Ё ислоҳот ё ки тағйири ном ба “Иттиҳодияи зидди нависандагон”

Иттиҳодияи нависандагон бояд пеш аз ҳама худкифо ва озод бошад ҳам аз сиёсати давлат, ҳам аз лиҳози фикрӣ ва ҳам аз лиҳози молӣ. Бояд ҳунармандон бар асоси шавқ ва тариқи пардохти ҳаққи узвият ин иттиҳодия ва иттиҳодияҳои мушобеҳро созмондеҳӣ кунанд. Нависанда корманди давлат набояд бошад ва чун агар шуд, он гуна ки ҳоло дар Осиёи Миёна аст, ҳамеша бар зарари адабиёти миллати худ хидмат мекунад ва ҳам қаламаш ҳадар меравад ва ҳам истеъдодаш, агар аз чунин арзиши афзудае бархурдор аст, ва ҳам умри азизу ягонааш.

Нависанда бояд дар ҳадди худо андеша варзад ва бо чашми офаридгор ба жарфои даруни так таки инсонҳо ва каҳрамонҳои асараш битавонад бингарад ва тавоноии баёни ҳақиқатро дошта бошад. Ва пойбанд ба ҳақиқати дар сатҳи фаҳму дарки худ набошад чун маҳдуд хоҳад шуд ва мудом дар ҳоли мутолеъа ва андӯхтани донишҳои ҷадид бошад. Дониши метафизикӣ ё ҳастишиносӣ, пизишкӣ, фалсафӣ, равоншиносӣ ва забондонии амиқе дошта бошад ва кайҳонро он гуна ва дар он ҳадд ки башар мешиносад нодида нагирад. Нависанда набояд аз навиштаи дигар нависандагони барҷастаи ҷаҳон бехабар ва ғофил бошад ва набояд танҳо барои замони худ нанвисад валки баро ояндагон ва аввал аз ҳама барои кашфи рӯҳи худ бинависад. Чун ҳеч навиштае ҷадиду тоза нест дар адабиёти башар ва ҳар китоби асил идомаи китоби асилест ки ба хотири кӯтоҳии умри нависандааш нотамом мондааст. Ин пайванди нигорандагонро бояд дарк кунад ва аз Гилгамиш то даврони худ ҳар асари муҳиммеро ки дар дастрасаш аст бихонад ва агар нест пайдо кунад ва бо хондан манзур тамошои вожагон нест, балки қироати маънӣ ва андӯхтани нуктаи аслии он асар аст.

Нависандае ки барои ризояти хонанда ё мунтақидон менависад, риёкоре беш нест. Адабиёт дарки ҷаҳони дарунии худи нависанда аст ва пайдо кардани посух ба суолоти амиқи ҳастӣ ва пайванди худ бо нохудогоҳи ҷамъии ниёкони худ, ба ғайр аз ин тоҷири вожа ё вонамудгаре беш нест.

Нависандагӣ пажуҳишгарии рӯҳу равон аст ва кори фардист ва чи хуб ки дар навиштаи ӯ афоди дигаре низ худро биёбанд ва ё посухе барои суоли худ пайдо кунанд. Нависанда ойинаи ҳақикатгуи даврони худ аст барои ояндагон.

Адабиёт маҳалли посух додан ба суолоти ҳастӣ нест, балки майдони фарохест барои тарҳи суолоти аслӣ ва равона кардани ҷӯсторҳои башар ба сӯи муфид ва созанда ва барои ояндагон. Асрори азалро ҳанӯз меҷӯяд башар ва ҳунар дар канори илм дар пайдоиши ҳақиқати ҳастӣ мустаъмал ва ҳамгом аст. Куҷои ин ҷӯстор аст тавлидоти адибони имрӯзи мо?! Шумо қазоват кунед. Шумо хонандае, ки дорои ғаризаи амиқи инсонӣ ҳастед ва барои худ тавонистаед дар ин ҷомеъаи бенухбаи мо миллатро ва ягонагиро нигаҳ доред.

Равоншиносии ҷамъии тоҷикон бо далели дахолати мазҳаб ва сиёсати ҷамъипарвари шӯравӣ махдуш ва гум шудааст. Вазифаи нависандаи тоҷик пайдо кардани ҳуввияти ҷадиди худ ба унвони инсони ҷадид аст ва шарҳи дуруст аз ҳуввияти абгори тоҷик, ки на хатти худро медонад ва на адабиёти асили ниёгонро хондааст ва на ҷурати иқрори ин ҳақиқатро дорад ва на мепазирад ва низ мудом дар пайи роҳи осон аст ки нест роҳи осоне дар ин росто.

Дар ҷаҳони маснӯъӣ пайдо кардани ҳуввияти асили фарди тоҷик кори саҳле нест.

Бор кардани ҳамаи вазифаи ҳастӣ ва ҷомеъа бар дӯши Худо ва талош накардан барои беҳбуд додани шароити зист барои худ ва барои дигарон осонтарин корест, ки бисёре аз тоҷикон пеш гирифтаанд, чун дар ҷаҳони ҷадид дигар файласуфи муътабар надоранд ва бояд худ даст ба андеша бишаванд ки кори на ҳар кас аст!

Дар натиҷа масъулияти иштибоҳоти худ ва танбалии худро низ ба осонӣ ба гардани дигарӣ меандозанд ва худро ба унвони тобеъ ва дастнигар пазируфтаанд чун гӯё осон аст аммо ки нест. Ин дарки иштибоҳ аз ҳуввияти ҷамъиро агар нависанда дар баёну нигориши худ ошкор кунад мушкили миллии тоҷиконро осон кардааст.

Нависандагӣ рисолати дар ин ҳадд аст ва ба хотири обрӯ ё ҳаққи заҳмат ё шӯҳрат қалам ба даст гирифтан идомаи ҷоҳталабист ки густарда ҷаҳони ҳунарии моро ва ҳунари асилро ба ҳошия ронда. Ҷамъи ҳунармандон ниёз доранд ки бериё бо ҳам ҳарфи дил бизананд ва орӣ аз ҳасодату хасосат дар баёни муваффақияти якдигар остин барзананд ва дар хидмати пеш аз ҳама ҳунари дар хатармондаи тоҷик бошанд ва на ин ки дар хидмати дину диндорон ва давлату туҷҷор қарор бигиранд.

Барои рӯҳи худ бинависанд ва ҳар сол навиштаи худро бихонанд ва агар ҳамчунон онро меписанданд, пас бидонанд ки рушд накардаанд. Чун ҷаҳон мудом дар ҳоли тағйир аст ва инсон низ. Ва агар омодаи навиштан нестанд, яъне аз маънии тозаву сели вожа варам накарданд ба пои миз наншинанд. Барои зоидани осори нав, ишқ варзанд, бихонанд беҳтаринҳои ҳунарро дарёбанд то обистан шавад рӯҳашон аз нутфаи адабиёти пешин ва осори дигар миллал то он гоҳ бишинанду бо дард бизоянд ки он номаш адабиёт аст ва на чизе дигар чун дур аз дуругу риё ва саршор аз хакикат бошад. Вагарна чи ниёз ба ҳадар донани вақти худу вақти дигарон ва коғазу мағзи дарахтон аст?! Дарахте ки барои кашидани бори маънӣ пӯст канда шуда узве аз баданаи ҳақиқатест ки дар пайдояш саргардонем.

Эҳсоси масулияти нависанда дар баробари худ аст ва табиъат ки танҳо офаринандаест ки мешиносем ва ламс мекунем ва наметавонем нотавониҳои худро бар гарданаш бор кунем. Нависанда низ бахше аз табиъатест ки бидуни ҳам вуҷуд надоранд. Дар табиъат як барги мушобеҳ мавҷуд нест, пас чи тур интизор дошта бошем ки ҳамаи мардуми тоҷик шабеҳи ҳам бошанд ва ҳамаи нависандагон аз хатти сурхи низом берун начаҳанд.

Дар асл саркашӣ ва берун ҷастан аз ҳар навъ хатти мамнӯъа шурӯъи ҳунармандист! Шурӯъи инсон будан аст ва ҷудо шудан аз раммаи ором ва амни он чӯпоне ки гоҳ волидайн аст номаш, гоҳ худо ва гоҳ давлат. Бечора он аст, дар ҳасри ҳар се бошад ва надонад ки озодӣ ҷӯстан, алифбои озодагонист. Муҳим он ҷӯстор аст ва аз он ҷӯстор нигористан аст бидуни ҳар навъ тарс ва раҳо аз ҳар навъ маҳдудиятҳо. Ҳол мебинед, ки ду се нависандае чунин беш надорем. Ҳама ҳолнигорандагонеанд, ки дар остон ё охури бояду набоядҳои бузургтарҳо мондаанд ва осорашон зуд мемирад.

Ин ёддоштро дар ҳоли шигифте навиштаам пас аз хондани хабари ихроҷи бонуе аз саффи иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон барои баёни дунёи занони шаҳватхоҳ. Дар ин маҷлис чи касоне нишаста буданд, бояд бидонанд ки шоҳиди пасттарин лаҳзаи адабиёти тоҷик будаанд ва ҳам дар он нақш доштаанд чи бо таьйид ва чи бо сукути худ. Адабиёт маҳалли боадабону ҳарфгушкунон нест, балки маҳалли ҷассурон ва озодбаёнони ҳақиқат ва мутарвиҷони озодии баён аст.

Бидонед ки ин амал камтар аз он нест ки Фархунда дар Кобул чашид. Ҳақиқатро кушта бо дурӯғ дар хилват ишқ варзидан аст. Ва он ҳам ба номи адабиёт!

Миллатро бо кӯдаки шаш сола иштибоҳ гирифтан аст. Адабиётро ба чӯби мактаби кӯҳнаи муллоҳои аҳди аморати Бухоро табдил кардан аст.

Дер напойид ва напояд он адабиёт ки бо хештандорӣ халқ шуда ва мусаллам аст ки қабл аз нависандаи худ хоҳад мурд ва сарбозони сонсур маҳкум ба кобуси озодианд ва умри худ ва хонандаи тоҷикро бар бод додаанд!

Тарс аз озодии баён ваҳшатноктар ва тахрибгартар аз тарси аз зулм аст. Худро аз ҳар навъ тарс бираҳонед то нависанда бишавед. Ё қаламро замин бугзоред ва муҳиммтар аз ҳама чӯби сонсурро! Нафаси тоза бикашед то инсони тоза ва нав бошед.

Ё ислоҳот ё ки тағйири ном ба “Иттиҳодияи зидди нависандагон”

Мепурсанд, чи чора вақте иттиҳодяи нависандагон наметавонад аз лиҳози молӣ худкифо бошад? – Чора зиёд аст ва на яке!

Аввали ин ки созмонро ислоҳ бояд кард ва дар марҳалаи аввали ин ислоҳот адибиёти кӯдакро аз синни як то панҷ ва аз синни панҷ то даҳ ва даҳ то чаҳордаҳ ҷудо кард ва солона адаиёти чудогона тавлид кард барои ин насл ва дигар, адабиёти навҷовонро бояд аз синни чаҳордаҳ то ҳаждаҳ ҷудо кард ва адабиёти ҳаждаҳ ба боло озодии баёни ахлоқӣ ва илмӣ ва ҳам рӯҳонӣ дод ва ҳар кадом нависанда бар асоси алоқа ва гароиши худ барои ҳар башҳ тавлид кунад.Адибиётро набояд ахлоқӣ ва ғайриахлоқӣ донист, танҳо бояд ҷилуи роҳ ёфтани адабиёти шаҳвониро ба кутубхонаҳои омӯзишӣ ва макотиби миёна гирифт, на ин ки кулли кишварро дар сатҳи дониши адабиёти навҷавон нигаҳ дошт! Ин бадтарин шеваи сонсур аст ва хонандаи тоҷикро фирорӣ медиҳад ба сӯи адабиёти дигар миллатҳо ва дар воқеъ тарвиҷгари забон ва адабиёт на балки баракс душмани аслии забон ва адабиёт мешавад, ки шудааст ва мо натиҷаашро мебинем.

Марҳалаи дуввуми ислоҳотро бояд ба роҳандозии мусобиқоти тарроҳии ҷилди имрӯзӣ ва ҷаззоби китоб ва мусобиқоти достоннависӣ ихтисос дод.

Мо тоҷикон дар ин арса ақабмондатар аз кишвари ҳамзабони Афғонистон ҳастем. Ҳамин ҳоло довари мусобиқаи адабии Набишт ҳастам ва афсӯс мехӯрам, ки ҳеч кадом аз тоҷикони Осиёи Миёна дар байни инҳо нест.

Мусобиқаи солона шавқи нависандагони ҷавонро бармеангезад ва шӯри зиндагӣ ба нависандагони кӯҳансол медиҳад, ки кам кам аз навиштан даст кашидаанд, аммо аз сандагӣ на. Инҳо ҳадди ақал метавонанд довар бошанд ва омӯзиш диҳанд ба насли ҷадид агар эҳсоси рақобат намекунанд ва озодарӯҳу озодавуҷдонанд ки бовар дорем ҳастанд. Танҳо бояд он ҳиссҳоро бедор кард ва бадпирҳоро хушбин кард, чун аз ноумедӣ чунин мешавад ҳар инсоне, ки қадрашро надонистаанд ё худ чунин бардошт дорад.

Ҷилди китобҳои тоҷиконро чи дар Тоҷикистон ва чи дар Ӯзбекистон мебинам, гиряам мегирад, ангор ҷилд ҳарф мезанад ва мегӯяд, маро нахон чизи тозае дар ман нест!
Д
ақибмондатарин кишвари Офриқо, Конакрӣ, ки моҳи зимистон ба он сафар доштам, аз ин гуна тарроҳии ҷилдҳо вуҷуд надошт.

Далели ин бесалиқагӣ чист? Додани шуғли ба ин муҳимми ба писархола ва писарамма аст! Он ҳам кош ҳунар ва завқ дошта бошад, ки омӯзад ва ҳатто қобҳои омодаи фотошопро истифода кунад, не! Ҳатман гулу булбулу эстетикаи безавконаи худро такрор мекунад то ангор мехоҳад мутмайин бишавад, ки китобро бо зиддиҳолтарин шева мунташир кунад ва хонандаро фарорӣ диҳад! Ангор аз созмони зерзаминии зидди хонишу омӯзише дастур дошта бошад.

Бояд ин гуна тарроҳони безавқ ва дониши эститикиро ҷойгузини тарроҳони масулиятшунос кард, то китобҳо ҷаззоб ва хонданӣ шаванд.

Марҳалаи саввум давраҳои озод ва ҳирфаии баррасии китобҳои ҷадид бо хонанда ва аз тариқи расонаҳои давлатӣ ҳамроҳ бо худи нависанда бояд бошад. Ва инро ҳафтаӣ бояд анчом дод. Барномаҳои адабии Тоҷикистонро дидаам чанде, рӯзноманигор кош асарро дуруст бозхонӣ кунад! Ҳамон гуна ки нависанда заҳмат кашида гавишта. Аммо бознависии бесалиқа ва безавқ мекунад, ки аҷиб аст. Чи ҳақ дорад рӯзноманигор барои дасткорӣ ба асари адабӣ? Маълум аст, ки камтарин ошнойии ба он надорад, ки наваисанда рӯзҳо бар сари ҳар вожа фикр мекунад ва ҳар кадом барояш азизу муҳимм аст. На хайр ҳамаро тавре ки фаҳмаш мегирад, аз нав менависад ва мехонад! Дар хеч куҷо ингуна нест. Чун худи нависандагон эътироз мекунанд! Баррасии маъноҳои аслӣ, хатти достон ва шеваи ривоят ва фалсафаи аён ва нуҳуфтаи асарро агар метавонад бояд ба хонандагон расонд вагарна асаркушӣ асту бас.

Марҳалаи ҷаҳорум, тарбияти мунтақидони ҷасур ва босавод ва пурхон! Нақди ҳар китоб бояд ҳамаи мушахассоти китобро дар бар бигирад. Аз ин ки кай, куҷо, бо навъ тарроҳии ҷилд, сабк ва забони асарро низ бо диққат ва дақиқ баён кард. Инҳо ангор барои мунтақидони муҳим нест ва ҳамин бетаваҷҷӯҳӣ боъис шуда ки ҳисси эстетикии тоҷик сол то сол пойинтару пойинтар мешавад ва ангор касе инро намебинад.
Шахри мудерн бо хароб кардани биноҳои зебо ва устувори замони шӯравӣ ба даст намеояд, балки аз тарроҳии мудерни китоб, рӯзнома, маҷалла ва зеҳнияти хонандагон шуруъ мешавад.

Иттиҳодияи нависандагон дар ин чанд соли гузашта садҳо нафарро ихроҷ кард аз саффи худ аммо нав нашуд. Чаро? Чун аз реша кор хароб аст. Кор дар дасти нокордонон аст ва аз шаклу шамоили китобҳо ва насри берангу дарҷомонда пайдост. Лозим нест, ки касе сириллик бихонад то бифаҳмад, ки ин ҳама хунмурдагӣ дар адабиёти мо ҷо хуш кардааст.

Ин қадар офтобро бо домон пӯшонда ва лабханди бегуноҳӣ задан шармандагист. Аз як ҷойхонаи русто агар ин натиҷа бармехост ҷои таъаҷуб набуд. Аммо аз ҷаласаи расмии иттиҳодияи нависандагони ҷумҳурии демокротик сар задани он боъиси такони ман буд. Ҳанӯз боварам намешавад, ки касеро барои бозтоб додани ҳақоиқи ҷомеъа ихроҷ кунанд ва тасаввури ин ки нависандагони кишварам барои та\йиди он даст баланд кардаанд, гулӯямро гирифтааст. Аз он ҳама фосила маро ҳам афсурда кардааст, тасаввур кунед бо он нависандаи ҷавони дохили кишвар чи мекунад!? Ӯро маҷбур ба худсонсурӣ мекунад ё агар ҷидно дошта бошад аз навиштан даст мекашад. Дар бораи зарурати навиштан ва нависандагӣ дар боло навиштаам. Дарк мекунам он нависандагонеро солҳост дигар наменависанд. Давлат сари роҳи асари сиёсиро мегирад, нависандагон сари роҳи қалами ростгӯро? То кай!?

Ман на ин бонуи нависандаро мешиносам ва на корҳояшро хондаам. Аммо боъиси гиря аст, ки агар ин бону аввалин нависандае бошад, ки чунин ҷасорат ба харҷ дода бошад дар он ҷамъ. Ҷолиб аст, ки забони ҳақиқатгӯҳоро худи нависандагон мебурранд!

Агар ин ислоҳотро ва ё ислоҳоти аз ин дастро дар ҷаласаи ҳар чи зудтар баррасӣ ва амалӣ накунанд, беҳтар аст исми ин иттиҳодро иттиҳоди зидди нависандагон бимонанду хаёли ҳамаро роҳат кунанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *