Зодрӯз хуҷаста устод!

Ҷангҳои дохилии Тоҷикистон, ки боло гирифт дигар мо ҷавонони бурунмарзиро иҷоза надоданд барои таҳсил ба донишгоҳҳои Тоҷикистони маҳбуб биравем. Афсурда ва ранҷида аз падару модарони худ роҳии факултаи забон ва адабиёти тоҷик дар шаҳри Самарқанд шудем. Бехабар аз ин ки дигар Самарқанд он шаҳри холӣ аз бузургон ва устодон нест ва он тавр ки падарам мегуфт ҳамаи ҷехраҳои калидии фараҳангии мо аз Тоҷикистон баргашта буданд ба зодгоҳи худ.
Адаш Истад, Баҳора Хуррам, Бурҳон Раҷаб, Хурсанд Ҷумъа, Аҳмадҷонзода, Иброҳимзода, Ҳазрат Сабоҳӣ ва даҳҳо устоди дигар дар сафи ин баргаштагон буд, ки фазои Самарқанд яку якбора дигар шуда буд.
shahzoda nazarova samarkandi samarqandi

Дилшоди Фарходзод, шоъир ва устоди донишгоҳ, Ҷумъа Ҳамрох, доктори илм дар риштаи адабиётшиносӣ, Ҳазрат Сабоҳӣ, шоҳномашинос, пажуҳишгар ва шоъир, Адаш Истад, нависандаи достонҳои тахаюлӣ ва Шаҳзода Назарзода (Самарқандӣ) ки ҳама дар ҳавзаи адабии Самарқанд фаъолият мекунанд ва маҳсули хоки ин шаҳранд.

Театру рӯзнома ва донишгоҳу ҳатто маҷлисҳои фарҳангию арӯсии хусусии мардум низ ҳолу ҳавое пайдо карда буд, ки Самарқанд солҳо буд дар ёд надошт. Донишҷӯён аз донишкадаҳои ҳунар ва илмии кишварҳои бародар баргашта буданд ва Самарқанд гӯйи ҷони дубора гирифта буд. Аммо афсурдагии аҷибе дар дили мо чавонони он солҳо реша зада буд. Шояд ба хотири ҷанг дар кишвари тоҷикон бошад, ки намефаҳмидем чаро бародра бародари худ кушад ва ба хоҳари худ таҷовуз кунад ва ҳатто ноқадрдонӣ аз бузургони фарҳанг, ки каме аз ин фазоро дар романи Регистон овардаам.
 
Ҳаминҳо боъис шуда буд шояд давлати маҳалӣ низ ба ин устодон ва ҳамаи бозгаштагон ҳассосияти бесобиқа нишон диҳад ва онҳоро он қадар озору азият медод, ки бисёре коми ҷангу таҳқири тоҷикистониҳоро ба таҳқири Узбекистониҳо тарҷеҳ медоданд ва дубора ҷомадонҳои бознашударо бардоштанду мерафтанд.
 
Аммо онҳо ки бо сели ҷавонони ташнаи дониш ва шаҳри холии Самарқанд бо чашми дил нигоҳ карданд, истодагӣ карданд. камн баъд бо устод Иброҳимзода аввалин барномаи ба забони тоҷикӣ роҳандозӣ кардему ман онро аввалин мучрӣ ва таҳиякунанда шудам. Каме аз ин таҷрубаҳо дар румони Регистон омадааст.
 
Қисса кӯтоҳ…
Адаш Истад яке аз он бозгаштагон буд.
 
инҳоро навиштам, ки гуфта бошам: Зодрӯз муборак устоди азизу гиромӣ.
Шонаҳоятон устувортар аз қабл бод, ки бори шаҳру варои онро бо чанд теъдоди маҳдуд мекашед ва танҳо аз дарди дигарон менависеду мегӯед. Умед дорам рӯзе аз худи шумо ва аз рӯзгори дарсоямондаи шумо ва фаъолияти устодони дигаре чун шумо бишнавем.
 
Ҳар чи омӯхтам агар аз устодоне чун шумо буда ва беш аз қабл қадрдонам аз ҳамаи шумо устодони гиромӣ.
 
Ба умеди он рӯз, ки дар ҳамаи кишварҳои форсизабон ва фаротар аз он зодрӯзи шуморо ҷашн бигирем ва бузургдошти дархури бузургиҳоятон барои шумо ва соири асотиди порсигӯи Вароруд тадорук бибинем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *