“Замини модарон” яке аз қуллаҳои насри тоҷик

13339587_10153628101281935_4183733189929165987_n

Салим Аюбзод нависанда ва рузноманигор

 Салими Аюбзод
Накде бар романи “Замини Модарон”

Румони дувуми Шаҳзодаи Самарқандӣ — “Замини модарон” яке аз қуллаҳои насри тоҷик дар оғози садаи бистуяк аст ва бо беҳтарин шева на танҳо симои зан, балки шебу фарози фурӯпошии Шӯравиро ба риштаи тасвири шоирона ва равоншиносона кашидааст. Номи китоб худ як талмеҳи нафисест ба румоннависии суннатӣ дар Тоҷикистон, посухест ба «Замини падарон» ё румонҳое мисли он, ки қаҳрамонони меҳварии онҳо мардонанд.

Муаллиф он ҳақиқатеро мегӯяд, ки ҳарчанд замин ба номи падарон пайванд мегирифт ва раисону корфармоёни сари мазраа мардон буданд, дар асл он замини модарон буд, ки бо арақи ҷабини онҳо, дастони нозуки онҳо ва муҳаббати бепоёни онҳо маҳсуле медод, ки кишварро мехӯронданд ва мепӯшонданд.

Занон дар ин замин қаҳрамонӣ мекарданд, ҳарчанд меваи корномаи онҳо насиби дигарон мегашт. Аммо кори замин, ки ба навъе барояшон дарки ҷону равонашон буд, бо он мароми мушаххас рӯзгори муайяни онҳоро ба вуҷуд меовард. Рӯйдодҳои асосии асар дар давраи инқилобии таърих – шикасти он мароми яксон қаламдод ба вуқӯъ мепайванданд. Аммо ин ҳамчунин давраи балоғати қаҳрамони меҳварии румон – дӯшиза Офтоб низ аст.

Шаҳзода дар тасвири ин воқеият ба сафи он нависандагони камшумори мо ворид мешавад, ки румонро дар адабиёти муосири мо ҷомаи нав ва имрӯзӣ мепӯшонанд. Китоби ӯ на танҳо аз лиҳози сохтор ва шеваи ҳикоят як навгонист ва бо саҳнаҳои дилнишину пуршиддаташ хотирмон аст ва бори гарони маънӣ мекашад ва чанд хатти андешаро бо ҳам мебофад.

Замин ҳамчун як мафҳуми муқаддас. Заҳмати занон. Ишқ ва кор. Ҳақиқат ва сохтакориҳо. Дӯшизае бо як дили пур аз ишқи бенишон. Ишқе, ки бояд ба харҷ равад, аммо харидор надорад. Пош хӯрдани низоми мавҷуда ва кишвари ягона рӯзгор ва орзуҳои ӯро ба бунбаст ва шикасти равонӣ мебаранд…

Бурди Шаҳзода дар он аст, ки суханаш рангин аст. Суханаш ранг аст, садост, ҳарорат аст. Чунин сухан бе хато ба нишон мерасад ва ончиро месозад, ки нависанда дар назар дошт ва ҳатто бештар аз онро ва дарки ин ба мизони сухандонии хонанда бармегардад. Бо ҳар фасле аз румон мафҳумҳо, қаҳрамонон, манзараҳо ва суханон тадриҷан ба рамзҳо табдил меёбанд. Рамзкушоии «Замини модарон» ба кандуковҳои беохир мекашонад.

Аммо муҳимтарини онҳо ин аст, ки замин бе об биёбон аст. Манзараи киштие, ки рӯйи рег дармондааст. Замини зан дили ӯст ва обе, ки ин мазрааро шукуфо мекунад, ишқ аст. Ҷустуҷӯи ин дурдона душизаро ба дуродур мебарад, то ниҳоят ба зан бадал шавад ва ин ҳақиқатро дарк кунад. Аз нахустин шеърҳояш то «Синдром и Стокҳолм» ва «Замини модарон» ва хушхабари нашр румони наваш – «Регистон» метавон гуфт, Шаҳзода ба камолоти ҳунарӣ расидааст ва шакке нест, ки дар оянда аз ӯ румонҳои нав ба наверо хоҳем хонд.

Манбаъ: Би Би Си Форси 100 Зан

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *