Порае аз Хотироти Модарам Донагул Назарова (1)

(Аз инчо метавонед ба даст оред)

Ман даврони кудакиро надидаам. Аз замоне ки худро мешиносам мехнати сахт буду бас. Модарам касалии дил дошт. Падарам бошад инсони дарсхонда буданд аммо бадкахр буданд. Дар шонздахсолаги ба чанги фашистхо рафта буданд ва соли севуними чанг як пояшонро аз даст дода буданд. Падарам чун саводи хуб доштанд ва русиро хуб харф мезаданд ва хам хуб менавиштанд. Баъд аз баргашт аз фронт ба унвони масъули махалли машгул ба кор шуданд. Баъдхо магозадор шуданд дар ягона манозаи давлати ки дар дех буд. Дар солхои аввал падарам хуб буданд ва хам ба мо ва хам ба хешутаборхо мехрубон буданд.

Ба хонаи мо аз рохи дур мехмон зиёд меомад, бо асбхо, бо уштурхо. Дар дехаи мо як мошин буд. Онро палатурка мегуфтем. Ронандаи он Туйчи бобо буд. Ман он касро бисёр хурмат мекардам.

Падарам як руз ман ва бародарамро ба тамошои шахри Самарканд бурданд. Ин руз дар ёди ман як умр монд. Барои ман руймол, лента, пальтои махмалин ва кафши сурх хариданд. Барои бародарам хам. Ин гуна либосхоро дар дехаи мо хеч кас надошт ва намепушид. Ман аз ин шод будам аммо дар даруни дилам ношод. Чунки падарам як машруб нушанд то нух-дах руз менушиданд ва то субх хоб нарафта чангу чанчол мекарданд. Модарамро мезаданд. Мо кудакон дар вакт вакташ хурок хурда наметавонистем. Ман ба укохоям дилам месухт. Бародари хурдиамро дар гахвора мебастам ки хунук нахурад. Хаво сард буд ба хусус шабхо. Вай ки мемезид ман хушкаш мекардам.

Як сандали доштем. Зимистонхо зери он оташ мемондем. Барои ман оташ равшан кардан ва зери он гузоштан душвору мушкил буд. Чунки бориш зиёд буд ва хамеша боми мо мечакид. Хезум тар мешуд ва оташгирифтанаш махол буд. Барои хамин аст ки то ба хол тирамоху зимистонро бад мебинам.

Падарбузурги падариамро бисёр дуст доштам. Он кас бо ман хеле мехрубон буданд. Барои хамаи мо сарпанох буданд. Зани дуввум гирифта буданд. Санавар биби ном дошт. Хар бор ки модарам бемор шаванд Санавар биби ба кумаки ман меомаданд. Корхои хонаро ва хам нигахдории кудаконро бо хам анчом медодем. Холо хам бархаёт хастанд.  То хол хар бор ба хонаам биёянд, хадя медихам, хурсанд шуда асозада мераванд. Аммо падарбузург ва падарам даргузаштанд, рухашон шод бошад.

Ман аз падарам аз як чиз миннатдорам ки моро мачбур мекарданд китоб хонем. Худашон хам  хофизаи хуб доштанд ва шеъри зиёд аз ёд мехонданд.

Мо як мехмонхона доштем ки ду бародарам ончо мехобиданд. Дар пештоки он хамеша акси Ленин, Сталин, Маркс, Энгелс ва акси модарбузургам, яъне модари падарам овезон буд. Падарам одат дошт ба ин раддаи портретхо нигох карда “хонед-хонед боз хонед” гуён бо асояшон ба хар кадоми онхо ишора мекарданд ва мегуфтам аз онхо ёд бигирем инсони бузург шавем. Падарам моро хеч вакт назадаанд аммо мо хеле аз он кас метарсидем ва хар чи мегуфтанд бе чуну чаро анчом медодем.

Падарам ба шахр зиёд мерафтанд ва китоби зиёд меоварданд. Дар мехмонхонамон ду чевони китоб доштем ва дар якеаш китобхои дарсиамон ва дар дигараш китобхои адабии шаъру достон чида будем. Умари Хаём, Бедил, Хазору як шабро хуб дар ёд дорам.


Бародарам Курбон, чояшон чаннат бошад умри зиёд надиданд ва сад афсус ки дар панчохсолаги даргузаштанд. Дар вакти бекориам хамрохи Курбон-акаам дар хамин мехмонхона расм мекашидем. Хар ду портрет кашиданро машк мекардем. Портрети Рудаки, Бедил, Зебуниссо, Чоми, Саъдии Шерози, Умари Хаём, Хофизи Шерози, Низомии Ганчавиро мекашидем. Хамаро дар девори хонаамон овезон мекардем. Расмкаши моро саргарм мекард, аз гаму гуссамон кам мекард.

Ман духтари бузург ва Курбон акаам писари бузурги хонавода будем. Хар ду одат доштем бо хам аз орзухоямон сухбат кунем ва орзухои баланд кунем. Курбон ака ба ман бисёр чизхоро ёд доданд. Хама чизро бо хавсала ва бо оромиш ба ман мефахмонданд. Хеч вакт асабони намешуданд.

Курбон акаам дар синфи ёздах мехонданд ки як шонаашон аз чой баромад. Аз ман мехост пушташро, хамон шонаи аз чой баромадаро бо поям зер кунам. Руйи замин бо сина мехобид ва ман бо поям пушташро зер мекардам. Аз дард оби чашмам мерехт аммо аз ман хохиш мекард ки ба модарам нагуям.

Бародарам хамеша ба ман мегуфт мо бояд ба ин азобхо тоб биёрем, дарс хонем, инсонхои бузург шавем ва ба фарзандонамон илму маърифат ёд дихем. Ин харфхоро хамеша мегуфт, ба хусус вакте муйхои маро шона карда мебофт. Хамеша лента мебаст ва мегуфт духтарбача бояд хамеша муйхояшро дар вакташ шона занад, либоси тоза пушад. Шабу рузамон ин гуна мегузашт.

Ман синфи панч мехондам ва хамир карда дар танур нон мепухтам. Модарам назди танур равад дилаш мезад ва ба замин меафтод, рангаш сафед меканд. Ман хама корамро партофта пойи луч ба хонаи дуктур медавидам. Дуктур ба модарам сузандору мезад ва у ба худ меомад. Тавонаш ба нигахдории бародари хурдакам мерасид. Бакия корхои хонаро мо фарзандони бузургтар таксим карда будем. Алафдарави, хезумшикани, бом лойзадану андоваро бо хам анчом медодем. Дар бог катошка, пиёз, сабзи, кабуди, райхон ва гул мекоштем. Ман гулхоро дуст медоштам. Хар чо гул бинам, намуна оварда дар лаби чуйборамон мекоштам. Ин одати маро падарам хеле дуст медоштанд ва ба ман духтари гулкор мегуфтанд.

Хохараконам Марям ва Шоиста духтаракони дуструй буданд. Онхоро нагз медидам ва хеч вакт иллат намекардам. Ягон бор хам онхоро назадаам. То холо Мухаммадзиё, Файзали, Мирчахон бародарони хурдиамро хам назадаам ва аз онхо нагз нигохдори кардаам. Дар кудаки хислати мулоим доштам. Маро хам дар хона ва хам дар мактаб хама нагз медиданд. Аммо модарам аз озорхои падарам бетобу бетокат мешуд ва бо мо кахру дагали мекард. Вакте асабони мешуд, хохарону бародарон фирор мекарданд аммо ман бошам не, бояд ман лат мехурдам то у ором шавад. Ба модарам дилам месухт, ба у хеле рахмам меомад.

Падарам модарамро мезад. Чунон мезад ки аз сараш хун чори мешуд. Ман захмхояшро мешустам ва дору мемолидам, либосхом даридаву хунолудашро кашида либоси тоза мепушондам.

Аввалхо падарамро бад медидам, чунон бад медидам ки мехостам дар шаби хобаш мурад. Шабхо дуъо мекардам ки худочон, чони падарамро гир. Аммо баъдхо фахмидам ки падарам бемории рухи дорад.

Модарам хамеша ба мо мегуфт, мо хеч вакт падаратонро намепартоем, вай дар чанг бемор шуда аст. У барои дифоъи Ватан пояшро курбони кардааст. Мо бояд ба хамаи озорхояш тоб орем, то охири умраш аз у нигахдори кунем. Хамин тавр хам шуд. Модарам то дами охири умри падарам ба у тоб овард.

Модарам хамеша аз худо мехост ки чони падарамро танхо се рузакак зудтар бигирад то се руз аз зиндаги нафаси рохат бигирад. Падарам беш аз се руз зудтар даргузашт ва модарам дах сол баъд аз марги у зиндаги кард.  

Модарам зани бофахм буд. Бо хамсояхо бо арусхо мехрубон ва босабр буд. У ду бор ба муддати дароз дар бемористони шахри Самарканд табобат шуда буд ва аз ончо хам забони руси ва хам забони узбекиро омухта буд. Савод дошт ва бо хатти лотини менавист. Замони мадрасаи онхо солхои си мелоди омузиш ба хатти лотини буд. Баъдхо кирили шуд ва мо хама бо хатти кирили омузиш дидем.

Яке аз одатхои модарам афсонахони дар шабхои дарози зимистон буд. Даври сандали менишаст пахта чигидак карда дар равшании чароги карасини аз китобихои руси ва узбеки афсона хонда ба мо тарчима карда медод. Афсонахои зиёд медонист. Хофизаи хуб хам дошт ва шеърхои халки бисёр аз ёд медонист.

Падарам як руз родио оварданд ва ин аввалин радио дар дехаи мо буд. Хама омада онро дида, даст зада ва гуш дода мерафтанд. Ман радиоро нагз медидам аммо дар руз вакти ба он гуш додан надоштем. Шабхо ман бо хохарам Марям дар як чойгах мехобидем ва радиоро дар багал гирифта то хобамон бурдан ба он гуш медодем. Аз радио сурудхои зиёд шунида аз ёд мекардем ва ба мактаб рафта ба дигарон хам мехондем. Ману хохарам то хол суруд мехонем.

Дар ёд дорам як руз падарам маст омад ва радиоро ки хамеша руйи тиреза мемондем гирифт ва ба сари модарам партофт. Радио аз суфра пойини пичча афтод ва тика пора шуд. Ману Марям тамоми порахоро чамъ кардем ва бо банд бастем аммо дигар намехонд. Се руз тамоми симхояшро ба хам пайваст кардам то ин ки боз хонд.

Аз он баъд радиоро рузона руст мекардам ва шабона зери чойгах оварда бо садои паст бо Марям гуш мекардем. Мактабро хеле дуст медоштам. Он кадар дуст медоштам ки дилам намехост ба хона биёям. Дасрхо тамом шавад фаршхоро шуста бештар мемондам. Дар синфхои 7,8,9,10 ва 11 камхарф шуда будам. Китоб мехондам, расм мекашидам, бо касе харф заданам намеомад. Гулдузи мекардам. Ба куххои баланди Оксой нигох карда дар он суйи кух чи бошад гуён фикр мекардам.

(Идома дорад)

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *