Баъд аз хазор сол

Ин барномаро имруз бо дилтангии бисёр дуруст кардам ва ашк мерехтам ба ин вазьи бесару тахи дунёи точики. Дунёи берамаки бе Лоик. 

Барои шустани чашмонат
Меоям
Он чашмони хунхурда
Он чашмони дар хун хуфтаатро мешуям
Бо ашку буса
Бо кахру гусса
Умедро бедор мекунам дар сахрахои сахту сухтаи нимчонат
Ишкро бедор мекунам
Бо лабхандхои шайтони
Шахвати ширини чавониро
Безор мекунам
Меоам
ки бедор шавам дар багали урёнат
Дар багали табноки беморат
урён шавам
Дар кахкахаи мастиву рости
Эй ватани бекафанам

Хорхои поятро бо дандони ашк
Дар дарозтарин шаби тобистон
Берун мекашам

Ман худро дар огуши ту мекушам
То бедор шави
Эй маъшуки хобидаи ман
Механ!

فایل صوتی
(20-май 2011)
Холланд

One thought on “Баъд аз хазор сол

  1. Абу Салмони Форси

    Хонуми Шаҳзода
    саломи самимии маро қабул фармоед
    Ташакури зиёд барои таҳияи ин барномаи ҷолибу самими
    Банда, мудати 17 сол аст ки дар хориҷи ватани азиз Тоҷиқистон кор ва зиндаги дорам . Агар чанде ки ҳамсари ман низ Тоҷик аст вале ҳамаи кудакҳои мо дар беруни Ватан таваллуд шудаанд ва дар муҳити ду аз забони Тоҷики парвариш меёбанд. Бо мушоҳидаи ин барномаи шумо ман боз ҳам кушиш хоҳам кард ки ба фарзандони худ забони модарии онҳоро омузонам. Чаро ки
    заҳр бодо шири модар бар касе
    ку забони модари гум карда аст

    Reply

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *