Адабиёти Исталинии Бозор Собир

وقتی لایق شیرعالی مرد
کمر ملت شکست
با شعر بازاری بازار صابر
گرند نیمه خمی که داشت
این ملت
شکست 
روی زانوان اش
افتاد
چون هدیه سرخ سال هفتاد

سبک ادبیات استالینی
مبارک باد
در کشور سامانی
تنها می شود
خوشبینانه گرست
واژه های فارسی
همه افسرده اند

(شهزاده)

Вакте Лоик Шерали мурд
Камари миллат шикаст
Бо шеъри бозории Бозор Собир
Гардани нимахаме ки дошт
Ин миллат
Шикаст
Руйи зонувонаш афтод
Чун хадяи сурхи соли хафтод

Сабки адабиёти Истолини
Муборак бод
Дар кишвари Сомони
Танхо мешавад
Хушбинона гирист
Вожахои форси
Хама афсурдаанд

(Шахзода)
13 Июль 2013

с

Манбаъ
http://www.ozodagon.com/casia/tj/11078-chopi-nahustin-sheri-bozor-dar-vasfi-emomal-ramon.html

Чопи нахустин шеъри Бозор дар васфи Эмомалӣ Раҳмон

9 июл 2013, 09:04

Нахустин мисраъҳои шеъри Бозор Собир, шоири тоҷик дар васфи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба нашр расид.

Ин шеъри Бозор Собир, ки он “Қаҳрамони ваҳдат” номгузорӣ гардида, дар ҳаққи Эмомалӣ Раҳмон суруда шудааст, аз 24 мисраъ иборат буда, дар шумораи 90-уми “Ҷумҳурият”, нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон, рӯзи 4-уми июл рӯи чоп омад.

Шеъри “Қаҳрамони ваҳдат”-ро, сарояндагони тоҷик инчунин рӯзи 27-уми июн дар маросими таҷлили Рӯзи ваҳдат дар Наврӯзгоҳи марказии шаҳри Душанбе хондаанд, ки чунин аст:

Чун халқи холиқи мо ҳар сӯ зи ҳам ҷудо шуд,
… Беҷо ба зери гардун барҷои мо зи ҷо шуд.
Ҳарфи муҳаббати ту, ҳарфи зи ваҳдати ту,
Бар ҷумла ҷони хаста, монандаи даво шуд,

Номи туро нависем, эй қаҳрамони ваҳдат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи қасри миллат!

Номус парчамат шуд, бас ёди нанг кардӣ,
Дар роҳи сулҳи миллат бо чанг ҷанг кардӣ.
Садҳо гиреҳ кушодӣ, пайваста қалбҳоро,
Бо меҳр сад бағалро холӣ зи санг кардӣ.

Номи туро нависем, эй қаҳрамони ваҳдат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи қасри миллат!

Ҳар роҳи ту чу роҳи бахти сафеди халқ аст,
Неругаҳат чу барқи чашми умеди халқ аст.
Чун марди ваҳдатовар, ҳастӣ саодатовар,
Ҳар рӯзи неки умрат, рӯзи саиди халқ аст.

Номи туро нависем, эй қаҳрамони ваҳдат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи қасри миллат!

Сад минбари баландат маъвои роз бодо,
Иқболи халқи хешат, умре ниёз бодо.
Кӯтоҳ агар бигӯем, сӯи саодати халқ
Дастат дароз бодо, умрат дароз бодо!

Номи туро нависем, эй қаҳрамони ваҳдат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи қасри миллат!

Дар лаҳзаҳои хондани ин шеър тариқи телевизион ду бор Бозор Собир ва як бор Эмомалӣ Раҳмон нишон дода шуд.

Ин дар ҳолест, ки Бозор Собир аз нахустин шоирони тоҷике ба шумор меравад, ки дар даврони Шӯравӣ аз сурудан ё навиштани шеър дар ҳаққи ҳизбу ҳукуматдорони коммунист худдорӣ намудааст.

Бозор Собир, шоири машҳури тоҷик, ки имсол ба синни 75 мерасад, пас аз нунздаҳ соли ғурбат бегоҳи 27-уми май барои иқомати доимӣ ба Тоҷикистон бозгашт. Ин шоири шинохтаи тоҷик, ки дар охири солҳои ҳаштоду аввали солҳои навадум дар саргаҳи ҳаракати озодихоҳиву истиқлолхоҳӣ буд, дар даврони даргириҳои дохилӣ ва баъд аз чанд муддати зиндон Тоҷикистонро тарк карда, аввал дар Маскав ва баъдан дар Амрико зиндагӣ ихтиёр намуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *