Сарпаноххои танхои

Нигина як орзу дорад сарпанохе барои худ дошта бошад ва даре ки  ба руйи хар ки дилаш хост боз кунад ва ё боз накунад. Хамин орзу уро ба Маскав овард. Албатта се соли пеш. Замоне ки фарзандашро бо хонаводаи шавхараш мегузошт дасту пояш меларзид ва чашмонаш аз ашки пинхон хушку хунин шуда буд.

Холо дар даст тамоми пасандозхои ин се соли гузашта чамъ кардаашро дар даст дорад ва дар канори рохи охан мунтазир аст ки дусте барояш билети баргашт бигирад то хар чи зудтар ба ватан баргардад. Аммо на барои харидани хона,  хамон сарпанохе ки уро се сол аз духтари навзодаш дур карда буд, на. Барои ба хок супоридани шавхараш. 
Аз замоне ки шавхар кард тамоми сангинии рузгор руйи шонахои у буд. Аз хурондану пушондани модаршавхар то шавхару тифли навзод гирифта то бароварда кардани орзухои чавони руйи шонаи у буд. Бо ин хама эхсоси хушбахти мекард. Хушбахт аст ки метавонад худ ноновар бошад ва ба хамаи хонавода кумак кунад. Дуст надорад дастнигар бошад. Дуст надорад дар хона бишинад ва марде харчи уро бидихад. На вай худро аз занони пок ва фаъоли имрузи медонад ки бекори ва дастнигари барояш шармовар аст. 
Холо бармегардад шавхарашро ба хок супорад. Часади уро дар яке хиёбонхои Маскав пайдо кардаанд. Мегуянд русхои мутаасиб ба у хамла кардаанд ва то марг лату куб кардаанд. 
Нигина дар канори рохи охани Маскав нишастааст ва часади шавхари худро бо худ дорад. 
Нигина аммо хануз исрор дорад дубора ба Маскав баргардад ва боз пуле барои сарпанохе чамъовари кунад то битавонад бо духтараш дар ватани худ як зиндаги одди дошта бошад.
Нигина намунае аз занони Осиёи Миёна аст ки худро курбонии истиклоли худ ва хонаводааш мекунад ва ин кисматест ки уро ба занони равшанфикр ва кушои чомеъа табдил кардааст. 
Нигинае ки на аз марги шавхар ва на аз чабри замона пару бол шикаставу гушанишин намешавад. аммо нигарон аст ки ояндаи духтараш чи хохад буд. Нигарон аст ки тифлаш вакте ба воя расид тарки ватан кунад ва ин сарпанохе ки у бо ин хама сахти ба даст хохад овард (агар биоварад) дар як руз бифурушад ва бо чомадоне тарки ватан кунад. 
Аз дур мебусамаш ва мегуям мисли Лаку Пак фикр накун, Нигинчон, то духтари ту бузург шавад бист соли дигар аст. Мегуяд ман нигарони онам ки дар ин сарпанох танхо бимонам. Насли чавон хама дар холи рафтану барнагаштананд, танхо мо насли шурави ва дастпарвардаи суннатхои кадими пойбанди ин хок хастем…
Замони сухбат тамом мешавад ва занги канда-кандаи телефон меояд.
Нигинахо кам нестанд. Ман хам модари худро дар сарпанохи орзухои чавониаш танхо гузоштаам…   

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *