Рахнамоии як точики камбагал барои мувафакият 2

Ин рузхо мавзуъйи рахнамойи кардани онхое ки ниёзхои худро шинохтаанд дар зехнам чой гирифта. Коре ки шояд бисёре аз равшанфикрони мо ба он камтар тавачух диханд. Мо бо хамчинсхои худ дар гуруххое ки афроди хамфикрро канори хам чамъ кардаем машгули фархангсози хастем. Коре ки ниёзи мардуми миёнхол ва ё ба истилохи дигар табакаи мутавассити чомеъаанд.

Аммо оне ки холо худро танхо ва бепушту панох ва тахкиршуда эхсос мекунад мардуми табакаи пойин аз мутавасситанд. Мардуми камбагал.

Мардуме ки намедонад чаро буданаш ин кадар сахт шудааст. Мардуме ки мо равшанфикрон онхоро ба забонфуруши ва ё бехабари мутахам мекунем. Аммо вокеият ин аст ки мардуми точик тачзия шудааст. Ва ин тачзия дар тули як карн сурат гирифтааст.

Мо точикон он кадар тачзия шудаем ки дигар аз он тачзияе ки дар даврони шурави рух дод амиктар аст.

Мо гузашта аз ин ки худро ба махалхо чудо мекардем хамдигарро, холо ба мазхаб ва гаройиш ва хам пуштвонахои моли ва хам акидати таксим шудаем.

Мо худро ба мусалмони, ба зартушти, ба бехудойи, ба материалисти, ба тахсилкарда, ба тахсилнакарда, ба бозори, ба фарханги, ба суннати ва ва таксим кардеам. Ва бароямон сахт аст ки аз ин марзхо убур кунем ва барои сохтани як чомеъаи демократик талош кунем.

Мо хануз ба он сатхи милли нарасидеам. Ва ба назарам суоли барои чи мо хануз сиёсати хамла ба хамдигар, ба хамватан, ба хамзабони худро идома медихем, калиди пастрафти точикон дар ин бист соли гузаштааст.



Мо дар чараёне ба сар мебарем ки бояд хатман ба сари акида ва бовархои якдигар бизанем. Хатто ман хам аз ин ки битавонам бидуни асабоният ба исломгароёни ифроти гуш кунам эхсоси заъф дорам. Эхсоси заъф дорам ба харфи касе гуш кунам ки баробарии зану мардро ки асоси демокроси аст кабул надорад.

Ман фикр мекунам ки точикон гаройиши зиёд ба баргаштан ба гузашта доранд. Хамон тавр ки устоди насри навини точик Мухаммадзамони Солех менавишт ва ихтор медод аммо мо тавачухи каме ба он доштем.

Мо точикон намедонам чаро бовар дорем ки хар чи кухна ва кадими хуб ва асил аст. Дар холе ки ин на хамеша мантик дорад.

Шояд он идиоложие ки устод Лоик аз асолати точики мо харф мезад ва аз даврони кабл аз инкилоби руси мисол меовард ки мо точикон истиклоли милли доштем хатман ва бидуни шак дар муколиби русишудани мафкураи миллии точикон буд.

Аммо вокеият ин аст ки иттиходи чомеъаи имрузи бо милли будан созгор нест. Мо бояд ба унсурхои демокротик такя кунем то муттахид шавем то вакте аз миллият харф мезанем хаку хукуки аккалиятхоро риъоят карда бошем.

Чаро чомеъаи равшанфикри точик гардан ба гиребон кардааст? Хатман ба ин фикр кардеад. Ба назарам рафшанфикрони мо байни гурухи ниёзманде ки хануз ба ниёзи худ исм пайдо накардааст, хануз наметавонад дакик бигуяд ки чаро эхсоси хушбахти ва ризоият аз зиндагиаш надорад ва хатто давлатмардони комилан сохибком низ эхсоси танхойи ва нотавони мекунад.

Вакте рафшанфикр худро аз доройи дур мебинад ва дур аз давлат ва дур аз мардуми худ мондааст пас намешавад гуфт ки мо чамъи рафшанфикре дорем ки бишавад ба онхо такя кард.

Равшанфикри точикро дидаву дониста саркуб кардаанд ки мардум бидуни рахнамо монад бештар аз ин хам наметавонад барои ниёзи худ исм бигзорад ва аслан натавонад ташхис дихад чист он гаме ки аз сари дилаш дур намеравад?

Вакте чомеъа дар ин сатхи факри модди ва маънави ба сар мебарад рохи хал чист?

Шояд рохи хал ин аст ки даст аз орзухои худ барнадорем. Дунболи орзухо ва армонхои худ биравем ва ба орзу ва армонхои дигарон низ эхтиром бигузорем.

Орзуи як точик камбагал расидан ба шиками сер ва обруву эътибор аст. Аммо агар ба орзуи худ шабу руз бо тавачух фикр накунад ва хар руз як кадам барои рафъи  вазъияти худ талош накунад шояд вазъияташ хеч вакт тагйир накунад.

1. Орзуи як бехона пайдо кардани сарпанох аст ки агар рузе, мохе ва ё мохе микдори пуле канор нагзорад шояд баъд аз панчох сол хам сохиби хона нашавад. Аммо агар ба пасандоз кардан шуруъ кунад шояд дар дах сол битавонад сарпанохе барои худ бихарад.

2. Аммо агар ба ин фикр кунад ки ман ки пули изофа надорам канор бигузорам хеч вакт нахохад дошт аммо агар ба ин фикр кунад ки чи кор бикунам ки битавонам микдре пул канор бигзорам, хатман ба рохи хале хохад расид.

3. Агар точики камбагал фикр кунад ки у бадбахттарини шахрванди кишвари худ аст, хато мекунад. Дар чомеъаи имрузии мо хама ба андозаи худ ниёз дорад. Ниёзи хар фард ба андозаи орзуи уст. Агар орзу дошта боши ки муаллим шави бояд аввалин кадамро ки ба даст овардани мадраки донишгох аст бардошт. Аммо агар он аввалин кадам бардошта нашавад хеч вакт он орзу амали нахохад шуд.

Кадами аввал он аст бояд тасмим гирифт ва пайваста дар рохи расидани ба он орзуи мушахас ва равшан бирасам. Ё баъд аст панч сол ё баъд аз дах сол, аммо бирасам.

Мушкили бисёрехо дар ин аст ки мегуянд ман наметавонам чун модарам намехохад, наметавонам чун падарам кумак намекунад, ман наметавонам чун бародарам….

Ин бахонахо моли касонест ки интихоб кардаанд барои хамеша ормон дар дил бипарваранд на ин ки ба орзуи худ бирасанд.

4. Хеч фикр кардед ки мардуми нодор алокаи зиёд ба филмхои хинди доранд? Ман хам доштам ва шояд каме аз ин ки тавонистам худро ба орзухои худ наздик орам хамин филмхои хинди кумак карда бошад.
Чун ки филмхои хинди накши хамон афсонахоеро доранд ки поёни хубу хуш доранд ва хама ба муроду максади худ мерасанд!

Ин ибораи "… ва хама ба муроду максади худ мерасад" асли орзупарварии мост ки аз кудаки онро мешиносем ва аз шунидани ин он бенихоят шод мешавем.

Аммо мутаасифона фаротар аз эхсоси шоди нарафтаем. Ба мо омузондаанд ки орзуро бишносем аммо нагзоштаанд ва хатто амдан чилугири мо будаанд ки накунад ба орзуи худ бирасем.

Аз издивоч ба фарди мавриди алокаамон то тахсил кардан дар риштаи дустдоштаамон ва то пушидани либосе ки дуст доштаем. Ба мо аз парвоз гуфтаанд аммо парвоз наомухтаанд. Барои ин аст ки мо точикон хама бо хам сохтори ва ё систематик саркубгари орзухо ва хаячонхои зиндаги хастем.

5. Орзухои худро бояд бинависем ки хатто як лахза хам аз ёдамон наравад. Чи он орзу навиштани китоб бошад ва ё харидани хона ва тахсил кардан дар донишгох!

Орзухои инсон хар чи кадар фарогиртар ва бепахнотар аст инсон хамон андоза имкони рушди бештар дорад.

Инсонро орзухояш илко медихад! Аммо намедонам чаро орзухои мо точикон кучактару кучактар шудааст. Мо хатто аз орзу кардан шарм медорем. Ба тавонойихои худ шак дорем. Мо ба харфхои душманони миллат боварамон шудааст ангор ки даст ру даст гузоштаем ва тан ба беодлати додаем. Мо гохе дар фарогир шудани беадолати дар чомеъаи худ сабаб шудаем.

Аммо метавонем аз имруз, аз хамин алъон чубронгар бошем ва аз орзухои бузург шуруъ кунем!

Ман хамин холо орзуи худро эълом мекунам ки шуруъ карда бошам.
Ман орзу дорам романе бинависам ки худам битавонам аз хондани он хаста нашавам. Китобе бинависам ки рахнамо ва рахгушойи миллиюнхо афрод бошад ва аслан ба точикон махдуд нашавад.
Ман мехохам адабиёти точикро зинда кунам!

Ман мехохам филме бисозам ки фарханги филмсозии точик дубора равнак кунад!
Ман мехохам фарде бошам ки барои байналмиллали шудани тавонойихои миллатам ва чахони шудани точикон боис шавам!!!

Ин орзуест ки ман хар руз барои расидан ба он калам мезанам, кадам мезанам ва ифтихор мекунам.

Шумо чи?! Мехохед бо ифтихор кадам ба чодаи рушд бигзоред ё сархаму, шармину боки бимонед?

Ихтиёр бо шумост ва хар чизе хаст интихоби шумо ва он низ кобили кабул аст, аммо ба андеша ва орзухои худ хиёнат накунед ва аз харфи дигарон натарсед.

Мо точикон бояд шуруъи тозаеро доман занем ва аввал аз хеш ки мо бахши мухиме аз чамеъа хастем!

Хам ман ва хам так-таки шумо!!! Ва меъёри мо орзухои мост!!! Орзухои бароятон орзу мекунам то расидан ба ниме аз он низ ба битавонад ва шумо эхсоси мувафакият дихад ва рози аз умри худ боки бимонед.

 

One thought on “Рахнамоии як точики камбагал барои мувафакият 2

  1. Салом
    табакаи мутавасити чомеъа якъне кихо? Агар мешавад фахмонда тиед.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *