! Хуб аст аммо кофи нест.

Чанд моҳ аст, ки роҳҳои доду гирифти китобҳо аз Тоҷикистон озод эълом шудааст ва аз радио ва телевизион ҳам гуфтаанд, ки метавонед ҳар китобе ки ниёз доред аз Тоҷикистон биёред ва ноширони Тоҷикистонӣ ҳам озоданд китобҳояшонро биёранд дастраси тоҷикон кунанд. Аммо ба танҳо фурӯшгоҳи шаҳри Самарқанд сар занед, гиряатон мегирад! Бист дона китоби форсӣ бештар нест ва бо тарроҳии кӯдакона, ки ҳатто кӯдакон ташвиқ намешаванд онҳоро варақ бизананд! Чӣ кор кардед дар яку ним соле ки дарҳо боз аст? Бугзоред донишмандону фозилони Самарқандӣ дубора даст ба кор бишаванд. Бидуни ин ҷонфидоён коре пеш нахоҳад рафт ва боз дар рукуди қаблии худ хохад хобид ин шаҳри илму дониш!

Бугзоред кор ба кордон бирасад ва кӯмакашон кунем ва дар ин умри кутоҳ бо чашмони худ бибинем, ки мо ҳам метавонем!  Набояд ҷаласаҳоро маҳдуд ба равшанфикрон кунем балки ҷавононро низ ҷалб кунем чун ояндаи кишвар онҳоянд. Он замонҳо гузаштааст, набояд бо он хотираҳои бад зеҳнияти ҷавононро махдуш кард ва ононро аз фарҳангу марказҳои фарҳангӣ гузеронд. Бояд ба шеваи имрӯзӣ ва ба шеваи барӯзшаванда ва тоза ва нав мудирият кард ин миллати садпораро ба ҳам васл кард.

Пешрафти миллат аз пешрафти так таки мову шумо шуруъ мешавад. Пеш биравем ва бовар кунем, ки роҳҳо боз аст. Танхо он чи боқӣ монда тарсҳои кӯҳна аст дар дилу ҷони мо ки моро ба аҷаб ва тардид суст мекунад, шавҷи моро мекушад. Танҳо хатар ин рӯз тарси дарунии мост, худсонсерии мост. Озод шавем аз ин тарси палид ва озодона нафас кашем. Фардо субҳ бо ва ҳар саҳар бо нафаси амиқи тоза рӯзи мубориза ва талоши худро шурӯъ кунем то ҷомаи рукуду танбалӣ бидаррем ва гардани афсурдагӣ бишканем. Каромат ва шаҳомати худро ба ҷахониён нишон бидиҳем, ки мо ҳам метавонем! Ин ислоҳотро аз худ, пеш аз ҳама худ шурӯъ кунем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *