Андешаҳо дар ҳошияи романи Шаҳзода Назарова «Замини модарон»

Матлубаи Мирзоюнус

Шаҳзодаи Самарқандӣ (Назарова) соли 1975 дар Самарқанд ба дунё омадааст. Шоир, нависанда ва рўзноманигор аст. То ин дам се китоби шеъраш бо номҳои «Сабри санг»(1998), «Исёни рўҳ» (1999), «Дар сояи сафар» (2004) ва осори мансураш – романҳои «Синдроми Стокголм» соли 2011 дар Париж ва «Замини модарон» соли 2013 дар Лондон ва соли 2015 дар Тоҷикистон ва романи охири у бо номи Регистон, мохи ноябри соли 2016 дар Ландан интишор ёфтааст. Алҳол муқими Ҳоланд мебошад.

Романи «Замини модарон», ки масоили иҷтимоиву фалсафӣ ва психологиву таҳлилиро ба ҳам печида, фаро гирифтааст, тавассути бандубасти ғайриоддӣ вақту фазоро на якбору ду бор, балки садҳо бор аз ҳам баркандаву пайваста, як манзараи рўзгори воқеӣ ва сарнавишти фоҷиаомези занони шўравиро дар марҳалаи шикастани боварҳо боз менамояд. Аз назари фарогирии вақт ҳудуди он аз замони ташаккули колхозҳо то рўзгори мо ва аз манзари вусъати ҷуғрофӣ– аз Шарқ то ғарб ва дақиқтар – аз саҳроҳои Самарқанд то пойтахти Лаҳистон тўл мекашад.
Баъди мутолиаи китоб нахустин суоле, ки ба зеҳн меояд, чаро «Замини модарон» ном гирифтани асар аст. Воқеан чаро? Шояд шабеҳи модар будани замин бошад? Шояд ба дўши занон вогузор шудани тамоми корҳои марбут ба замин? Шояд муносибати модар ба замин, аз як ҷониб, ва набарди инсон бо замин ва табиат, аз ҷониби дигар?

Зимнан мавзўи меҳварӣ ва консепсияи асосии роман ҳам ҳамин аст: Модар ва Замин, Инсон ва Табиат. ҳадафи нависанда таъкид ва ҳушдор додани мардум ба он нукта аст, ки замин бо тамоми сабру таҳаммули азалӣ эҳтиёҷ ба муҳаббат ва ғамхорӣ дорад. Ва на танҳо Замин, балки об, моҳӣ, паррандагон, ҳайвонот ҳама дар як ҳалқаанд ва Инсон дар меҳвари ин ҳалқа қарор дорад, зеро маҳз аз назари ў ва дар муносибати ў ба ин аносиру аҷзоъ маънии зиндагӣ ва ғояи роман равшан мешавад.
Мусаллам аст, ки дар романи модерн сужет яклахт ва воқеоту ҳодисот пайдарпай нест ва устухонбандӣ низ ба тариқи суннатӣ– бо низоми хоси оғозу гиреҳбанд, инкишофу авҷ ва гиреҳкушо матраҳ намешавад. Романи Шаҳзода низ аз ҳамин навъи осор аст, ки аз назари замон ва ҷуғрофиё дар ҳоли печопеч аст ва бидуни назми махсусе ин ду унсури асосии асари ҳамосӣ– вақту фазо пешу қафо бурда мешавад. Фазои ҷуғрофии асар чунонки дар оғоз зикр шуд, аз саҳроҳои пахтазори Самарқанд шурўъ мешавад ва то дарёи Аралу шаҳрҳои бузурги Маскав ва Варшава идома меёбад. Барои дарёфти занҷираи воқеот бояд ҳушу зеҳнро заҳмат дод, зеро муаллиф асари худро ба бахшҳову қисматҳо ҷудо намекунад: ҳодисаву воқеаҳои замони колхозӣ бо воқеоти имрўз гиреҳ мехўранд, шахсияти қаҳрамонҳои асосии асар – модару духтар ончунон ба ҳам пайвастаанд, ки гоҳе наметавонӣин ду танро аз ҳам ҷудо кунӣ. Зимнан гўё чашми дурбини наворбардоре оҳиста гирдогирд ва болову поён давр мегардад ва вақту фазоро низ рахна намуда, ҳар воқеаву ҳодисаи муҳимро аз назари қахрамонҳои асосӣ- модар, Маҳтоб, Михаил ва Наташа ки диду нигоҳашон аз ҳам мутафовит аст, мегузаронад. Бад-ин минвол нависанда батадриҷ тағйир ёфтани арзишҳоро барои ду насл – насли замони шўравӣ, ки модар намояндаи он аст ва насли пасомада – духтари ў дар марҳалаи мураккаби гузариш аз як низоми зиндагӣ ва сохтори сиёсиву иҷтимоӣ ба низому сохти дигар нишон медиҳад.Меҳваре, ки қаҳрамонҳо ва воқеаву ҳодисоти марбут бо онҳо гирди он ҳалқа задаанд ва дар иртибот бо он арзишҳои маънавӣ ва инсонӣ ба имтиҳон гирифта мешаванд, пахта ва замини пахтазор аст. Аз назари тайини ҳақиқат ва кизби арзишҳо қаҳрамонҳои асарро мешавад ба ду сангари маҷозӣ ҷудо кард, ки дар яке модару духтар ва дар дигар – Михаилу Наташа ва дар сояҳо шоирписар ва падари Маҳтоб қарор доранд. Барои модар муҳимтарин арзиш – пахта ва замини пахтазор аст. Ў дар канори пахтазор зиндагӣ мекунад, соҳиби ҳашт нафар фарзанд мешавад, дар ҳамин мазраъ аз аввалинҳо шуда, шалвори мардона пўшида, сари чанбари трактор мешинад ва батадриҷ хислатҳои мардона пайдо мекунад, ба вазифаву мансабҳо – ноиби раис, баъдан раиси колхоз мерасад, дар ҳамин ҷо ҷавонӣ ва зебоиву назокати занонаи худро зери офтоби сўзон аз даст медиҳад, соҳиби медалу орденҳое мешавад, ки «барои ҳифзи табиат» ва «барои қахрамонмодар» шуданаш ба ў додаанд ва ниҳоят шоҳиди фурўпошии Иттиҳоди Шўравӣ ва ба ҷои заминҳои пахта қомат афрохтани биноҳои баландошёна мегардад. Аммо ин модар дар баробари як зани деҳотӣ– фарзанди замони худ будан хеле зани огоҳу дилошно аст, китобхонаи худро дорад, ба моҳияти зиндагӣ зиёд меандешад. Аз дафтари ў диду назарашро ба зиндагӣ метавон дарёфт ва ин дафтар хотироти даврони навҷавонии модар – «солҳои пур аз туғёнҳои сўзанда ва созандаи духтарест, ки дар авҷи шикастанҳои косаву кўзаҳои урфу одати маҳаллӣ қарор дорад». Ба қавли модар, «пахта мисли ноздонаест, ки таваҷҷуҳи тамоми ҷомеаро ба худ банд мекунад. Аз фарҳангиён то пизишкон, аз донишҷўён то кўдакони мактабу дабистон, аз расона то ҳунар… ҳама дар ихтиёри равнақу нумўи ў буд. Пахта худ ҷомеа буд».

Қаҳрамони марказии Маҳтоб дар айни ҳол ба унвони ровии қисса шинохта мешавад. Тамоми воқеаву ҳодисот аз чашми ў, нигоҳи ў ба мушоҳида гирифта ва аз забони ў нақл мешавад. Ў идомабахши зиндагии модар аст, аммо давраи ҷавониаш ба замони фурўпошии кишвари абарқудрати шўравӣ, замони дигар шудани арзишҳо ва ранг бохтани суннатҳои шўравибунёд мувофиқ омадааст. Роман аз лаҳзаи ба дунё омадани ҳамин духтарак дар мазрааи пахта шуруъ мешавад ва зина-зина ба камол расидану таҷриба андўхтан, гирифтор шудан ба андешаву суолҳои зиёди беҷавоб ва батадриҷ дигар шудани ҷаҳони ботинӣ ва тағйир пазируфтани ҷаҳонбинии ўро инъикос менамояд. қаҳрамони асар менависад: «Фикр кунам, аввалин чизе, ки ман аз дунёи берун дидам, мазраъаи пахта буд. Модар бо ҳамон шеваи модарона мани навзодро рўи даст гирифта ва аз панҷара ба берун нишон дод: «Бубин! Тиллои сафедро бубин! Сармояи миллии мост! Замини мост! Давлати мост! Кишвар, Ватани мост!». Мутаваҷҷеҳ мешавем ба нахустин ҳарфҳои модар ба кўдак, ки самимитарин ҳарфҳои дили ў буданд, вале дар айни ҳол монои шиор, шиорҳои замони шўравӣ, шиорҳое, ки аз эътиқод ва садоқати ин мардум сарчашма гирифта ва ҳеҷ нишоне аз кизбу дурўғ надоштанд. Баръакс, ин мардум андеша доштанд, ки ҳама чиз мегузарад, вале пахта чун меъёри ҳақиқат боқӣ хоҳад монд. Бинобар ин вақте Маҳтоб менависад, ки «Замини кишти пахта аз пушти панҷараҳои мо шуруъ мешавад ва то ҷое идома дорад, ки чашматон қодир ба дидан аст. Росташро гўям, баъд аз он ҷое, ки дигар чашматон ҳам қодир ба дидан нест, мазраъаи пахта аст», намешавад ба гуфтаи ў шак овард, зеро ҳақиқати ҳол дар замони шўравӣ барои кулли водинишинон чунин буд. Дар оғози навҷавонӣ Маҳтоб муътақид аст, ки минбаъд кори модарро давом медиҳад: «Хуб аст, ки духтарам. Мисли модарам набзи заминро ба даст хоҳам гирифт ва масъулияти бепоёни ин раванди пахтаро. Ангор медонам, ки то замин ҳаст, пахта ҳаст ва то пахта ҳаст, занон бо кор ва масъулият таъминанд».

Чунин ба назар мерасад, ки нависанда ба пайванди наслҳо зиёд меандешад ва робитаи модарро бо модарбузург ва иртиботи Маҳтобро бо модараш ончунон мунъакис мекунад, ки гоҳе хонанда дар ташхис додани онҳо саргум мезанад ва ин усули нигоришро як воситаи расидан ба ҳадафи ниҳоии бадеӣ мебавон арзёбӣ намуд. Чунончи, ҷое мегўяд: «Намедонам, модар буд ва ё модарбузург. Модари ман буд ё модарбузурги модар, ки мегуфт : «инсони хушбахт он аст, ки дунёгардӣкунад ва ниҳоятан дар ҳамон гўшае аз замин хок шавад, ки рўзгораш он ҷо шуруъ шуда бошад». Дар айни ҳол, воқияте, ки барои замони зиндагии модарбузург хос аст, пайванди табиии инсонро бо табиат ва заминиву табиӣ будани ҳама аҷзои ҳастиро собит мекунад. Ба қавли модарбузург, «дар қадим пахтаро ҳар хонавода дар ҳадди ниёзи худ кишт мекард». Модаркалон пахтаро ба дасти худ коркард намуда, нах мересид ва калоча мебофту ранг мекарду либос медўхт. Аммо ҳоло ҳама чиз, аз назари ў, маснўӣ шудааст ва нахҳо ҳам ин замон «бепадару модаранд…» Яъне модаркалон инсоне буд, ки бо сабки ибтидоӣ дар пайванд бо тамоми аносири табиат зиндагӣ мекард. Дар назари Маҳтоб ҷойхоби ў, бистаре, ки чигити пахтаашро худи модаркалон ҷудо кардааст, «ҳама бўи саҳро ва гармои офтоби тобистона медиҳад. Аз ин бистар бўи меҳнат, бўи ватан, бўи зиндагӣ ва зинда будан меомад».
Аммо модар намояндаи насли дигар аст, ў аз аввалин занҳоест, ки сари чанбари трактор мешинад, китоб мехонад, ҳамарўза дар дафтари хотироташ қайдҳо мекунад. Ў аз назари дигарон «зани оқила ва фаҳманда аст», сафарҳое ба Маскав доштааст ва он ҷо дўстоне низ дорад. Сабки зиндагии модар дигар аст ва дар ин бора худи ў низ андеша дорад, ки «Зиндагониро аз замин омухтам ва сабки зиндагӣ карданро аз трактори сурхранги колхоз, ки таку танҳо дар авҷи шайдоӣ бо замин ишқ меварзид… Вақте аз кор афтод ва тикаҳои ҷисмаш аз ҳам рехт, худро дар оғуши замин супурд ва пинҳон шуд». Модар дар баробари он ки мутаваҷҷеҳ ба зиндагии модарбузург аст, ба рўзгор ва шахсияти духтараш ва ҳамзамонони ў низ меандешад: Ба қавли ў, духтараш аз насли «сафеддастоне» ҳаст, ки робитаи худро бо замин аз даст додаанд. «Насле ҷавоназада дар гулдонҳои гармхона».

Гоҳе нависанда симои модари Маҳтобро, ки аслан образи фардист, тимсоли умумибашарии Зан – Модар мебинад. Дар назари Маҳтоб, ки дар роман гоҳе ифодагари фикру назари муаллиф ҳам ҳаст, «модар ангор дарахти чанор буд ва сояаш паноҳгоҳи марду зан. Сояе, ки пур буд аз фароғат ва оромиш… Сояи модар замини зери поямонро дар гармо хунук ва дар сармо гарм мекард». Бинобар ин ҷои шак нест, ки занону модарон – бештар аз ҳама рўҳи заминро эхсос мекунанд ва барои ҳифзи назми замин талош мекунанд. Замин барои онҳо – намое аз ҳақиқат аст ва тамоми аносири дигар – рўъё. Моҳтоб ҳам мехоҳад посдори низоми замин бошад ва ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳад назми замин ба ҳам хурад.

Аммо кадом омилҳое боис шуданд, ки пеши модару духтар арзишҳои қадимӣ ранг бохтанд, дуруғин будани онҳо исбот шуд? Барои ҳалли ин масъала Михаил Мольников – коргардони филм, Наташа, Питер, шоири ҷавон ва падари Маҳтоб мусоидат намудаанд. Албатта, касе аз онҳо андўхтаҳои худро ба сари духтару модар таҳмил накард, балки оҳиставу нарм онҳо худашон ба арзишҳои қаблӣ шубҳа пайдо карданд.
Ба қавли Маҳтоб ,«қабл аз моҷарои филм, вақте ба пахтазор нигоҳ мекардам, се чизро медидам, осмон, замин ва уфуқ. ҳарчи байни ин се қарор дошт, бароям муҳим набуд». Пас, чӣ чизҳое буданд, ки дар васати ин се қарор доштанд?

Сабаби ба саҳроҳои пахтазор омадани гурўҳи филмбардорон ангезаи маводи як рўзнома буд дар бораи зане, ки дар дарёи Арал роҳ меравад ва скелети моҳӣ мечинад. Ривояти зане аз Осиёи Миёна, ки ба унвони қаҳрамони меҳнат ва раиси як колхози маҳаллӣ фаъол буда ва ҳоло баъд аз фурўпошии шуравӣ бо ҳашт фарзанд бидуни кор ва дар сахтӣ ба сар мебарад. Аммо матлаби филмбардорон барои Маҳтоб ва модари ў ҳанўз маълум нест. Ва хонанда ин нуктаро аз навиштаи зерин дарк мекунад: «Дар тўли муддати филмбардорӣ суоле дар дил доштам: «чаро пахта?» Таваҷҷўҳи коргардони филм (Михаил) ба кишти пахта шигифтовар буд. Ў дар пахта чизеро медид, ки барои ман пинҳон буд. Бо эҳтиёт пахтаро мегирифт ва бўй мекард. «ҳмм… бўи барфу борон медиҳад». Ва ё як каф хокро ба даҳон мебурд ва забонашро дар он фурў мекард. Хокро дар даҳонаш чалап-чалап мекард ва нарм-нарм мемакид. Боре гуфта буд: «хоки ин ҷо, ба ростӣ, бўи дарё медиҳад. Бўи дарё?» Маҳтоб мехоҳад дарк кунад, ки чаро пахта бўи дарё дорад. Бори дигар аз ҷониби Михаил суоли дигаре матраҳ мешавад: «ин об ба куҷо меравад?». Китфонамро боло кашидам. «Аз куҷо шуруъ мешавад?» Ин бор ҳам сар такон додам. Воқеан намедонистам ва ё шояд дар ин бора фикр накарда будам. Фикр накарда будам, ки об ҳам аз ҷое шуруъ мешавад ва дар ҷои дигаре хатм. Ин суол мисли як дона дар зеҳнам фурў нишаст, ҷавона зад ва шукуфа овард. Шукуфаҳояш суолҳои нав ба нав таҳвилам дод». Маҳтоб батадриҷ посухи ин суолҳоро меёбад ва дар ин кор ба ў шоири ҷавони андешаманде мадад мекунад. Маҳз дар дасти ў Маҳтоб рўзномаеро бо акси тифлҳо ва барраҳои дукалла аз соҳили баҳри Арал мебинад. Ва маҳз дар ҳамин ҷо ў аз мавҷудияти баҳри Арал ва мушкилоте, ки ба сари он омадааст, воқиф мешавад. Ва ин ҷавони ҳушманд, ки ба масоили табиат ва инсон меандешад, бо навиштаҳои худ боз ҳам ўро ба матолиби дигари муҳим мутаваҷҷеҳ мекунад. Навиштае дар пешдомани ў: «Худо ҳофиз, пахтаҳои худхоҳ, ки рўҳи дарё чашидааст так-таки донаҳои шумо!» ва истилоҳи «пахтаҳои худхоҳ» ончунон зеҳни Маҳтобро машғул мекунад, ки ба қавли худаш «ангор дар хунам рафтуомад мекард. Гуфтам: «манзур аз он навишта чӣбуд? Гуфт: «баъд аз дидани акси дарёчаи Арал навиштаам. ҳатман рабте бо ҳам доранд». Бо дарки моҳияти ин суолҳо инқилоби фикриро дар рўҳи Маҳтоб мушоҳида мекунем: «Бори аввал робитаи дарёча ва кишти пахтаро аз ў шунидам… Ин пахтаҳое, ки мебинӣ, моҳиёне будаанд дар обҳои Арал».

Маънии бедор шудан, ҳақиқати зиндагиро дарёфтан барои падар низ фаҳмост. Ин ки ў муқобили ронандаи трактор шудани духтараш аст ва мехоҳад ў босавод бошад ва низоми ҷомеа тағйир пазирад, ҳамин матлабро равшан мекунад. Моҳияти ақидаҳои ў ва назари ўро ба зиндагӣ аз гуфтори зеринаш метавон пай бурд: «То ин сохтори амиқи ҷомеа барпост, хеҷ унсури модерн сари пой нахоҳад истод, мефаҳмӣ, фарёд мезад падар. То касоне мисли ту бедор нашаванд, тағйире ба вуҷуд нахоҳад омад!!!»
Дастоварди муҳими муаллиф дар роман ногуфта мондани матолиби асосӣ аст, ки хонанда онро худ зина ба зина аз пайи қарамони асосӣ кашф мекунад. Дарёфтан мушкил нест, ки нависанда ду нуқтаи назари мутафовит аз ҳамдигарро муқобили ҳам мегузорад ва аз ин бархўрди назарҳо стереотипҳои шахшудаи зеҳни қаҳрамони асар мешиканад ва нигоҳаш ба зиндагӣ тағйир меёбад. Ў батадриҷ аз қолаби сангини одатҳо мебарояд. Замоне ў яке аз онҳое буд, ки барои ҳар кафи пахта ҷон мефишонд. Аммо вақте нақши модарро барои филм бозӣ мекунад ва он рўзи борон, ки бояд мардумро аз тарк кардани саҳро манъ мекард, медид, ки мардум бидуни саркашӣ ба ў итоат мекунанд, меандешад, ки «мардум метарсанд? аз пахтаи тар ё аз хашми раис?» Ва худаш посух мегўяд, ки «Мардум наметарсанд, балки ба фикрашон намерасад, ки метавонанд кори дигаре ҳам бикунанд, интихоби дигаре ҳам дошта бошанд», яъне фикрҳои мардум қолабӣ шудаанд ва онҳо берун аз ин қолаб по намегузоранд, зеро барои тафаккури интиқодӣ одат накардаанд ва майл ҳам надоранд. Маҳтоб зери борон медавад ва фикр мекунад, ки модар воқеан золим аст ё қаҳрамон? ҳамин фикр ва ҳамин суол, ки ҳақиқати барои модар бебаҳсро зери шубҳа мегузорад, барои ташаккули андешаи нав басо муассир аст. Минбаъд ў фикр мекунад, ки «воқеан ин пахтаҳо ба чӣ дарди мо дармон мешавад? Бо ин ки медонистам, модар аз ин тардидҳо дар дил надошт ва ҳеч боре ҳам бо шак аз ин пахта нанавишт, оё ин далел мешавад, ки ман ҳам бояд мисли ў бошам?… Намедидам ва намедонистам, ки ин пахта барои чист ва ё барои кист? Ин пахта давои дарди ҷомеаи мост ё далели дардҳои фаровони мо?»
Дар роман ду унсури муҳими бадеӣ– яке ҳофиза ва дигаре самбулҳое ҳастанд, ки тавассути онҳо адиб ғояҳои худро рўшан мекунад.Бо истифода аз усули ретроспективӣ муаллиф моро бо гўшаҳои торике аз зиндагии қаҳрамон шинос мекунад. қаҳрамони марказӣ– Маҳтоб, ки бар асари тасодум ҳофизаи худро гум мекунад, баъди сиҳат шудан тика-тика рўзгори мозии худ ва модарашро дар хотирааш барқарор мекунад. Зиндагии ин ду тан ба ҳам печидааст ва Моҳтоб, ки дар филм ба ҷои модар нақш меофарад, ончунон ба зиндагии ў ворид шуда, ки гўё ҳарду як тан ҳастанд. қаҳрамони асар моил ба андеша ва дар хотир зинда кардани гузашта аст: «Мешавад тундтар роҳ рафт, мешавад тундтар давид, мешавад савори дучарха шуд, савори қатораву ҳавопаймо шуд, аммо тарҷеҳ мениҳам зери дарахте бинишинам ва парвоз кунам ба даврони рафта ва решаҳои ояндаро дар он ҷустуҷў кунам».

Дар роман хеле масоиле низ мавриди назар аст, ки аз навоқиси иҷтимоиву маънавӣ ва ахлоқии мардум ва ҷомеа хабар медиҳад: ришвахорӣ дар марзҳо, ришвахорӣ ҳини дохилшавӣ ба донишгоҳ (сарф шудани маблағи даҳ сар гўсфанд), холӣ мондани донишгоҳҳо дар мавсими пахтачинӣ, нобуд кардани китобҳое, ки дар онҳо акси Ленин ё калимаҳои СССР-у «тоталитарӣ» ҷой дорад, аз китобҳои ҳофизу Хайём сохтани ҷаъбаҳо барои тухми мурғ, истисмори меҳнати кўдакон ва коркушта кардани онон, мафҳуми «савод» ва сатҳи саводомўзӣ дар мадорису донишгоҳҳо, мавҷудияти сонсури шадид барои осори ҳунарӣ, аз ҷумла дар мисоли филми «Тиллои сафед».

Як самти андешаҳои адиб бо қаробат ва пайванди бани башар, шарқу ғарб алоқаманд аст. Нависанда намояндагони миллатҳои гуногун – тоҷикону русҳо ва лаҳистониҳоро бо хулқу хў ва расму одатҳои хосашон ба тасвир мегирад. Михаилу Наташа Питеру Нинахола, падару модари Наташа, Луказ – нафароне, ки ба зиндагии Маҳтоб ворид шудаанд, ҳаргиз бегона нестанд. Бо он ки ҳар халқ нишонаҳое ба худ хос дорад, ин вижагиҳо мавриди муқобала қарор нагирифта, баръакс сифоти писандидае ҳастанд, мисли «меҳрубонии русӣ, ки ранг, бўй ва таъми дигаре дорад. Меҳрубоние, ки хориҷ аз расму одат аст ва зуд сироят мекунад». ҳатто дар сурати эҳсоси тафовут ҳам, яке бар дигаре тарҷеҳ дода намешавад. Чунонки Наташа мегўяд: «Мо русҳо шодӣ мекунем ва худро барои фардо омода, аммо шумо шарқиҳо имрўзро бо сахтиву ранҷ мегузаронед ба умеди шодиҳои фардо. Намегўям, кадомаш беҳтар аст, намедонам, кадомаш беҳтар аст».

Як масъалаи мавриди таваҷҷўҳ ишқ аз назари Маҳтоб ва модари ўст. Онҳо дарк кардаанд, ки «бе ишқ хатто дарё ҳам нотавон аст». Дар назари модар, ишқ тўҳфаи бузурги яздонист, ки ба ҳар кас муяссар нест.
Ў фироқро сабаби номурӣ ва ҷовидонагии ишқ ва висолро боиси таназзул меҳисобад. ҳикояти ў дар бораи гули ошиқи печон ва ниҳоли пахта, ки дар оғўши ҳамдигар беҳосил мемонанд, вале дур аз ҳамдигар ғарқи гул мешаванд, зимнан бозгўи назари ў ба ин масъала аст. Маҳтоб дар оғоз гўё бо модар ҳамназар аст. Ў низ мисли Фурўғи Фаррухзод, ки «ман ба поёни он надорам кор, ки ҳамин дўст доштан зебост» гуфта буд, андеша дорад, ки «муҳим муҳаббат ва рўзҳои хушест, ки гузашт». Барои ў бори аввал дўст доштан, аз нигоҳе даступо гум кардан, гармӣ ва ҷозибаи дасти ёрро эҳсос намудан, бўйи атри ошноро шамидан, садои рўҳнавозро шунидан ҳама хеле муассиру хотирабарангезанд. Аммо барои хонанда нофаҳмо мемонад, ки чаро Маҳтоб, ки ошиқи Михаил буд, дар айни ҳол ҳамсари шоири ҷавон аст ва дар Варшава бо Луказ ном ҷавони лаҳистонӣ висол меҷўяд. Кадоме аз ин ҳамбастагиҳо ишқи ростин аст? Ба ин суол хонанда наметавонад посух ёбад.Шояд нависанда тафаккури қаҳрамони худро ба андозае иваз кардааст, ки як духтараки шарқии деҳотӣ тамоми қолабҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва ҳатто ахлоқиро шикаста, ба як инсони комилан дигар табдил ёфтааст. Бинобар ин, ба назар чунин мерасад, ки саҳифаҳои охири роман, хоса муносибати миёни Маҳтобу Луказ як андак бо шитобзадагӣ сурат гирифтаанд.

Яке аз самбулҳои пуристифода дар ин роман офтоб аст. Офтоб яке аз исмҳои духтар ва ҳам исми модари ўст. Нақши офтоб дар роман дугуна аст. Гоҳе он чун тимсоли нуру рўшанӣ ва гоҳе чун як ҷирми осмонии бешафқат дар зеҳни қаҳрамон ҷилва мекунад. Дар утоқҳои бемористон духтарак дар ҳама ҷо нақше аз офтобро дар ҳоли бехудӣ кашидааст. Тамоми девору ҷойхобу фарш пур аз нақши офтобҳои гуногунсурат аст. Ў офтобро ҳар бор ба гунаи дигаре мебинад. ҷое омадани Наташаро чун тулўи офтоб шарҳ медиҳад ва рафтанашро чун фарорасии торикиву ғам. ҷои дигар офтоб дар назараш мисли мардҳо бегонаву бераҳм аст. Аз замин фосила доштан, ба мардум раҳм накардан, назорагари бетафовут будан, ба андешаи ў, ҳама хислатҳои мардона аст.

Самбулҳои дигаре, ки нависанда фаровон ба кор гирифтааст, дафтар, пахта, дурбин, навор, трактор ва киштӣ аст. Дафтар тимсоли ҳофиза аст, чунин дафтарро модар, Маҳтоб ва Наташа низ доранд. Пахта – меҳварест, ки тавассути он арзишҳои ду насл муайян карда мешаванд. Трактор, агар дар оғоз мисли шабаҳи муқаддасе бошад, дар охир оҳанпораи танҳову ғарибест, ки дар мағзи замини кишт пинҳон шудааст. Дурбин василаест барои зиндагии мардумро сабт кардан ва дигарбора бо чашму нигоҳи коргардон ба онҳо нишон додан. Дурбин ва навор – мисли дафтар ифодагари ҳофизаи инсон ҳастанд. Киштӣ тимсоли пойдории об аст, аммо пўсидану дар рег дармондан ва торик будани он нишони ҷаҳолати инсон ва иштибоҳи ў дар муносибат бо дарёст. Рўъёе, ки дар сурати киштии бузурге пеши назари модар ҳамеша пайдо мешавад ва буғ мезанад, гўё ўро – инсонро ба мадад мехонад, барои ҳалли ҳадафи нависанда – нишон додани оқибати зўроварӣба табиат коргар омадааст. Вақте Маҳтоб филми «Тиллои сафед»-ро мебинад, мехоҳад батакрор лаҳазоти охирини онро тамошо кунад. Бубинад, ки «он духтар, ки дигар пир буд, куҷост ва чаро нишонҳои сари синаашро ба пойи киштиҳои пўсида гузошт». Нишонҳои ба заҳмату ҷоннисориҳо ба даст оварда, ки ҳосил ва натиҷаи зиндагии ў буданд, маълум мешавад, ки ҳама аслан на барои ҳифзи табиат, балки барои зарар овардан ба он дода шудаанд ва талошҳои ў дар ниҳоят ба марги Арал оварда расонданд ва акнун ҳазор зану мард саъй кунанд, ки канали нав кобанд ва дарёро ба маҷрои худ баргардонанд, дигар фоида надошт, зеро дер шуда буд, моҳиҳо ҳама мурда, оби дарё заҳролуд шуда, киштиҳо пўсида буданд. Дар назари қаҳрамони асар Михаил гўё ҳамон киштиест, ки модар дар кобусҳояш медид. Киштие, ки буғ мезад: «биё, он ҷо намон!» ва ин аст, ки пўсидану ба реги дарёи хушкида андармон шудани киштиро нависанда ба ҳоли Михаил дар рўзҳои охири умраш, дар ҳоли гирифторӣ ба бемории саратони хун ва назъи ҷон ба қалам медиҳад. «Михаил мисли Арал хушк шуда буд ва офтоби бозуяш пажмурда». Офтоби бозу пажмурда шудан гувоҳи берамақӣ ва хушк шудани шарёни зиндагӣ дар вуҷуди инсон аст, ки басо зебову шоирона гуфта шудааст.

Дар лобалои ин асар ҳама ҷо сухан аз нигоҳ, садо, бўй, ранг, сукут, руъё меравад. Ин вожаҳо, ки аслан хоси шеъранд, дар сафаҳоти роман борҳо такрор мешаванд ва ба асар ҷазбаи шоирона ва фалсафӣ мебахшанд. Аммо дар миёни вожаҳои калидии роман мақоми аввалро вожаи «ангор» дорад, ки садҳо маротиба такрор мешаванд ва бад-ин васила сафарҳои қаҳрамони марказӣ ба ҷаҳони андешаву рўъё ва хотираву ёдҳо таъкид мешавад.

Забони асар хеле зебову шоирона аст. Чунин ба назар мерасад, ки нависанда дар бораи рўҳи вожаҳо ва хусусиёти онҳо зиёд андеша мекунад ва ин андешаҳо аз сари қаҳрамонаш ҳам мегузаранд:
«Вақте менависад, вожаҳо хамёза мекашанд, бедор мешаванд ва ба ҳамдигар ба тарзи аҷибе васл мешаванд. Шуруъ мекунанд ба роҳ рафтан. Вакте дунболашон мегардам, ба нигоҳам мисли бодбодаке баста мешуданд ба риштае беохир».

Ҷумлаҳо маъмулан кўтоҳу пурғунҷоишанд. Мисли ин намунаҳо: «Беқарорӣ дар хунам ҷастухез мекард», «Хушҳолӣ рушд мекард дар дилам», «Борон силӣ ба сурати пахтаҳо мезад ва ғуруб шоли махмалине шуда буд бар шонаи саҳро. Ва ман медавидам, то кашф кунам боронро, табиатро, мардумони гирифтори одатро», «Садоямро пур кардам аз таъми умед», «Нигоҳам дар пои он қатра печидааст ва дунболи он роҳ афтодааст». Чунонки мебинем, нависанда ташхису истиора ва маҷозу ҳисомезиро, ки аслан хоси назм ҳастанд, дар роман фаровон ба кор гирифтааст, ки нишонаҳое аз сабки инфиродии ўст. Дар баробари ин ў вожаву таркибҳои барои насри имрўзи тоҷикӣ нодирро бамавқеъ истифода мебарад, ки бархе хоси манотиқи гуногун буда, бархе аз забонҳои хориҷӣ тавассути тарҷума ба забони форсӣ роҳ ёфтаанд: «зерзамини бойгонӣ», «худрав», «худкор», «камарғафс», «хушшонс», «шухиҳои қурунивастоӣ», «дўстписар», «сафеддаст»… Зимнан, чунин ба назар мерасад, ки муаллиф саъй кардааст забони таълифоташ барои кулли форсизабонон фаҳмо бошад. Ба андешаи мо, бисёр хуб аст, ки як адиби хушзавқи зода ва парвардаи Самарқанди бостонӣ, ки дар кишварҳои дигар бо ҳамзабонони бурунмарзӣ ошноиву қаробат дорад, дар таълифоташ низ мехоҳад забони на як маҳаллу минтақа, балки роиҷу фаҳмо барои кулли форсизабононро истифода барад. ҳарчанд баъзе ҷумлаву таркибҳое низ ҳастанд, ки дар назар нофаҳмо ва нохушоянд менамоянд: «Се моҳ аз ту бидеҳкор ҳастем» (саҳ. 37), «Навиштаҳое ки тамоми ҳафта байнашон парса задам…Задам зери гиря… Суратамро ба дил фишурдам» (саҳ.50), «хандаи хашдор» (саҳ. 57), «нигоҳаш ангор манг аст» (саҳ.77), ҳолати таҳаввуъ, бўйи турши истифроқ (саҳ.72) , «ангор дар як кумое будаам» (саҳ. 108), «эҳсоси истифроқ» (саҳ.108). Илова бар ин иштибоҳоти техникӣ низ дар матн кам нест.

Аммо ин навоқис дар киёс бо аҳдофи асосӣ ва матолиби муҳиме, ки ҳалли бадеии худро ба ваҷҳи аҳсан дар ин роман ёфтаанд, хеле ҷузъӣ менамояд. Бинобар ин мо ба андешаи муҳаққиқи соҳибназари тоҷик Шамсиддини Солеҳ, ки ин асарро нотакрору нодир ва хонданиву хотирмон меҳисобад ва чун падидаи ҷолиби адабӣ арзёбӣ мекунад, комилан ҳамназарем. Воқеан ҳам назари тозаву моҳиятҷўи нависанда, бандубасти ғайриоддӣ, самбулу рамзҳо ва забони ноби шоирона ин асарро чун бозёфти бадеии насри муосири тоҷикӣ муаррифӣ мекунад.

Декабри соли 2016

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *