Паёми Фарзонаи Хуҷандӣ

پيام و دعاي نيك فرزانه خجندي، استاد عزيز و گرامي رسيد و سرم بر آسمان سايه انداخت!

Нома аз Фарзонаи Хуҷандии азизамон дарёфт кардаам ва хостам бо шумо дӯстони азиз ҳамрасонӣ кунам то бо ҳам бихонему аз бузургвории эшон лаззат бибарем:

“Салому дуруд, Шаҳзодабонуи нозанин!
Башорати хуше омад, ки Шумо ҷоизаи муътабари адабӣ дарёб кардед. То бод чунин бодо! Ин пирӯзиву нусратро, ки бо шарофати ҳунари фитратӣ ва заҳмати аладдавом дастрас шуд, бароятон шодбод мегӯям ва орзу мекунам, ки роҳи бузурги Шумо бемақтаъ бошад. Ҳоло барои ман “Замини модарон” – ро оварданд, ки армуғони саодатбахш аст. Ба Маҳдиҷони азиз салому иродатҳои бепоёни маро расонед. Шуморо мебусам.”

Ва сари ман ба осмон нарасад ба куҷо бирасад!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *