Аз сафхаи Забони Порси

—-
Хаёт Неъмат як намунаи хуби мубориз ва мудофеъ фаханги форси дар Самарканд аст ва рузгори уро агар мурур кунед мефахмед ки чаро хамаи точикон дар Самарканду Бухоро хомушанд ва хатто аз дидор бо устод Хаёт Неъмат пархез мекунанд. Бо дасти холи ва бидуни пуштбон чангидан бо дев кахрамонист ва кахрамонхое хам агар хастанд аммо пуштбонии мардуи оддиро надоранд ва дар гушаи хонаи худ афсурда нишастаанд. Мунтазири боз як Садриддин Айнии дигар ки байни турку точик сулху бародари орад ва пайванди мардумро бо решахои худ наздиктар орад. Имруз дар Самарканду Бухоро рузмарраги улавият дорад ва ососиштагиро пеша кардаанд, ки ин хам хуб аст. Сабури хам гохе хуб аст агар ба марги тадричи хатм нашавад.

Хак дар амал маъно дорад ва хак додани нест балки гирифтанист. То тарсу мулохиза хоким аст андешахо дар пастхонахо пинхон мемонад. Вакте харакате хатто дар шакли зерзаминиаш вучуд надорад аз чи гурухе метавон дифоъ ва пуштбони кард? Садо кардани мардум ба суи хатаре ки мумкин аст барояшон гарон тамом шавад кори осон ва окилона нест. Магар ин ки маворид ба маворид ба так-таки ниёзмандон дасти ёри дароз карду харфи дили онхоро шунид. Бояд аз он мардум пурсид ки ниёз ва дардшон чист. Шояд ниёз ва дардшон оне набошад ки фикр меравад… Печидааст вазъият ва ба ин сарохат ва ин соддаги намешавад дар бораи ин дури ва инзивои мардуми гирафтода харф зад. Кори гурухи дар Узбекистон як харакати сиёси бониста мешавад ва мучозот дорад. Гирдихамойихои хатто дустона тахти назора ва танишхои амике анчом мешаванд ки танхо ба азволпурсиву шому шароб ба поён мерасанд. Ва агар бипурсед ки мушкил чи хаст бе шак хама розиву шокир аз Ватани мехрубон ва нонофарин мекунанд.

Хаёт Неъмати Самарканди худуди се мох дар Душанбе ба сар бурд ва холо дар Хучанд аст ва вакте бармегардад хатман бояд гузориши муфассал дихад ба давлат. Аммо чанд нафар аз дустоне ки сина барои точикони Самарканду Бухоро месузонанад дидани эшон рафтанд ва асои эшонро аз зери кат барояшон дароз карданд? Харфхои дардолудашро шуниданд ва сигорашонро равшан карданд? Ва танхоии эшонро таксим карданд? Бешак дах ё бист нафар. Аммо интизор мерафт ки миллионхо нафар ба истикболи эшон раванду тавачухи худро на ба эшон балки ба мардуме ки намояндаи он аст нишон диханд. Аммо чунин нашуд. Холо ки мехохад сина сипар кунад ва миёни марзхои баста ба дидани эшон равад ва бигуяд мо мехохем аз хукуки шумо дифоъ кунем?

Вакте дар Душанбе будам бо Мехди ду бор дидани эшон рафтам ва дардхои кухнаро барои хазорумин бор шунидам ва нагуфтахое хам буд ки аз нигохашон фахмидам ва нигаронихое ки аз баргаштан доштанд. Дарди бурунмарзихоро дохилмарзихо содда мегиранд ба назарам. Ё ин дард хануз барояшон ошно нест. 
(Порае аз муколима дар сафхаи Забони Порси)

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *