Бахори точикро чидди бигирем! بهار تاجیک را جدی بگیریم

Аз иттиходияи нависандагон шуруъ мекунам, чун Дусте навишта, иттиходи нависандагонро набояд ик кадар чидди гирифт. Агар ин маркази адабиётро чидди нагирем, пас дигар чиро чидди бигирем?

Чидди нагирифтани ниходи ба ин бузурги ва ба ин мухиммиро аслан тавсеъа намекунам. аслан ба хеч вачх инфиъолро тавсеъа намекунам. Бояд таконе дод, ки даст ба ислохот бизананду обруи рафтаи ин созмонро хар чи зудтар баркарор кунанд. Ё тахрим бояд кард ё исрор ва интикоди созанда, ки даст ба кор бишаванд.

Дар карни бисту як хар созмон сафхаи фаъол дар шабакахои ичтимоъи дорад ва бо мухотаб дар гуфтугу аст. Аммо иттиходияи нависандагон, ки намояндаи мардум аст ва бояд дарду ранчи мардумро ба таври мондагор баён кунад ва дар чахон исму расми кишвари худро матрах кунад, чаро бояд мухим набошад? Мухимм аст, аммо хобаш бурда, аммо ёдаш рафта, ки вазифааш чист.

Иттиходияи нависандагони Узбекистон точикони Узбекистонро аз соли 1994 то хол на узв карда ва на дархости онхоро посух дода. Иттиходияи Точикистон бо нодида гирифтани вазоифи худ боъис шуда, ки точикони бурунмарзии Осиёи Миёна ба забонхои кишвархои дигар бинависанд, чун кадрдонии бештар мебинанд.

Иттиходияи нависандагони Точикистон бо марги устод Лоик ангор садо ва тавонашро бохт! На барнома дорад ва на эхсоси хамдили бо форсизабонони парешон дар Осиёи Миёна. Замоне, ки устод Лоик дасти дигар шоъиру нависандагонро мегирифт ва ба Самарканду Бухоро корвони китоб меовард магар ба устура ва торихи нобаргашт табдил шуд? Магар дигар дилу чигардори дигаре нест, ки аз ин роххо боз шуда истифода кунад ва хамаи парвозхоро бо китобу мачалла пур кунад ва барчастагони адабиёти точикро ба шахрхои точикнишин бибарад?

Ба назар мерасад, ки ноумеди ва афсурдаги дили бисёре аз нависанда ва шоъирони Точикистонро пажмурдааст, ки вакте дарвозахо боз шуд, як нафар паёме надод?! Паёми дусти, паёми даъват ба хифзи забон ва адабиёти форси надод.

Чаро чехрахои Точикистони хисси густардаи милли худро аз даст додаанд ва чаро садое аз онхо дигар дарнамеояд? Мардум бояд аз онхо ташвик кунад, ки бархезанду рахнамойи кунанд ё ба расми роич онхо бармехезанду мардумро хидоят мекунанд?

Чашм. Илхом наомад ва наменависед, аммо харф задан ва макола навиштан, ки метавонед! Сафхаи шахси дар шабакахои ичтимоъи рох андохта ва бо хонанда иртибот баркарор карда метавонед.

Иттиходияи нависандагон вазифа дорад, ки нависандагонро бедор кунад ва онхоро барои хидояти мардум байни мардум бифристад. Дар чомеъаи точик чои холии нависанда ва файласуф ва хам равоншиносро муллохо пур кардаанд. Ин муллохо аз кучо неру мегиранд, ки нависандагони мо намегиранд? Хар чи аз даврони шурави монда буд дар холи аз байн рафтан аст ва вакти он аст, ки нависандагон рисолати интихоб кардаи худро ичро кунанд ва камари химмат дубора бибанданд ва дилхои мурдаро зинда ва ишкхои рафтаро бозхонанд.

Дарвозахо боз аст аммо чаро мехмоне сар намезанад? Чаро китобе зери багал намегирад ва намеравад сари точики солхо бекитоби Самарканду Бухороро силла кунад?

Дар аввалин хамоиши точикон, ки пас аз си сол дар шахри Тошканд барпо шуд, точикон чамъ омаданд, аммо дигар аз Бухоро касе набуд, ки чоне дар тан дошта бошад то худро ба Тошканд бирасонад ва шеъри охириниашро бихонад ин ду се шоъири бокимондаи Бухоро.

Аммо иттиходияи Точикистон будчаи солонаи давлати дорад ва вазифааш ташвики мардум ва ба вижа насли чавон ба хондан аст ва пур кардани дастони хонанда бо китобхои чаззоб ва хондани. Ё вазифаатонро анчом дихед ё мизхоро холи кунед! Насли чавон балад аст, аз хамсояхо ва аз дигар забонхо омухтааст, ки дар асри чадид чи гуна бошад. Агар хастаед, истирохат кунед. Аз бекори инсон амикан хаста мешавад ва рухаш нокорам мешавад, битарсед, ки рухатон аз бекори ва сарди хастапир нашавад.

Вакте маркази забон истифодаи вожахои “хоричи” ё душвори форсиро мамнуъ кард, як нафар аз нависандагон эътироз накард, ки чаро забонро ба андозаи дарку тавони худ махдуд мекунанд?! Як нафар бо чуръат дар байни нависандагон як кишвар пайдо нашуд, хама он ки эътироз кард, рузноманигорони чавон буд. Чойро ба хамон чавонони часур холи кунед, чун аминам, ки ба таври бехина вазифаи миллии худро анчом хоханд дод. Аммо чолиб ин аст, ки на чавнонро чидди мегиред ва на худ коре мекунед.

Бахори точикони Узбекистон расидааст, чидди бигиред!

Бахори точик бо марги Ислом Каримов бояд шуруъ мешуд, аммо бо дироят ва фазилати раисчумхури чадиди Узбекистон ва бардоштани деворхо шуруъ шуд. Роххоро боз кард ва хатто эълом кард, китоб биёред, барнома баргузор кунед, рохи хавоии хар хафта хавопаймои холи дар рафтуомад аст. Чаро иттиходияи нависандагон то хол паёме ба точикони Узбекистон нафиристодааст? Чаро бояд давлатхо пешгомтар аз равшанфикрони кишвар бошанд?

Медонам ки аз давлат дили хуш надоред. Он ки аз давлат рози аст, равшанфикр нест, чун кори равшанфикр такон додан ва хидоят кардани давлат аст ва бо интикод ба рохи ривочи сариътар расондан аст. Аммо чаро чунин нест? Чаро дархоеро ки давлатхо боз кардаанд, равшанфикрон танбали мекунанд, ки истифода кунанд?

Бахори точикон расидааст, дар богхо равед ва дил чавон кунед ва даст ба кор шавед, нависандагони азизи кишварам! Дар даруни хамаи шумо бехтарин асар, он нонавишта хобидааст. Он нагзтарин достон, он румони мондагор ва ошкор ва самими ва бидуни тарсу риё дармондааст дар гулуи Шумо. Бугз кардааст аммо тавони навиштан нест. Ба Самарканд равед, ба Бухоро ва шеър хонед, достон хонед, порахои румонатонро хонед, мардуми ташнаи забони модари чашмонатонро хохад бусид, дахонатонро хохад бусид, чун си сол аст интизор аст. Як солу панч мох аст, ки фазо тагйир кардааст, аммо об аз об такон намехурад дар Точикистон то дигарон ибрат бигиранд.

Хамаи точикони Узбекистон бо хар рохе, бо хамаи фишорхо, бо хамаи сахтихо худро ба ин бахор расондаанд. Пои телефон хангоми гуфтугу гиря мекунанд ва аз шоди боварашон намеояд, ки аз шабакахои давлати барномахои точики мешунаванд ва давлат омадааст ва аз ниёзу дархостхояшон пурсидааст ва дона дона ба ниёзхо расидаги мешавад.

Хамоиши саросарии точикони Узбекистон дар шахри Тошканд нишонаи равшани он буд. Аммо чаро хамаи расонахои Точикистон аз ин сукут мекунанд? Чаро то хол на номаи саргушодае ва номаи сарбастае ин точикони саркубшуда ва мачрух аз маркази токичон, ки Точикситон бошад дарёфт намекунад?

Чаро чехрахои точики бурунмарзи аз шароити кишвари Точикистон даъват намешаванд, ки истифода кунанд, корхои илми бинависанд, достону роман бинависанд? Чаро хонахои нависандагони давлати нест, ки чавонон дар истикомат кунанд, то корхои нотамоми худро ба итмом бирасонанд? Чаро хамоиши саросарии точикон баргузор намешавад, то хамаи точикон даври хам бишинанду харфи дил бизананд?

Шояд як сол кофи набуд барои таррохии чунин барномахои фарханги ва омузиши, аммо бахори дар пеши руро, лутфан, аз даст надихед ва даст ба кор шавед.

ними миллат мулло шуд, бо пули муллохои хамсоя, чаро чавонони точик бо барномахои хунари ва фарханги саргарм нашаванд. Чаро чавонони точик танхо дар мусобикахои зебоии ва куронхони ширкат мекунанд? Чаро достони кутоху шехри онхо кобили арза дар мусобикоти байналмиллаи нест? Чаро мусобикахои адабии дохили надорем? Чаро адабиёри точикро бесадо ва беному нишон нигах доштаем?!
Бояд, бояд, хонаи дилу чон битаконем ва бахори расидаро ба тани афсурдаи худ рох дихем! умед дошта бошем! Имон дошта бошем! Агар мехохем идомаи обруманд дошта бошем назди ояндагони ин сарзамин, ки зулмхои аз ин сангинтарро бо сари баланд пушти сар кардааст. Бахонае феълан нест барои хеч кор накардан. Садди рохи асли рафтааст ва роххо боз аст, огушхо боз аст, кафасахои китоб аммо холист… Даст ба кор шавед нависандагони азизи сарзамини азиз!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *