Достони пурчилои Мохтоб

     Шамсиддини Солех

(Дар накди румони “Замини Модарон”)

     Инсон, замин, модар, ишќ ва зиндагї рукнњои устувори андешаи нависандаест, ки рўзгори муќаррарии иљтимоиро аз тариќи дурбини филмбардорї дар пањнои рангини маконї ва дар маљрои босуръати замонї мебинад, ламс мекунад, ба риштаи тасвир мекашад ва пешорўи хонанда мегузорад, то мо њама он чизњоеро, ки дар зиндагї дурусту амиќ дарку ташхис намекунем, аз ин васила расидагї намоем, ба умќи њаводиси пасисарнамудаи худ бо чашми ибрат бингарем ва зебоию зиштї ва расоию нољўрии онро дарку маърифат карда бошем.

         Пањно ва вусъати фазои бадеї дар ќиссаи «Замини модарон»-и Шањзодаи Самарќандї то ба дараљае густарда аст, ки пахтазорњои муќаррарии ањди Шўравї, манзилу макони кишоварзони дењотї, хиёбону гулгаштњои Самарќанди бостонї, рўзгори пурхурўши шањрњои бузурги Москваю Варшава, трактори кўњнаи колхозї, киштию бањри азим, Арали аз ташнагї синабирён бо низом ѓунљоиш ёфтаанд.

10575243_10152700799692287_1886109214785474317_o

Нависанда бо дарку эњсоси амиќи фољиаи рўзгори ањди колхозї, муносибат ва самимияти баланди байни одамон, ишќу муњаббат, андешаю афкор ва орзую ормони онњо ќалам меронад ва хонандаро бо рангомезињои љолибу хотирмони зиндагї, бо диду шинохти дигар ошно месозад. Назари њунармандонаи Шањзода аз нигоњу назари муќаррарии мо тафовут дорад ва ин фарќият он аст, ки мо њама чизро бо ранги аслияш мебинему маърифат мекунем, вале ў аз онњо маънию мазмунњои наву тоза, падидањои шоиронаеро дарку кашф менамояд. Мањз њамин диди шоирона ва зебоиписандонаи Шањзода дар љўякњои пахтазор, дар ѓурришу њаракати трактор, дар табдили шабу рўз, дар њолати замину осмон, дар њаракатњои гурўњи филмбардорон, дар пахтачинї, дар мактабхонї ва ѓайра ашёю њолатњоеро ошкор месозад, ки њар яки онњо дар зиндагии инсон, дар рўзгори шахсиятњои достонї муассиру муњиманд.

Воќеањои ќиссаи Шањзода чунон густарда ва чунон ба њам печидаанд, ки яке дигареро такмилу таќвият мебахшад ва дар маљрои онњо се чиз аст, ки тамомият ва ягонагии созмони бадеии асарро таъмин месозанд. Замин, Осмон ва Инсон њар яке нуќтањои мењварї дар консепсиюни эљодии муаллиф буда, дар маљрои наќл самти њаракати хатњои сужети ќиссаро танзим менамоянд. Аз нигоњи Шањзода дар рўи замин њама чиз бо њам дар назму иртиботи бевосита ќарор доранд ва мо инсонњо ба моњияти ин њамбастагии азалию адабї камтар таваљљўњ зоњир менамоем.

Худи инсон њам дар мисоли Мањтоб зодаи хоку замин аст. Њангоми зоданаш ба ќавли модараш «бистараш замин ва саќфи рўи сараш осмон буд». Ба њамин сабаб назари ў ба зиндагї, мантиќи ў бо мантиќи ононе, ки дар бистари гарм ва њуљраи сарбаста ба дунё омадаанд, фарќ дорад. Вай аз хона ва зери саќф метарсад, зеро хатари фурў рафтани онро эњсос мекунад, аммо ба назараш осмон фурў намеравад. Ин ќабил фарзандон «њељ гоњ хонагї нахоњанд шуд» гуфтани модар њам безамина нест. Ў инро аз таљрибаи худ, аз таљрибаи зиндагии гузаштагон медонад. Аз тарафи дигар, ин модар модари одї нест, вай занест, ки «бори аввал шалвори мардона ба бар карда калиди тракторро тофтааст». Саргузашту достони зиндагии ў дар дафтари хотироташ сабт шудааст ва ин дафтар њам аз дафтарњои маъмулї нест ва он њама дардњо ва фољеањои зиндагии модарро дар худ гунљонидааст. Ба њамин хотир модари Мањтоб ин дафтарро бисёр эњтиёт мекунад, зеро њар ваќте ки дар он модар ќалам меронд, дардњояшро рўи сафња мерехт ва худро хеле сабук эњсос мекард. Як бахши асосии ин дафтар достони ў ва пахта мебошад. Зеро вай дар пахта, дар ин киштзорњои баъди шукуфтан мисли барф сафед, як чизњоеро медид, ки дигарон онро дида наметавонистанд. Њар як нињоли он барояш азизу муќаддас буд. Ба назари ў, њар кас ки «пахтаро љавонмарг мекунад» љазояшро мебинад. Дар тасаввури ин зан рўњи замин тимсоли нерўмандии инсон аст. Вай инсон, замин ва модарро дар алоќамандию њамбастагї тасаввур мекунад ва мањз аз њамин мавќеъ ба онњо муносибат менамояд.

Модар, ки аз субњ то шом дар пахтазор кор мекунад, гумон дорад, ки њамаи ашёи он љо, аз љумла нињолњои пахта ва њатто трактор, дилу эњсос доранд, ба њамдигар ѓамшарикї мекунанд ва дарду доѓи худу атрофиёнро дарку эњсос менамоянд. Њатто ваќте ки ў дар хиёбонњои пуродам, пурмошин ва серѓавѓои Москва мегардад, ёду зењнаш ба пахтазор, ба трактор ва дар маљмўъ ба масъалањои рўзгори худаш банд њастанд. Дар сари ў саволњое мечарханд, ки бархе аз онњо бељавобанд. Мисли «аз диди трактор ба рўзгори мо инсонњо нигаристан чї гуна аст?» Беарзишии рўзгори инсон аз нигоњи як дарахт ва як трактор ба ў эњсоси ѓарибї ва танњої медод. Њамаи ин ўро ба замин сахт алоќаманд мекард ва дар зењнаш аз зодаи замин будан ифтихор дошт. Модараш њам талќин мекард, ки «рўњи замин ќавитар аз њама ривоятњо рољеъ ба арвоњ аст. То замоне ки рўњи замин бо туст, дар амон хоњї буд». Мањтоб њам дар хаёлоти љавонии худ мехоњад мисли модараш набзи заминро ба дасти худ гирад. Дар тасаввури ў «то замин њаст, пахта њаст ва то пахта њаст, занон бо кор ва масъулият таъминанд». Орзуи деринаи Мањтоб њам, ки ронандаи трактор шудан аст, аз њамин андеша, аз њамин воќеияти зиндагии занњо дар ањди Шўравї сарчашма мегирад. Рўзњои охири мадрасаро вай бо шавќ интизор буд, ки баъдан тамоми ваќт метавонист ронандаи трактор бошад ва «дар сањрои бепоёни пахта, дар ѓур-ѓури садои он рўзро ба шаб ва шабро ба рўз бирасонад». Вай дар дил орзу дорад, ки «подшоњи замине бошад, ки рўзгори мардуми мањалро ба даст гирифтааст».

Вай њамеша мехоњад, ки маќомеро соњиб шавад, ки бераќиб бошад. Ин гуна маќомро дар дењот танњо ронандаи трактори колхоз доро буд. Ба назари Мањтоб ин вазифа аз вазифаи мудири мактаб хеле баланд аст. Вале падар мухолифи ин орзуи ўст. Вай мехоњад, ки духтарашро аз гилу хок берун кашад ва ў дар донишгоњ хонад ва соњиби вазифаи мудири мадраса шавад. Аммо Мањтоб мехоњад бо касоне сару кор дошта бошад, ки «медонанд чї мехоњанд ва њамеша дар майдони кор њозиранд». Вай намехоњад, ки дар мадрасае кор кунад, ки «касе дил ба хондан надорад, китобхонаашро мушњо љавиданду тамом карданд ва китобњои боќимондаро њам тамом мекунанд». Аз рўи шуниди ў аз китобњои ин мадраса «аз маљмўаи шеъри Њофизу Хайём дар корхонаи љаъбасозї љаъбаи тухми мурѓ дуруст мекарданд». Ба андешаи ў, китобњоро бо гузашти замон ба хотири андешањои сиёсию иљтимої иваз мекунанд, вале сањро, пахта ва трактор чизњои њамешагиянд, онњо иваз намешаванд. «Њатто кишвар аз байн равад њам, онњо њастанд».

Ќиссаи Шањзода достони суолу љавобњои ботинию зењнии инсонест, ки дар зиндагї роњи худро мељўяд, бо шеваи писандидаи худ зиндагї кардан мехоњад ва нињоят ба куллї суолњои пайвастаи рўзгор аз нигоњи худ бо тарзи хоси худ, ки шабењи дигарон нест, љавоб гўяд. Мањз љустуљўи ин љавобњо ўро ба Москва мебарад ва ба ёди Наташаю Михаил ва Нинаю дигарон меафтад. Вай риштањои дўстии ќаблиашро аз нав пайвастан ва муњаббату хотиротеро, ки нисбати ин дўстонаш дорад, дар дилу зењнаш аз нав эњё кардан мехоњад. Ваќте ки ў ба њуљраи бемористон ворид мегардад, кулли ашёи он ёди ин дўстонро дар хотираш зинда мекунад ва тадриљан ў ба худ омада аз нав њофизаашро эњё месозад. Воќеан, масъалаи њофиза дар ин ќисса мавќеи консептуалї дорад. Вай барои Мањтоб василаест, ки ба гузаштаи рўзгори худ, ба рўзгори модар назар меандозад, онро бо воќеияти имрўза ќиёс намуда, дар робита ба неку бади зиндагї хулоса мебарорад, њаќиќати рўзгорро барои худ кашф мекунад ва ба тарзи худ ба умќи њаќиќати рўзгори атрофиёнаш расидагї менамояд. Махсусан, вай ваќте дафтари фиристодаи Наташаро вараќгардон мекунад, «дар замону макон мањв» мегардад. Ёди ў ба пахтазор меравад, хотирањои замони донишљўияшро, ки бо њамсабаќон пахта мечид, бори дигар зинда месозад. Вале аз њама бештар ифодаи «пахтањои худхоњ», ки маънињои мармузе дорад, ўро ба андеша мебарад ва ў суол мегузорад, ки ин ибора чї маънї дорад. Баъд аз дидани акси бањри Арал дарк менамояд, ки ин ибора бо њолати имрўзаи бањри хушкшудаву синабирён иртиботи зиёде доштааст. Шањзода зимни тасвирњои пур аз пурсишу посух ва як навъ лирикиву шоиронаи худ аз фољеањои зиндагии муосирон ёд менамояд, ки онњо бар асари корњои бидуни андеша ва дарки оќибати фољеаборашон анљомдодаи одамон рух додаанд.

Нависанда зимни ба ќалам додани симои имрўзаи бањри Арал ва трактори колхоз, ки њар ду дар њолати нобудшавї ва аз байн рафтан ќарор доранд, байни онњо њамќисматиеро пайдо мекунад, ки он ба фурўпошии давлати Шўравї иртибот мегирад. Ў менависад: «Дафъаи охир ваќте аз замини колхоз, ки дигар моли колхоз набуд, дидор кардам, аз трактор танњо дандонањои бузурги оњанинаш монда буд, ки чун устухонњои динозавр дар гўшае аз сањро афтода ва ду-се кўдак рўи он љастухез мекарданд. Ба падарам гуфтам «трактор бояд зери њамин хок бошад». Бо табассуми малењ ба ман нигоњ карду гуфт: «тикањои тракторро то охирин ќисмаш пайдо кардаанд ва фурўхтаанд».

Зеро ин василаи кишту кори замин њам дигар ба касе лозим набуд ва аз он заминњои пахта њам дигар хабаре набуд. «Њамаи он замине ки пахтазори бепоён буд, аз хонаи боло то хонаи поён ќад кашида буд, дигар зери пои хонањои навсохт буданд. Ангор аз замоне ки дењро тарк кардам њама сокинони он шабу рўз дар њоли бачаовардан ва хона сохтан буданд». Ин манзара чунон ки зикр гардид, бо манзараи имрўзаи бањри Арал шабењ аст. Ў ќисса мекунад: «Ваќте баъди солњо ба дидори Арал рафтам, дидам, танњо чизе ки тавонистам дарк кунам, киштињои бузурге буд фурў рафта ба рег ва устухонњои хурду резшудаи моњї ва парандагон. Бо њамон шевае, ки трактори колхоз фурў рафта буд ба хок».

Аз нигоњи тасвири паёмадњои пурфољеаи фурўпошии Иттињоди Шўравї ќиссаи «Замини модарон» романи маъруфи шодравон Чингиз Айтматов «Ваќте ки кўњњо суќут мекунанд»-ро ба хотир меорад. Ин љо тафовут дар он аст, ки адиби ќирѓиз масъаларо аз се љињат баррасї мекунад, вале Шањзода дар заминаи нишон додани чанд љузъиёти муассир хонандаи худро ба сўи хулосањои љиддї рањнамун месозад. Ў байни сарнавишти ќањрамони худ ва ќисмати талхи бањри Арал умумиятњо, шабоњатњо ва иртиботњоеро мељўяд, ки ањамияти табиию диалектикї дошта бошанд. Модар ваќте ки филмро, филми «Тиллои сафед»-ро тамошо мекунад, бори дигар роњи зиндагии худу атрофиёнаш, майдони пахтаро, ки асосан умрро дар он љо гузаронидааст, пеши назар меорад ва иллати хушкшавии Аралро њам дармеёбад. Воќеан «чандин дањсола пеш њама обњое, ки ба бањри Арал мерехт, ба заминњои кишт, заминњои пахта фиристоданд. Вале имрўз фањмида истодаанд, ки ин кор нодуруст будааст. «Аммо дигар дер аст. Арал дилшикаста ва аз надидани таваљљўњ даст ба худкушї задаст». Ба назари муаллиф «бе ишќ дарё њам нотавон аст».

Дар ин ќабил сањнањо нависанда аз харобшавии табиат ва муњити зиндагии одамон бар асари таѓйиротњои иљтимої ва мудохилаи бидуни андешаи инсон сухан оѓоз карда, назари ќањрамони худро баён месозад. Баъди тамошои манзараи њузнангези Арал модар дар дафтари хотираи худ менависад: «агар аз дастам бармеомад, роњи оби ўкёнусњоро боз мекардам ба сўи Осиё, ба сўи Арал, ба сўи Зарафшон, ба сўи биёбонњои сўхтаи Самарќанду Бухоро».

Љолибияти муњими сабки нависандагии Шањзода дар он мушоњида мешавад, ки ў аз воќеа ё љузъиёти зиндагї, ки ба ќалам медињад, маънињои мушаххасеро мекашад ва пешорўи хонандаи худ мегузорад. Аз љумла, ў аз тасвири рўзњои охири мусофираташ дар Варшава бо Луказ, писари соњиби ќањвахона вохўрданаш ва сўњбатњое, ки бо вай дошт, чунин маъниро дармеёбад: «…ситораи Луказ гарм буд. Аз он ситорањои гарме, ки њатто аз дурии байни замин ва осмон њам ки бинї гармиашро эњсос мекунї».

Њамин гуна маънињои љолибро ќањрамони ќиссаи Шањзода дар бораи дўстони дигараш, дар бораи афроде, ки бо ў дар иртиботанд, дармеёбад. «Михаил монанди як китоби сангин ва сабзранг дар бойгонии њофизааш љило дошт ва мисли китоби хондашуда дигар њаяљоне надошт. Нинахонум њам шабењ ба китоби афсонањои мардумї буд, ки модар шабњо барояш мехонд ва њамеша дўст доштам боз ва боз бихонад ва ман гўш кунам. Наташа шояд дафтари шеъре буд пур аз ашъори шоирона, ки ваќте як мисраъро ба ёд меорї, њама ашъор зинда мешавад ва агар як мисраъ ёдат биравад, њамаи шеърро фаромўш мекунї. Ва аммо модар шабењи «Шоњнома» буд ва порае аз рўњи ўро дар њама китобњои дўстдоштаам медидам. «Шоњнома»-е пур аз майдони набард ва љонбозии занонае, ки бо шохањои пахта дар даст ба мусофирони ќатори мо паёме медоданд. Бо чењраи пўшида аз офтоб».

Њамаи ин хаёлу хулосањо муаллифи ќиссаро ба ёди парињо, ки рамзи покию зебоиянд, мебарад. Ба пиндори ў дигар дар об парї нест. Њамаи онњо аз об берун омаданд ва ба хок пайвастанд ва онњо парињои сањроии ўянд. Бо вуљуди ин, маќсаду њадафи асосии нависанда нишон додани оќибатњои амалњои инсонист, ки њар яке подошеро дар зиндагї дорад. Аммо натоиљи амалњои иљтимоию фардии инсон њам хуб мешавад ва њам бад. Инсонњои оќил мисли аксари шахсиятњои достонии Шањзода аз паёмадњои кори хеш меандешанд. Вале чї илољ, ки баъзан дар зиндагї одамони соњибандешаву соњибирода њам ба баъзе равандњои иљтимої ва табиї муќобилият карда наметавонанд ва дар натиља дар рўзгори худ ба хатоњое мисли вазъи кунунии Арал ва Михаил, ки бар асари саратони хун «мисли Арал хушк шуда буд», дучор меоянд.

Аз ин љињат ќиссаи Шањзода достони маъмулию муќаррарии рўзгори одамон нест, балки он як манзараест, ки дар назари аввал хеле зебо ва шоирона менамояд. Аммо дар нињодаш як љањон гап, як љањон дард ва як љањон тазодњои гуногуни зиндагиро фаро мегирад. Ин ќисса аз нигоњи њунари нависандагї њам љолибиятњо ва тозагињои хосе дорад, ки онњо дар маљмўъ насри тољикии солњои охирро ѓановати адабию бадеї мебахшанд.

Шањзодаро мо ќаблан ба њайси шоираи нотакрор ва дорои сабку шеваи хоси адабї мешинохтем, вале ў бо ќиссаи «Замини модарон» дар таълифи насри бадеї њам истеъдоду нерўи тавонои њунарї доштани хешро собит намуд. Ў асареро ба хонандагони тољик пешнињод сохт, ки он воќеан дар насри солњои охири мо аз њар љињат нотакрор, хонданї ва хотирмон мебошад. Ин ќабил падидањои љолиби адабї, ки дар замони мо хеле нодиранд, бояд бештар интишор, тарѓиб ва ќадршиносї гарданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *