Мардсолори, занхароси ва шарофати инсонии мо

Ин рузхо зиёд дар шабакахои интернети мехонам ки мо точикон хануз ба баробарии зану мард эътикод надорем ва барояш хар далеле меорем.

Хар ки ба тарзи худ. Ман хам назари худро дорам ва албатта бо назари афроде ки занро камтар ва ё ниме аз мард медонанд ду се хазор сол шояд фосила дорад.

Аммо вокеан ингуна аст? Оё чомеъа равшанфикри точик ин кадар дар таасуботи дини гарк аст ё далели дигаре хам хаст?

Хатман накши занон низ дар тахкир шуданашон кам нест ва сар ба зер мондани онхо ва сарбазер тарбият кардани духтарон ва духтарони худ таъсири амике дар идомаи мардсолори дар чомеъа доштааст.

Аммо мардсолори вокеан чист? Ба назари ман истилохи занхароси бештар муносибтар аст то мардсолори. Барои мисоли занони мо часур ва лалерихои зиёд доранд аммо мутаасифона теъдоди онхо каманд.

Хатто дар хамин шабакаи Файсбук хам бибинед метавачех мешавед теъдоди занон каманд аммо бо хамин камияти худ рохи дарозе омадаанд ва сина сипар кардаанд ва дар баробари тедоди афзуда ва хам мардони хамлаовар ва гохе бемантик истодаанд.

Ин харакати занонаи мост ки бовучуди ин хама тахкир ва бадбинихои мардон талош кардаем. Одати мо занон шояд ин аст ки ё дар банд мемонем ё вакте рахо мешавем вокеан рахо мешавем. Ин шояд чизест ки бархе аз падарон ва бародарон ва шавхаронро ташвик мекунад ки моро дар банд нигах доранд.

Аммо дар банд нигах дошатни занон одати мо точикон набуда ва нест. Чун занони точик аз кадим по ба пойи марди худ кишт карда ва чорводори карда ва фарзанд бузург кардаанд. Холо ки замона нав шуда мо чаро бояд кухна бошем? Он кадар кухна ки дигар хофизаи чомеъа низ онро дар ёд надорад ва мачбур аст аз кишвархои хамсояи истибдодзада карз бигирад. Аз навъи хичоб гирифта то одоби муошират.
Магар одобу муоширати точиконаи мо чи камие аз муоширати араби ё покистони дорад?

Ба назари ман факр ва тангдасти он эътибор ва солории мардонро ки дар кадим буда аз байн бурда. Хатто баъзе расмхо ва одобхои хуби мо точиконро низ аз байн бурда ва оне хам ки мегуянд гурусна дин надорад ва расму одоти куханро низ аз фарти факр наметавонад ба чо биёрад то хадде дуруст аст.

Аз дустон маъзарат мехохам ки ин навиштаи болоро бо забони англиси мунташир мекунам. Ин навиштаи тулонии веблогии ман дарбаргирандаи хамин чанд истилохест ки барои як навчавони камсини урупойи бо як нигох мефахмад ки манзур чист. Аммо мутаасифона барои мо точикон ин истилоххои конуни хануз дар чомеъа дуруст муъарифи нашуда ва на хама онхоро медонанд. Аммо писари хурдсоли хамсояи ман дар Холланд мефахмад ки манзури ин акс чист ва ниёз ба ин хама нваиштан нест. Бо ин ки бо забони модариаш навишта нашудааст.

Гохе шунидаам ки бархе аз точикон сарзамини худро чузъи чахон намедонанд. Инро борхо ва борхо шунидам ки  мегуянд гарб фарк дорад ва Гарб ё Габр аст ё сарвати бештаре дорад… ки хама бахонахоест барои тавчехи танбалихо.
 
Ман гарбзада нестам мисли хамон ки ватанзада хам нестам ва игрокгар ва ё бебахона худнамову азхудрози хам нестам. Хамаи хубихо ва бадихоро дар хама чойи дунё мебинам ва ба хуби метавонам бигуям мо бояд хануз бисёр омузем, чи аз хамсояи наздик ва чи аз хамсояи дур.

Аммо хайф аст ки мо гохе бедалел аз худрози хастем ва гохе бо хамсояхо душманем ва урупойихо низ гохе аз нигохе баъзе аз хамватанон "габр" анд. Яъне хамаи роххои омухтан аз тачрубахои дигаронро бастаанд ва карор доранд то абад дар хамин "бихишти ватании" худ кайф кунанд.

Аммо вокеъият чизи дигар аст. Онхое ки чашму гуш мебанданд ва аз омухтан ва пешрави мехаросанд хатман дар тагйироти ояанда манфаате барои худ намебинанд. Ва ба хамон нони хушки худ мехоханд басанда кунанд. Аммо онхое ки мехоханд омузанд, пешрафт кунанд ва аз дигарон биомузанд миллионхо нафаранд ва хатман муваффак хоханд шуд ва дигаронро низ бо худ хоханд бурд.

Аслан намехохам чомеъа садамадида ва тоза аз чанг сарберун задаи точикро ба хубу бад чудо кунам. На ин касди ман нест. Касди ман сухан аз баробарист. Баробарии зан ва мард ва шарафи инсонии мо хама баробар аст ва ба хеч чизе махдуд намешавад. На ба бозуи мардони варзишгор ва на дарозиву кутохии…..

гесувони духтарони хушруй. Шарафи инсон махаки дигаре дорад.

Зидди мард нестам ва дар ин даврони гузаро ба хусус ба мардон бештар дилам месузад.

Чанд муддати пеш родиои Озоди як видео лавха мунташир карда буд ва дар он аз рахгузарон мепурсид ки оё мардони точик хасис хастанд? Ва вакте ин видеоро нигох мекардам ашк дар чашмонам халка зада буд.

Марди точик факиранд на хасис. Мардуми точик марду зан надорад мо ё факри моли дорем ё факри маънави аммо бе шак яке аз ин дуро дорем.

Мо аз тангдасти чашмхоямонро бар хаки инсонии якдигар низ мебандем ва худро ба нодони мезанем. Дуст дорем хатман барои зодрузи хамдигар тамоми гулхои бозорро бихарем, ангуштари тиллое, либоси наве ва хар орзуйи хамсар ва азизи худро барояш эхдо кунем, аммо…

Шавхари хасис хам хаст ва занони пурхох хам хаст аммо умумикардани вазъи чомеъа хеч мушкили моро хал нахохад кард.

Агар карор аст ки ман низ бишинам ва бигуям ки чанд марди тангбини зидди зани точик интернетро тасхир кардаанд, пас хамаи мардони точик зидди зан ва занхарос хастанд иштибох хохам кард. Мо то замоне ки ба оморгири одат накунем ва ба оморхои гирифтаи созмонхои давлати эътимод надошта бошем набояд рочеъ ба мардум ва чомеъа худ натичагири кунем.

Ман фикр намекунам ки мардони точик акибмондаанд ва талош мекунанд занони худро дар хонахо баста нигах доранд ва хасисанду харч намекунанд. На.

Шояд чанд дарсади онхо чунин бошад аммо миллионхои дигаре хам хастанд ки духтарони худро по ба пойи писаронашон мехононанд ва пуштбони мекунанд ки дар чомеъа ба касбу коре бирасанд. Онхое хам ки зану духтари худро дар хонахо пинхон мекунанд он хам аз тарси он аст ки амнияти онхоро, худо накарда, натавонанд таъмин кунанд. Харчанд ин хам бахона барои зери по кардани хаки зан ва ё духтар намешавад.

Аммо рости хак чист?

Баёния хукуки башар банди як:  "Тамоми абнои башар озод зода шуда ва дар хурмат ва хукук бо хам баробаранд. Аклоният ва вичдон ба онхо дода шуда ва лозим аст то бо якдигар баробар ракобат кунанд."

• ماده ی 1

تمام ابنای بشر آزاد زاده شده و در حرمت و حقوق با هم برابرند. عقلانیت و وجدان به آنها ارزانی شده و لازم است تا با یکدیگر برادرانه رفتار کنند.

Хаки инсонхо дуруст аст ки пеши конун баробар аст аммо гохе чунин мешавад ки хатто падару модархо барои фарзандхои худ ин хакро таксим мекунанд ва барои яке бештару барои яке дигар камтар койил мешаванд. Ва ё хамсархо бо хам ин зулмро раво мебинанд ва хаки инсонии якдигарро зери по мегузоранд. 

Чун хак додани нест! Хак гирифтани аст! Мо иштибох мекунем агар фикр кунем ки ин мардон хастанд ки  бояд ба занон хак диханд. На! Ин занон хастанд ки бояд аз пайи хостахои худ бираванд ва хаки худро густарда  кунанд ва афзоиш диханд!

Мардсолори дар чомеъаи мо вучуд надорад балки заноне вучуд дорад ки хануз мутавачехи ин нестанд ки чудо аз хонавода ва издивоч низ хаку хукуке доранд. Заноне ки бадбахтона бо саркуб ва зулм бузург шудаанд. Яъне аз таваллуд то издивоч ба онхо зулм шуда ва чизе ба чур зур ва щулм намедонанд.

Инсон будан хаки мутлак ба хамаи мо медихад ки хар чи фикр мекунем ва хар чи мехохем барои мо марзхои зиндагимон ро ташхис медихад.

Инчо мехохам ба 30 банди аъломия хукуки башар таъкид кунам ки мутмайинам миллионхо нафар аз хамватанони аз вучуд доштани чунин хаку хукуке хабар надоранд ва агар хам бохабар шаванд надонанд аз он чи гуна истифода кунанд.

Дар навиштахои баъди аз 30 банди баёния хукуки башар хохам навишт ки мутаасифона дар википедиё ба хати сириллик оварда нашудааст. Аммо бо хати форси ва руси метавонед аз он бихонед ва ба афроде ки дар атрофи шумо хастанд ва эътимод ба нафси худро аз даст дода ва тахти фишорхои иктисоди ва хонаводаги хаки инсонии худро фаромуш карда  ва ё ба афсурдаги даст додаанд хамхон кунед ки шояд ба онхо кумак кунад ки хар чи зудтар ба шарофати инсонии худ диккати бештар кунанд ва зиндагиро дубора аз нав аз сар гиранд.

Баёния хукуки башар ба хати форси:

https://fa.wikipedia.org/wiki/%D8%A7%D8%B9%D9%84%D8%A7%D9%85%DB%8C%D9%87_%D8%AC%D9%87%D8%A7%D9%86%DB%8C_%D8%AD%D9%82%D9%88%D9%82_%D8%A8%D8%B4%D8%B1

Баёнияи хукуки башар ба забони руси:

https://ru.wikipedia.org/wiki/%D0%92%D1%81%D0%B5%D0%BE%D0%B1%D1%89%D0%B0%D1%8F_%D0%B4%D0%B5%D0%BA%D0%BB%D0%B0%D1%80%D0%B0%D1%86%D0%B8%D1%8F_%D0%BF%D1%80%D0%B0%D0%B2_%D1%87%D0%B5%D0%BB%D0%BE%D0%B2%D0%B5%D0%BA%D0%B0

One thought on “Мардсолори, занхароси ва шарофати инсонии мо

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *