“Тарин”хоро чи гуна интихоб кунем

(Идома)

        Дар дунёи мудерн фард мухим аст ва хамин тавр вижагихои хар фарде бар асоси тавонойи ва натичаи кори у санчида мешавад.

Дар навиштаи кабли хурдагири карда будам ба ин ки чаро мо бояд бар интихоби бехтарин рузноманигор бипардозем вакте ки рузномаи меъор ва бетарафе надорем.

Аммо афроде ки дар ин назарсанчии норавшан ба унвони 10 рузноманигори бартар интихоб шудаанд як вижагии ба хам шабех доранд. Калами бурро доранд ва бар масоили хассоси руз мураттаб менависанд. Мо медонем ки ин рузноманиорон хар кадом дар бахше кави хастанд ва бархе бар бахшхои дигари рузноманигори ва тавонойихои онхо ба хеч вачх бо хам баробар нест.

Мушкили ман бо ин афрод нест ки такрибан бо ними аз онхо робитаи дустии наздик дорам ва хатто метавонам бигуям ки аз корхояшон бисёр омухтаам ва хамчунон корхошонро дунбол мекунам.

Аммо интихоб кардани "таринхо" бояд бар асоси усуле бошад ки худи афроде ки ба унвони баранда ва ё бартар интихоб мешаванд эхсоси хаконии шоди ва кадрдони кунанд ва ин чоизаро агар чоиза аст чидди бигирад.



Вокеъият ин аст ки ин номбурдашудахо ва дигар афроди дур аз чашму гуш мо ва аммо нобигатар бояд ба таври барномарезишуда ва систематик кадрдони шаванд.

Мо точикон як иштибохи куллиие дорем ки дар хамаи сохахо онро такрор мекунем. Барои мисол бехтарин нависандаи сол агар интихоб кунем хатман бояд он нависандаи вокеънигор бошад ва дигар сабкхои нависандаги аз калам меафтад ва ба ин хотир сабкхои дигари адабии дар адабиёти точик то ба хол на шинохта шудаанд ва на аз чониби хонанда чидди гирифта мешаванд. Дар холе ки адабиёт жанрхои зиёде дорад ва мо нависандагони зиёд.

Холо хамин иштибохро бар сари рузноманигорон пиёда кардан аз кучо сар мезанад? пайдо кардани посух ба ин суол хадафи ман нест. Хадафам ин аст ки дар ин навишта ба роххои интихоби бартархо бипардозам ва чанд рохи халле дихам ки шояд гирехкушо бошад.

1. Ба назарам бояд кабл аз эъломи чунин тасмиме бо коршиносон хамфикри шавад ва хам барпо кардани як туфони андеша (brainstorming) сурат бигирад.

2. Рузноманигории точик бояд ба тарзи чидди ба хамаи риштахои худ бипардозад то рузноманигорони точик низ хамагуй ва хамакора боки намонд ва риштахои мушахасеро интихоб кунанд ва дар он ришта мутамаркиз, муассир ва муваффак шаванд.

Мо бояд пеш аз хама дар ёд дошта бошем ки рузноманигори танхо назарнависи дар бораи руйдодхои руз нест, балки дар риштахои иктисод, таълим, тарбият, фарханг ва хунар ва мусики, мувзуъи занон ва кудакон, кавмхо ва аклиятхо ва накднависи адаби таксим мешавад. Ва хатман бахшхои дигаре хам хастанд ки ман инчо ном наовардаам, ба мисли оморгири, фанни, ба мисли тачхизоти чадиди компутерй ва хукуки ва ва ва…

Мо бояд ба таври систематик хатто дар як расонаи кучак барои рохандозии сисмтеми кадрдонии мунсифона шуруъ кунем ки вокеъан хамаи шохахои рузноманигориро дар бар бигирад.

Мо хануз мисли даврони кабли мудерн ба равшанфикри нигох мекунем ва мутаасифона куллигуйи мо тамоми надорад.

Чаро мо пизишке надорам ки масоили такзияро дар сатхи расонаи байналмиллали матрах кунад ва иродхои хурок хурдани моро тахти омузиш ва накд карор дихад. Мутаасифона хамин равшанфикрони мо хатто гохе мешавад ки намедонанд таркиби хурокхое ки мехуранд захри кушанда барои чисмашон аст. Чун ин кори пизишк аст! Ва пизишкони мо одат доранд ба хар бемор так-так, чудо чудо такрор кунанд ва гохе хаста мешаванд ва дигар сукут мекунанд.

Фархангсози аз он шуруъ мешавад ки хар фард бар асоси тахассуси худ харф занад ва дигаронро рахнамойи кунад.

Ман мухолифи равшанфикрие хастам ки бо чашми пушида пеши пойи чараёни чомеъаи худ сангвор истодаги мекунанд бидуни ин ки тахлили хамагире арза.

Барои мисол мухолифатхое ки алайхи чашну базмхои точики машавад маро дар таачуб меандозад. Чаро бояд аз мардум охирин шодиашро гирифт? Чаро бояд мардумро хамрох бо давлат бар як сандали нишонд? Чаро бояд дар акабмондагии чомеъа мардумро гунахкор донист?

Ин кори равшанфикрони ноком ва мухобифони камдониш аст.

Барои ин ки мо точикон фикр мекунем мухолифат нишонаи равшагфикрист. Аммо ба назари ман равшанфикри дуруст аст ки бо мухолифат шуруъ мешавад аммо хамрох бо пешниход додан ва рахнамойии кардан кадаме ба пеш мегузорад ва рушдмекунад.

Равшанфикрони точик, чунин ба назар мерасад ки дар хисори худ ба сар мебаранд ва дар набарди кухнаву кухнатарин мардумро танхо гузоштаанд.

Манзурам аз кухнаву кухнатарин бозмондахои шурави ва мазхабиёни дубора бедоршуда аст.

Чомеъа точик чавон аст ва бояд бо чавонии худ бинозад ва аз банди ин кухнахо рахо ёбад то ояндаи дилписанде барои худ дошта бошад.

Дар ин рох ба насли чавон чи касе дасти кумак дароз мекунад, намедонам.

Агар ин вазъият идома пайдо кунад Точикистон низ мисли Чумхурии Эрон эътимоди насли чавонро аз даст хохад дод.

Ба назар мерасад ки давлати точик аз тарсе ки аз рушди ислом дорад худ бехабар дар холи ташвик ва тарвичи он аст.

Мо равшанфикрон чи рузноманигор ва чи каламбадаст хануз дар худ тавонойи инро пайдо накардаем ки расму русумхои кухнашударо ном бибарем ва бори гарони шонахои насли чавонро сабук аз гаму гуссахои нолозим ва бехуда кунем. Чун худи мо низ дар пасткучаи ин кухнахо аз тозахо дар хичилем.

Шояд бо ворид шудани компутер ва ошнойи фарогир бо интернет ва фазои омузандаи он битавонем ба оморхои чомеъаи худ даст ёбем ва бо дониши имрузи бифахмем ки ниёзи чомеъаи мо чист.

Ба назар мерасад ки чомеъаи точик дар афсурдагии тамом мехохад дар дину имону худ гарк шавад ва дархои ояндаро ба руйи худ бибандад:

Оё  вокеан мушкилоти чомеъа мо точикон дар ин панч соли гузашта руйсари духтарони донишчу буда ё камбудии китоби дарси? Оё накзи хукуки башар дар чомеъаи мо бесаводи ва бехабари аз фарханги маъмулии сафар кардан буда ё рафтан ба масчид?

Оё далели кушта шудани чавонони точик дар Русия, точик будани онхо буда ё маъсумияти кудакона ва рушднакарда ва адами эътимод ба нафси чавонмардони 20-30 солаи мо будааст?

Оё мушкили мо надоштани бузургтарин китобхона буда ё надоштани китоб?

Оё кори кудак одобу эхтиром ба бузургсолон аст ё накзи хукуки аввалия инсонии кудакони точик?

Оё панох бурдан дар масчид фарор кардан аз дунё ва дониши он аст ё вокеан асри тиллойи парастиш дар чомеъаи точикон фаро расида?

Ва Ва….

Ин мавзуъхоро такрибан хамаруза аз расонахои хурду бузург ва гохе дар веблогхо мехонам ва бо умеди як тахлили чидди ва як ишора ба хакикати мушкили чомеъа то охири макола меравам аммо дар бисёре маворид асли мушкил ё нодида мемонад ё дониста пинхон мешавад ё вактхои зиёде ба фахошиву бадгуйи талаф мешавад.

Дар гумном мондани мушкилоти чомеъаи точик рузноманигорони мо макассирони аслианд. Оё вокеан мушкили аслии чомеъаи точик баргаштан ба хатти форсист ё ин яке аз барномахои бехбуд бахшидан ба системи омузиш аст?

Ба назарам таксири равшанфикрони мо буда ки ин мавзуъ то ба хол на ба натичае расида ва хамчунон чилугири халлу фасл ва ё матрах шудани мавзуъъои аслитар шудааст.

Накши рузноманигории точик хамаруза пардохтан ба мушкилоти чомеъа ва муарифии он ба мардуми оддист. Мутавачехам ки мактаби рузноманигории муътабаре надорем аммо худомузиро набояд дастикам бигирем.

Набояд таъсири накдро дасти кам бигирем ки сахтгири ба кори худ ва бо ному санад накд кардани кори якдигар метавонем як кадам пешрафт кунем. Мо метавонем ин номгуйи кутохи муъарифи шударо ба садхо бирасонем агар берахмона навиштахоро накд кунем. Хар бор ки харфи хисобе ва тахлили нобе мебинем барои дигарон низ муъарифи кунем, кадрдони ва эътироз ба хар навишта метавонад рузноманигории точикро ба дарачаи чидди бибарад.

Он кадар чидди ки хар касе натавонад чуръати онро ёбад ки ба рохати худро рузноманигор эълом кунад.
Он кадар чидди ки битавонем хамасола чоизаи рузноманигори бартар баргузор кунем ва назарсанчии доманадоре анчом дихем ва рузноманигориро ба асри тоза ворид кунем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *