Ин рузхои беранг

Аз парешонии ин хама Фейсбукихо ва аз ибтидойи будани суолхо дар сафхаи Забони Порси дилам гирифтааст. Мо чи кадархо дур аз орзухои худ хастем хатто тасаввур карданаш хам сахт аст.

Дилам мехохад ба ин танбалии насли чавон ва ё шояд дурусттараш ба ин сардаргумии озодичуён месузад. Вокеан падарон ва модарони мо ба гайр аз хурдану пушондани мо дигар ба хеч чизе нарасидаанд то ин рох осонтар ва ё наздик шавад.

Мо бояд бисёр кор кунем мисли Мавзуна танхо ва дар сахти кор кунем то вакте муваффак шудем хамроху тарафдор зиёд пайдо мешавад. Аммо набояд афсурда ва ё дилшикаста аз харфхои ракибон шавем. Харфи дилсардкунанда барои шикастани камари мост вале мо бояд камарро махкаму остинро хамаруза барзада нигах дорем.

Мо бояд оянлаамонро бисозем ояндаи махсуси мо ва зебандаи мо. Хануз мо точикон оне нестем ки лофашро механем ва ё дар тули ин хама карну сол худро як сару гардан аз дигарон бартар медонистем хама аз хоми ва тангбини ва кудаконагии мо буд. Мо бояд фарханги бузургворонаи худро бисозем ва ё дубора ва ёд орем ки мо хам рузе бузургворона андеша мекардем. Аммо чаро инруз ин хама пароканда ва парешонем чойи фикр ва андеша дорад.

Ба сари мо зиёд задаанд аз Бозор Собир то дигар бузургоне ки ангор дигар аз бузург будан хастаанд ва беморанд. Дунболи беморон нарафтан худ бузургворист.

Дунболи афроди покизасиришт ва некандеш рафта сарфачуйи дар вакт танги мост.

Дунболи дину мазхаб хам набояд чахордасту по рафт. Дин зеби сирати мост ва чаро бояд ба рухи миллат бикашем ки мо намозу руза баладем, мо китоби осмони мехонем. Чаро боре нагуем ки мо дониши имрузи мехохем ва давлат бихохем ки шароити имрузи мухайё кунад ва мардумро аз кухнапарасти начот дихад. Вакте давлат факиру бечорааст миллат низ сарбанд нахохад шуд. Миллат низ парканда хоханд монд.

Чи дасташ ва Фейсбук бирасад ва нарасад зехнияташ хамон карни хафтумист.

Дилам аз парешонии худам гирфтааст. Аз нотавони дар ёри, дар кумак, дар дастгири…

Дилам сахт гирифтааст.

Аммо ноумед нестам. Мо рузе чон мегирем ва омухтанро хам ёд мегирем ва чи омухтанро хам ва аз ки омухтанро хам ва он вакт миллат мешавем ва давлати мо хам кодиру намояндаи мо хохад буд.

2 thoughts on “Ин рузхои беранг

  1. Салом, бародар. Навиштахоятон чолиб ва фикратон рушан аст. Бахра бурдам. Саломат бошед.

  2. سلام.
    میشه بپرسم این چه زبانی هست؟ شبیه به فارسی خوانده میشه درسته؟ مثلا اون سمرقند بالای وبلاگ تقریبا مثل فارسی هست.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *