“Аз кадом 75 зарбаи чӯб метарсем?”

Бознашри маколаи ахирам ба муносибати шастумин солмарги устод Айни дар Озодагон низ бознашр шуд.

Шаст сол пеш дар торихи 15 моҳи июл адибе бухороӣ дар шаҳри Душанбе, пойтахти Screen shot 2014-07-08 at 22.35.22Тоҷикистон даргузашт, ки ӯро ба шеваи раиси ҷумҳурони Шуравӣ бо шиква ва пурҷамоъат ба хок супурданд. Тамоми форсизабонони Осиёи Миёна дар сӯги ӯ доғдор шуданд. Марде ки дар аҳди амири Бухоро ба хотири ҳамроҳӣ бо ҷунбиши “Ҷадидия” ба чӯб хӯрдан маҳкум шуд, вале баъд аз иҷрои ҳукми 75 зарбаи чӯб ҷон набохт ва ба бадтарин зиндони арги Бухоро андохта шуд. Сиёҳчоли зеризаминӣ, ки рӯйи захмҳои пушти ӯ роҳ мерафт ва мадфуъи ҳамбандонаш бар уфунатҳояш меафзуд. Аммо ӯ беҳуш ва нимҳуш зиндониёнро ба бовар ва умед даъват мекард, ки ин рӯзҳо базудӣ поён хоҳад ёфт; ирода ва умеди худро аз даст надиҳед.

Дар ин рӯзҳои сахти зиндагонӣ Садриддин Айнӣ ҳамчунон ислоҳталаб буд ва бовар дошт, ки бо роҳи ислоҳот мешавад вазъияти сиёсӣ ва иҷтимоии Иморати Бухороро беҳбуд бахшид. Айнӣ, ки тоза ба ҷунбиши Ҷадидия пайваста худро пойбанди назарияҳои Аҳмади Дониш ва Садри Зиё, аз рӯшанфикрони бонуфузи он даврон медонист. Вай танҳо замоне аз ислоҳталабӣ даст кашид, ки танҳо бародари ӯ ба қатл расид. Он замон ӯ ба артиши рус пайваст.

Садриддин Айнӣ беш аз ин ки адиб ва шоъиру рӯзноманигор бошад сиёсатмадор буд. Ӯ дар дохили кишвар ҳамроҳ бо мардуми худ буданро ба тарки кишвар тарҷеҳ дод ва тамоми умри худро дар роҳи босавод кардани мардуми нодор ва ситамдида сарф кард.

Айнӣ дар “Ёддошт”-ҳояш аз васияти падараш менависад, ки гуфта буд: Ба ҳиҷ ваҷҳ мулло нашав, охунд нашав, “муддарис” бишавӣ майли худат. Васияте, ки Айнӣ то охири умр дунбол кард ва тамоми фаъолияти худро ба омӯзиш ва фарҳанг ва маърифат ихтисос дод. Аммо дар даврони ӯ ҳамаи инҳо ҳамроҳ бо сиёсат буд ва ӯ низ ночор сиёсатмадорӣ мекард. Сиёсати ӯ яке ба наъл ва яке ба мех задан буд ва ё ба қавли тоҷикон тавре рафтор мекард, ки ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад. Ёр ки давлати Шуравӣ буд, аммо борҳо аз ӯ ранҷид, гарчи ба хотири нуфуз ва эътибори ӯ байни мардум аз муҷозоти роиҷи мисли табъид ва зиндон дар ҳақи ӯ худдорӣ мешуд.

Айнӣ то охири умр ба ин сиёсати худ идома дод. Муҳимтарин навиштаи ӯ «Намунаи адабиёти тоҷик», ки решаҳои адабиёти клоссики тоҷикро ба шаффофтарин шева муъаррифӣ кардааст, борҳо мамнуъ шуд, аммо Айнӣ бо ин ки маҷбур буд дар ихтироъи миллати ҷадиде ба номи тоҷик ва роҳандозии хати сириллик бо сиёсати рӯз ҳамкорӣ кунад, бо навиштани ин китоб мехост бигӯяд “Об агар садпора гардад, боз бо ҳам ошност”.

Шаст сол баъд дар соҳили ороми имрӯз

Баъд аз фурӯпошии Шуравӣ дигар на ҳамаи ин саргузаштҳои Садриддин Айнӣ ва ҳамроҳони ӯ дар ёдҳост ва на шароити он даврон; шароите, ки ин гурӯҳи рӯшанфикронро маҷбур ба гирифтани тасмимҳои душворе мекард, ки шояд дар шароити ором ва муътадил онҳоро ба зеҳни худ роҳ намедоданд. Айнӣ ҳарчанд чорчӯби шеърро шикаст ва ба наср рӯ овард, аммо дар шикастани чорчӯби давлати рӯз на тавонашро дошт ва на метавонист ҷонбозӣ кунад. Яке аз сиёсатҳои дигари ӯ ин буд, ки бояд зинда монд ва муфид буд на ин ки кушта шуд ва мардумро танҳо раҳо кард.

Аммо ҳоло ки беш аз бист сол мегузарад, ки Тоҷикистон дигар ҷумҳурии Шӯравӣ нест ва фарҳангистони мустақил ва замини мустақил дорад, бисёриҳо ӯро муқассир медонанд, ки гӯё ӯ боъиси маҳдуд шудани забони тоҷикии форсӣ ба сатҳи маҳаллӣ шуда ва қатъи робита бо форсии Эрон ва Афғонистонро замина чидааст.

Биёед баргардем ба замоне ки Садриддин Айнӣ ва гурӯҳи рӯшанфикрони тоҷик, ки худро дар авохири қарни нуздаҳ дарсомӯхтагони мактаби Аҳмади Дониш ва Садри Зиё медонистанд. Ин ду чеҳраи шинохташудаи он даврон бо истифода аз нуфузи худ байни мардум ва ҳам байни охундҳо ва ҳам арги Бухоро аввалин гомҳои ислоҳталабиро бармедоштанд.

Забон он аст, ки мардум бифаҳманд

Баҳсеро, ки Аҳмади Дониш дар бораи ба чолиш кашидани забони муғлақ ва пур аз муболиға ва мадҳсароёнаи он даврон шуруъ кард ба фаъолиятҳои амалии Садриддин Айнӣ баъд аз ду даҳа анҷомид. Забони навиштории тоҷикони он даврон маҳдуд буд ба асноди расмии молӣ ва мулкӣ ва номанигориҳои давлатии иморати Бухоро ва шеър ва тазкираҳое, ки мардуми оддӣ наметавонистанд бихонанд.

Дар солҳое, ки Садриддин Айнӣ ва дигар ҷадидиҳо (ки дертар худро маъорифпарварони тоҷик номиданд) шабу рӯз барои босавод кардани мардуми оддӣ ва роҳандозии мадориси сабки ҷадид талош мекарданд, забони халқро асос гирифтанд ва ба мардум навиштан ва хондани забонеро омӯзонданд, ки қобили дарк ва фаҳми фаврии мардум бошад.

Дар замоне ки сарватмандон, атрофиёни амири Бухоро ва охундҳои замон мухолифи босавод шудани мардуми оддӣ ва тавзеъи китобҳое ба ғайр аз Қуръон буданд, Садриддин Айнӣ ва ҳамроҳонаши рӯзномаи «Шуълаи инқилоб» чоп мекарданд ва аз тариқи писарбачаҳои мадориси хонагии худ байни хонаводаҳо тавзеъ мекарданд. Писарбачаҳое, ки метавонистанд ин рӯзномаҳоро ҳам барои мардон ва ҳам барои занон бихонанд ва шарҳ диҳанд. Садриддин Айнӣ ва ҳамроҳонаш барои ин мардум, ки аз онҳо бо ановини халқи ранҷбар ва ситамдида ёд мекарданд, мардуме ки бархешон ҳануз “барда” буданд, аз озодӣ ва ҳақи интихоб ва эътироз мегуфтанд.

Баҳсҳое, ки ин рӯзҳо доман гирифта, дар даврони Айнӣ низ шунида мешуд. Байни ҷадидиҳои он даврон ва маъорифпарварони баъдӣ ин баҳс вуҷуд дошт, ки дониши мардумро бояд иртиқо дод ё сатҳи нигориш ва баёни рӯшанфикронро пойин овард? Ин навъи баҳсҳо маъмулан ба ин натиҷа меанҷомид, ки бояд аввал аз мардум миллат сохт ва баъд барояшон илм ва дониш ва маърифат омӯхт.

Мардуме, ки наметавонад исми худро бинависад, мардуме, ки ҳақи интихоби замони хӯрду хоби худро надорад, чӣ гуна бояд Бедил бихонад, Аҳмади Дониш бихонад ё “Таҳзибуссибён”, “Заруриёти диниё” ва “Тартилулқуръон” бихонад? – ин китобҳои дарсӣ буд, ки дар даҳаи аввали қарни нуздаҳ барои мадориси усули ҷадид навишта шуда буд.

Ин таҳаввулоти давронро Муҳаммадҷон Шакурӣ, донишманди фақиди тоҷик, мутаассир аз инқилоби соли 1905 Русия медонад ва ҳамин тавр мутаассир аз рӯзномаҳои нисбатан озоди рӯсӣ ва туркӣ, ки аз тариқи Озарбойҷон ба Бухоро мерасид.

Барномаҳои нотамоми маорифпарварони тоҷик

Барномаи баъдии маъорифпарварони тоҷик дар ду даҳаи баъд иртиқои дониш ва сатҳи фарҳанг ва маорифи мардуми оддӣ буд, то ба таъсиси Тоҷикистон дар соли 1929 расид. Ҳоло, ки талошҳои онҳо самар дода буд ва баъди ҳудуди панҷ соли марзбандиҳои тоза дар Осиёи Миёна аз ҷониби русҳо кишвари ҷадид ва кӯчаке ба номи Тоҷикистон сар бардошта буд, замони идомаи беҳбуд додани сохтори омӯзишӣ буд, аммо ин барнома бо фаро расидани Ҷанги Ҷаҳонии Дувум базудӣ нотамом монд.

Нотамом мондани ин барномаи маорифпарварони тоҷик боъис шуд ки раванди рушди фарҳангӣ ва торихии тоҷикон мутаваққиф шавад, ки бешак агар идома пайдо мекард, ҳоло фосилае ба ин бузургӣ байни се шохаи аслии забони порсӣ мавҷуд набуд.

Агар он барнома идома пайдо мекард, мардуми оддӣ дигар мисли қабл сода ва осонпараст намемонд ва табақаи мутавассите эҷод мешуд, ки ҷойи холии ашрофзодагон ва муҳаққиқони улуми динӣ ва дунявӣ бо мурури замон пур мешуд.

Тағйири фарҳанги мардум

Чунин ба назар мерасад, ки дар ҳоли ҳозир низ дар ҷомеъаи тоҷик рӯшанфикрон ҳанӯз барои мардуми оддӣ ва бо ҳамон шеваи қадими қарни нуздаҳ менависанд, вале робитаи ончунонӣ бо мардум надоранд. Чун мардуми имрӯзи тоҷик мисли қабл дигар бесавод нест ва бетаваҷҷуҳ ба сиёсати кишвар ва минтақа ҳам нест. Мардуми одӣ дар даврони Айнӣ ба унвони раъият ва ё “фуқаро” ёд мешуданд (дар Ӯзбакистон ҳанӯз ҳам ба ҷойи шаҳрвандон фуқаро мегӯянд). Мардуми имрӯзии тоҷик, ба хусус анбӯҳи муҳоҷирони кории он , ҷаҳонбинӣ ва таҷрибаҳои васеътаре аз рӯшанфикрони тоҷик доранд, ки дар ватан бо ними нони хушк қаноат кардаанд. Имрӯз мардуми оддӣ дигар фуқаро нестанд. Мардумони печида ва боалоқа ва дониш ва орзуи баланд омодаи кашфи дунё ва ҷаҳонҳои дигар ҳастанд.

Рӯшанфикрони имрӯзи тоҷик, адибон ва шоъирони муҳтарами тоҷик бояд раҳнамо ва ҳидоятгари ин мардум бошанд ва забони ин мардумро сайқал диҳанд ва барояшон адабиёт бинависанд. Навиштаҳои Садриддин Айнӣ ва дигар адибони он даврон бешак ниёзҳои мардуми имрӯзи тоҷикро бароварда наметавонад. Аммо онҳо ҳануз барои ҳамон Одинаву Дохундаву Гулнорҳое менависанд, ки устод Айнӣ бо онҳо ҳамсоя буд.

Маъориф ва фарҳанги тоҷик имрӯз ҳам мисли даврони Айнӣ омехта бо сиёсат ва фурсатталабиҳои сиёсатмадорон аст. Ва ин аст ки адибон ва рӯшанфикрон ва шоъирони тоҷик гӯшагир ва танҳо хор шудаанд. На навиштаи худро мехоҳанд мунташир кунанд ва на дарёфтаи ҷадидеро мехоҳанд бо дигаре баҳс кунанд. Нерӯи зиёде надоранд, азбас кисаҳо холист. Ғами нон ҳаст ва гӯши муштоқе ҳам нест.

Айнӣ муқассир буд?

Бо ин ҳол чунин ба назар мерасад, ки чашмҳои бисёре аз фарҳангиёни тоҷик ҳамчунон баъд аз як қарн ба дунболи нимаи холии пиёла аст. Ба дунболи нимаи кандашуда, ба дунболи нимаи рез ва пошхӯрда, нимае, ки дигар шояд ҳеҷ вақт ҷузъе аз Тоҷикистон нахоҳад шуд. Пурсиши аслӣ ин аст ки ин фарҳангиён барои он нимае, ки ба таври расмӣ ва қонунӣ аз они тоҷикон аст, чӣ коре кардаанд ё қарор аст анҷом диҳанд то вазъи забон ва фарҳанги тоҷикӣ рӯ ба беҳбуд оварад? Чӣ касоне метавонанд кумак кунанд, ки дур аз сиёсат ва қудрат мондаанд ва тавони талош ва имкони таъсиргузории худро дубора чун дар даврони Айнӣ ва ҳатто дар даврони Лоиқ Шералӣ ба даст оваранд?

Нуктаи дигар ин аст ки он рӯшанфикроне, ки имрӯз аз соданигории Айнӣ меноланд ва ӯро боъиси ақабмондагии имрӯзии тоҷикон медонанд, бояд худ ба ин савол посух диҳанд, ки чиро аз ҳамбастагӣ бо решаҳои худ, ки Эрон ва Афғонистон аст, метарсанд? Чиро аз вожаҳо ва таъбироти теҳронӣ ва кобулӣ ҳарос доранд?

Агар забони тоҷикӣ заъиф ва нокоромад аст пас чӣ бояд кард? Русӣ навиштанро идома дод, ё ҳамин забонро ҷуръа ҷуръа бо пазируфтани вожаҳои роиҷи форсии Эрон ва Афғонистон боз дубора ғанӣ кард?

Ислоҳталабони забони тоҷикии имрӯз

Шаст сол аз марги Садриддин Айнӣ мегузарад. Шаст сол фурсат доштем то барномаҳои маорифпарварони тоҷики қарни нуздаҳро идома диҳем, ки надодем. Ҷанг, фақр, истибдоди Шуравӣ, озори ҳамсояҳо ва нигарониҳои зиёде аз ислом ва исломгароҳо вуҷуд дорад, аммо баҳонаҳои мушобеҳе дар даврони Айнӣ ҳам вуҷуд дошт. Вале талошҳое, ки дар он даврон анҷом шуд, бо талошҳоии баъд аз фурӯпошии Шуравӣ қобили муқоиса нест.

Баъд аз марги Лоиқ Шералӣ, ки бо ҳамроҳонаш талош кард дубора ваҳдати миллии тоҷиконро мустаҳкам кунад, дигар чӣ иттифоқи ҷадид рух дода, ки тарҳи барномарезӣ шуда ва дақиқе танҳо дар роҳи иртиқои забони тоҷикии форсӣ бошад?

Танҳо метавонам аз маҷаллаи «Забони форсӣ» дар ин солҳои охир ёд кунам, ки ба ҳиммати ҷамъи кӯчаке аз ҷавонони тоҷик мунташир мешавад. Ин маҷалла ҳамон кореро мекунад, ки рӯзномаҳои Айнӣ ва ҳамроҳонаш мекард: Босавод кардани мардум. Аммо ин бор на дар сириллик, балки порсӣ, ҳамон хатте, ки аз мо бо зӯр гирифтанд ва пайванди моро бо ҳамзабонон ва торихамон гусастанд.

Маҷаллаи “Забони порсӣ” маҷаллаи кӯчаке аст ва чанд шуморае аз он бештар мунташир нашуда, аммо оё медонед, ки чӣ қадар баҳсу таънаҳо пушти сари ин маҷалла ба по мехезад, ҳар вақт ки тавзеъ мешавад?

Ҷадидон ва баъдан маъорифпарварони аввали қарни бист гурӯҳе аз рӯзноманигороне буданд, ки аз тариқи Туркияи усмонӣ, имперотурии рус ва ҷумҳурии Озарбойҷон санъати рӯзноманигорӣ меомӯхтанд ва дар иморати Бухоро идаҳои ҷадид пиёда мекарданд. Имрӯз низ гурӯҳе аз рӯзноманигорони тоҷик‌анд, ки ин суннатро пай мегиранд. Аммо ин бор аз расонаҳои кишварҳои ҳамзабони Эрон ва Афғонистон ба пурсишҳои худ посух меҷӯянд.

Хушбахтона дар Тоҷикистон имрӯзӣ касеро ба хотири ислоҳталабӣ ва ё омӯзиши хати форсӣ муҷозот намекунанд, аммо вазъият барои тоҷикони Узбакистон бешабоҳат ба даврони Айнӣ нест. Донистани хати форсӣ ва иртибот бо кишварҳоии форсизабон кофист, ки бо барчасби “исломгароии ифротӣ” сар аз зиндони шабеҳи арги Бухоро дароваред. Аз ин аст ки бӯи ислоҳталабӣ дар байни онҳо шунида намешавад.

Аммо дар Тоҷикистон ҳам бо вуҷуди озодиҳои кӯчак ва шароити иртибот бо расонаҳои дигари форсизабон мухолифат бо омӯзиши хати форсӣ ва баргаштан ба хати ниёкон дар ин бист соли гузашта коҳиш наёфтааст. Талоши таку тӯки рӯзноманигорон ва адибон бидуни барномарезии фарҳангистони Тоҷикистон ба ҷое нахоҳад расид.

Хатти муваққат ва фарҳанги муваққатӣ

Ба унвони касе ки бо навиштани ин мақола мумкин аст наздикони худро дар Узбакистон бо хатар мувоҷеҳ карда бошам, саволам аз онҳое ки Садриддин Айниро муқассири носаломатии забони тоҷикӣ медонанд, ин аст ки беҳтар нест ба ҷойи ҳамла ба марде, ки шаст соли пеш ҷон ба ҷонофарин дода ва аммо дар чорчӯби бисёр маҳдуди замон тавониста барои мо форсизабонон исми ҷадид, хати ҷадид, кишвари ҷадид ва адабиёти навин бисозад, ба фарҳангистон ва давлати Тоҷикистон фишор биоваред, ки коре барои беҳбуди вазъи забон ва адабиёти имрӯзии тоҷикон анҷом диҳад?

Айнӣ то охири умр бо хати форсӣ навишт ва ҳиҷ гоҳ хати сирилликро ҷиддӣ тамрин накард. Чун ҳамеша умед дошт, ки ин хат низ мисли хати лотин муваққатӣ аст. Бале, хати сириллик барои мо форсизабонони Осиёи Миёна муваққатӣ аст; часпидан ба хати муваққатӣ ҳам фарҳанг, адабиёт ва ҳувияти муваққатӣ ба ҳамроҳ дорад­.

То кай муваққатӣ ва иҷоранишини ақидаҳои Шуравӣ бошем? То кай бо гузаштагони худ аз дур бо фосила ифтихор кунем, аммо ҳиҷ гоҳ ба мероси онҳо барнагардем, истифода накунем? То кай ҳарф бизанем ва амал накунем? Аз кадом 75 зарбаи чӯб метарсем?

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *