Нома аз Иброҳими Гулистон

samarghandi 18.07.15samarghandi 18.07.15samarghandi 18.07.15samarghandi 18.07.15-edИброҳими Гулистон аз нависандаҳо ва филмсозони маъруфи форсизабон аст ки дар рушди шахсияти  Фурӯғи Фррухзод ва сохти  филми мондагори “Хона Сиёҳ” аст аз ҷониби ин шоъираи шинохта нақши муҳимме доштааст. Ӯ аз касоне аст ки на ҳар навишта ва на ҳар нависандаеро меписандад ва қабул дорад. Дарёфти номаи самимӣ аз ӯ ки гуфта ҳар ду румони ман “Синдроми Истокҳолм” ва “Замини Модарон” ро хонда ва таҳти таъсир қарор гирифтааст, беҳтарин хабари ин сол барои ман буд. Ҳеч вақт худамро ба ин андоза нависанда эҳсос накарда будам. Ҳоло дар оромиш, бидуни тардид ва бо камоли эътимод ба нафс метавонам бигӯям, ман нависанда ҳастам.

golestan3Дар акс Иброҳими Гулистонро мебинед ки аз болкони қасри худ дар Бритониё ба сели асбҳои ваҳшии худ нигоҳ мекунад, қасре ки бахти дидор аз онро доштам. Ҳудуди 15 сол пеш вақте дар Ландан зиндагонӣ мекардам. Марди фозиле чун ӯ рӯзгори мо кам дорад.

Аз ин чеҳраи адабӣ ва синамоӣ метавонед дар сафҳаи мухтаси ӯ дар википедия бештар бихонед.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *