Барзу бар зону дарнамеояд

Муддатхо буд веблог нанавишта будам ва ин ба маънои ин нест ки мавзуъи мухиме дар зехн надоштам. На. Балки аз эхсоси нотавонии худ буд дар баробари ин хама корхои накарда ва нотамом монда ва андешахои беназм хаста будам.

Аммо вакте шунидам ки Барзу Абдураззок, коргардони сохибсабк, андешаманди точик ва дусти самимам дар  тасодуфе дар хатари аз даст додани биноии худ аст, оромишамро аз даст додам.

Хамин ду мохи пеш дар чойхонаи Рохати шахри Душанбе мо хам нишаста будем ки гуфт: Медони Шахзодачон (вай хамаро бо мухаббат чон садо мекунад ва самимияти харфхояш дили хамаи хамсухбатони уро бурдаасту дустдоронаш беандоза зиёданд ва медонем)…

   -Медони Шахзодачон, ин мизро дуст дорам (вай ба аввалин мизи чойхона ру ба хиёбон ишора кард) ва хамеша чанд бор дар руз инчо мешинам ва ба мардуми рахгузар нигох мекунад. Талош мекунам ки ба андешахо ва нигаронихову шодихояшон огох шавам. Дар зехнам худам диологе баркарор мекунам байни он рахгузароне ки хамеша чое бо ачала мераванд. Дилам огохи медихад ки нигаронихои онхо хам шабехи ман аст…

Барзу боз аз орзуи худ гуфт ки агар битавонад як театри кучаки худро дошта бошад ва бидуни ин ки ниёз ба дагдагахои рузмарра ва бинанда дошта бошад, ба кори сирфан хунари бипардозад ва вокеъан руйи як сахнаи кучак барои теъдоди ками равшанфикр ва дилравшанони точик кор кунад.

Аммо холо дар Москов дар датгдасти моли ва нигаронии ин ки оё биноии худро аз даст медихад ё бахше аз онро монда ва ва ва…

Вале медонам ки агар карор буд чизе Барзуро аз пой биандозад, он хам сухтани театри Хучанд метавонист бошад. Он ки натавонист уро аз авчу иштиёки ба кораш дур кунад ва ё битарсонад, пас ин тасодуф хам наметавонад уро ноумед кунад.

Медонам ки он дили пурорзу ва пурнур хеч вакт ба ин гуна руйдодхо сард нахохад шуд. Аммо бояд умед дошт, ки бо дидаи бинои худ битавонад андешахои равшани худро руйи сахна орад.

Ба ин меандешам ки хатто агар Барзу биноии худро аз даст дихад боз хам бинотар аз хамаи мо хохад буд. Вай моро, чомеъаи моро, пусту устухони моро ин кадар амик мешиносад ки шаке нест гохе бо чашми баста намоишхои худро руи сахна оварда бошад. У ки хар руз дар холи рушд ва иртикои хунари точик буд дар баробари тамошобини нимахоби точик хамеша пешгом ва хамеша чандин кадам пештар хохад монд.

Дар холи тадвини видиохои он тобистони гарм хастам ки аз Барзу дорам ва аз сухбатхояш боз хам мутавачех мешавам ки вай бо замони заминии мо коре надорад, вай аз тойифаи афродест ки бо соат ва замони торихи меандешад ва як гоми у чандин соли мост ва як соли у як торихи тулонии аз даст рафта ва хоболудаи мост.

Кош ин марде ки дар торихсозии точикон хатман сахми меандоза амике дорад саломат ва бо чашмони бинотар аз кабл ба сарзамини ишку ошики худ баргардад. Ба сахнаи хамешагии худ Точикистон нури бисёр овардааст ин чавонмарди Хуросони ва аз ёрони худосту медонем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *