Родиои мудерн веблог мехонад

Чанд бор магар пеш меояд ки бо дасту пойи гилолуд ва оби бинии равон аз борони бахори гурезон вориди хона шавед ва бибинед ки аз матрахтарин родиои байналмиллалии точики барои шумо нома навиштааст ва шуморо ташвик ба навиштан кардааст?

Кам пеш меояд ва ё хамин як бор иттифок меафтад ва бояд хамин фурсатро ба дурусти истифода бурд.
Родиое ки солхои зиёд шунидани он бароям  як дунё роз дошт ва чурм махсуб мешуд ва ба хамин хотир лаззате дошт гайри кобили тасвир. Родиое ки шунидани барномахояш дустони зиёдамро ба бозчуйиву бозпурсихои озордиханда ва тарсонандаи маъмурони амниятии Самарканд мекашонд. Родиое ки табу буд. Родиое ки дуру дастнорас буд. 
Аз он солхо гузашт ва мо точикони бурунмарзи ман охиста- охиста бо тарс ва эхтиёт худро ба он наздиктар эхсос кардем ва ё родио ба мо наздиктар шуд ва аз масоили мо мегуфт ё дигар… намедонам. 
Инро медонам ки борхо талошхои наздик шудан ба ин родио шикаст хурд ва дури доман пахн кард. Он вакт сомонахо рох андози шуд ва онхое ки аз шунидани садо дилсард буданд дигар метавонистанд бихонанд. Ва хондан моро начот дод  ва берасонагии моро таъмин кард ва кахру чахли моро фуру нишонд. 
Нома ва ё нашри барномахои родиойи хонандахои зиёде пайдо кард ва ман яке аз онхо будам ва хастам. 
Холо ин замон дарёфти номае аз родиои ба ин мухими маро ба ёди навчавониам овард. Вакте номае аз родиои махалии "Овози Самарканд" бароям омада буд ва ними махал нома ба даст дунболи ман мегаштанд. Ман дар як лахза аз як кудаки логари  рангпарида ба як инсони мухиме табдил шуда будам ки расона барояш нома навишта буд. 
Шояд хамин номаи устод Акбар Пирузи буд ки хати рузгори маро таъин кард ва ман ру ба расона овардам. Ва аз ин чост ки хуб мефахмам уи ру овардани расонахо ба афрод ояндасоз аст. 
Расонахо хатман инро медоданд аммо мутаасифона камтар аз ин кудрати худ истифода мекунанд. 
Аммо мехохам ба Сочида хонум ва гурухи хамкоронаш арзи сипос кунам аз ин бобат ки дар ман ин эхсоси кудакиамро дубора бедор карданд ва дарвокеъ пазируфтани онхо ба унвони як расонаи хирфаи веблогнавиштанро як дарача болотар мебарад. Мухимтар аз хама вакте так-таки веблогтависонро ташвик ба навиштан мекунанд ва барояшон дар сафхаи хирфайи худ фазо боз мекунанд. Онхоро барои видиоблогнависи хидоят мекунанд ва дар сохтани торихи фархангхои тоза як расонаи пешгом мешаванд. Ин кор ниру ва аз худгузаштагии зиёде метавалабад ва бардоштани масулияти ду се соати кории бештарро низ хамрох дорад.  
Вале родио Озоди гавхари веблогнависиро пай бурда ва ин хама захмати онро тахамул мекунад ва кадами аввалро мегузорад. Бояд аз ин часорати онхо кадрдони кард. 
Аммо асл веблог аст. Веблог аст ки аз зухури худ ва имконоти худ паёми равшан медихад. Майдон ба так-таки мо медихад ки расонаи хурд вале бо салика ва интизороти фарди мо ба мо дихад ва мо-и мухотабро бар мизи мурочиат кунанда биншонад ва ба мо калам ва микрофон дихад. Вагарна мо хам одреси имайли хамдигарро дорем ва хам шумораи тамосро то харфамонро ба тарафи дигар мустаким бирасонем. Аммо веблог нависи мавзуъхоро фароз ва пахно дода ва хама чизи кучаки рузгори кучаки моро ба як мавзуъи асосй табдил кардааст. 
Мухим ин аст ки родиои Озоди рисолати худро дарк мекунад ва веблогхоро ракиб намедонад ва дар рохи эчод кардани робитаи шафоф ва озод байни мухотаби худ пешгом аст. Коре ки шояд Би Би Си точики  дар натавонад анчом дихад. Бо хазору як далел ки якеаш надоштани ихтиёр аст.
Хушхолии ман аз ин бобат аст ки ман танхо нестам ва веблогнависони точик сол ба сол афзоиш пайдо мекунад ва табухо рахна пайдо мекунанду пораву жанда мешаванд. Бо кумаки расонахое бузург ва бо идахои бузург.
                 "Салом, дӯсти азиз!

Муддатест пайваста аз торнигори         Шумо дидан мекунем ва матолиби         онро бо шавқи зиёд мехонему гоҳе       сари онҳо баҳс мекунем. Хеле хуб       аст, ки Шумо бо ҳузур ва фаъолияти     хеш олами блоги тоҷикӣ ва ба ин           васила фазои иттилоотиро дар             шабакаи ҷаҳони интернет рангин           мекунед. Дар ин ҷода бароятон             устуворӣ ва комёбиҳо орзумандем.

Агар огаҳӣ доред, хуб, вагарна бо ин нома ба таваҷҷӯҳи Шумо мерасонем, ки дар торнамои Радиои Озодӣ гӯшаи “Блогистон” таъсис шудааст, ки беҳтарин матолиби блогнависонро ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мунташир карда, дар муаррифии ин блогҳо ва афзоиши теъдоди хонандагони онҳо саҳм мегирад.

Ҳоло мехоҳем, Шуморо ба ширкат дар кори ин гӯшаи торнамои Озодӣ ҷалб намоем. Хоҳиши мо ин аст, ки агар имкон доред, ҳар моҳ яке аз навиштаҳои худро ҳамроҳ бо акси дилхоҳи хеш ва линки блоги худ ба гӯшаи “Блогистон”-и Озодӣ бифиристед. Мо матлаби Шуморо нашр мекунем.

Ҳамчунин метавонем дар ҳамкорӣ Шуморо ба таҳияи видео-блогҳо даъват кунем, ки вақт ва нерӯи камтаре мегиранд. Агар компютери Шумо дурбин дорад, метавонем бо ҳам дар тамос шавем ва видео-блоги Шуморо мустақиман забту дар Блогистони Озодӣ пахш кунем.

Шумо аз ҷумлаи пешгомони фанновариҳои нави иттилоотӣ ҳастед. Биёед бо ҳам ин пешсафиро идома диҳем ва блогосфераи тоҷикро ба сатҳи болотаре бардошта, ба доираҳои фарохтар муаррифӣ кунем.

Бо дуруд ва эҳтиром
Соҷидаи Мирзо,
мудири Бахши Тоҷикии 
Радиои Озодӣ" 

Фикри видиоблогро аз замоне ки ютйюб рохандози шуд доштам, аммо чуръаташро аз даст дода будам. Дигар ру ба руи дурбин рафтану нишастан бароям сахт аст аз бас пушти дурбин чо хуш кардаам. Аммо вакте чунин ташвикхо мешавад бовар кунед нирухои нухуфтаи инсон ру мезанад ва ба фикр фуру меравад. 

Ин хамон родиост. Родиое ки шуниданаш барои ман соатхои тулони вакт мебурд ки аз мавч ба мавчи дигар рафтан ва байни мавчи садохои руси, руси ва руси дунболи садои ширини точики гаштан ва пайдо накарданро бо худ дошт ва эхсоси дури. 

Он замон барои дуст доштанаш далоили дигаре доштам. 

Аммо холо арзиши ин родио бароям чандин баробар шуда чун ин хамон родиост… ки веблоги маро мехонад. 

Ин хамон родиоест ки веблоги шуморо мехонад ва онро ба унвони хурдарасона мепазирад ва таъсири он руи чомеъаро хуб медонад.

Хушхолам ки холо баъд аз хашт сол дар Гугул чустучу мекунам садхо хазор матни точики пайдо мекунам. 11 Май соли 2003 камтар аз дах ё бист матн ба забони точики мавчуд набуд ва ман дар умки афсурдаги як мусофири гариб будам. Аммо холо чомеъаи мачозии точикон дар интернет ру ба афзоиш аст ва ман дигар на афсурдаам ва на эхсоси танхойи мекунам. Дигар баро шунидани забони точики ноб ниёз ба сафар ба Точикистон нест ва барои хондани матни ноби точики ниёз ба зеру ру кардани китобхонахои шахрхои бегона нест. 

Мо точикон дар мукоиса бо як карни пеш ба суръат ру ба пешрафт хастем ва ин тагйирпазирии мо он кадар тунду сареъ аст ки мутавачехи он намешавем. Танхо лозим аст муруре ба сомонаи родио Озоди бикунем, мебинем ки дар дах сол тавонистаем харобкорихои як асри гузаштаро то хаде чуброн бикунем ва вазоифи худ дар асри тозаро низ ба чо биоварем.    

Ва ин пештарфт ба хамин минбол хохад буд агар тифок ва дастгири хамдигар боки бимонем ва каму кости хамдигарро бидуни риё фош кунем то хакикатро таквият бахшем ва точиконагиро дар ин даврони сахт ва печида махфуз ва мунхасир ба фард нигах дорем. 

Бо сипоси фаровон,

як велбогнависи шодмон

Шахзода

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *