Афсурдаги вакте ба сабк табдил мешавад

Ёдам меояд вакте Самаркандро тарк мекардам, дилшура доштам ва ба хамаи сохтахои худ барои як зиндагии кучак ва конеъонаи худ нигох мекардам, ба дустон ва хамдилон. Амуям гуфт ки тасмими дуруст гирифтаам. Бояд аз дур ва ба хамаи пахнои ватан нигох кунам ва барои ин бояд мутаасифона дур рави. 

Дур ки рафтам дидам наздиктар шудаам. Он кадар наздик ки дигар сахт аст бибинам ки дар кучо хастам ва дар чи кишваре икомат дорам. Хама кишвархо ба худ маконхои мувакатие хастанд ки аз мухочирон пазироии мекунанд. 

Ман мехмони кишвари Холандам. То кай намедонам. Аммо медонам ки хар лахза дилам барои бозгашт дам мезанад. Аммо на ба Самарканд. Самарканд дигар барои чашмони дунёдида кучак аст. Аз лихози фарханги ва аз лихози имконот барои кор, барои тагйир. 
Дилам мехохад ва Точикистое равам. Ба кишвари кучаке бо имконот ва дархои боз. Намегуям вазияти Точикистое аз Самарканд бехтар аст, аммо марказе аст ки афроди фахмидаи бештаре дар он маскан доранд ва бо ин ки хар ки дар гушаи худ танхо ва афсурда афтодааст, аммо умед барои кори ояндасоз бучуд дорад. 
Дар хорич агар бимони дар хамин ду се расонаи точики махдуд мешави ва вокеан намебини ки тасири корхо ва нафиштахоят кучо мераванд чи касоне мехонанд. 
Ин харфхои хамешагии мухочирон аст ва махдуд ба мо точикон намешавад. Дилам барои чамъ танг аст. Барои занона либос пушидан ва мардонавор часурона харф задан танг аст. Коре ки дар Урупо маъно надорад.  
Маъно надорад аз гуруснани харф задан сари дастархони хушрангу бу. Маъно надрад шоди вакте дилат гирифтааст. Дилат гирифтааст аз худкушии касе ки хеч вакт надидаи ва хеч вакт бароят масала набудааст. 
Дилат гирифтааст аз дуругхои кучаке ки хар субх бо бусаи гарм мегуйи хубам! хама чиз хуб аст! 
Аммо вокеият ин аст ки дирам сахт гирифтааст аз ин сол ки бо худкушии шохзодаи ирони шуру мешавад ва мардумоне шоди мекунанд аз он. 
Мухим нест? Мухим аст. Чун агар ин аст касе аз мо низ токаташ ток шавад ва даст ба худкуши занад касони дигаре шоди мекунанд. Хуб бигзор? Пас ин хама харфхо аз дарди муштаракаи хамаи инсонхо чи мешавад? 
Чи мешавад агар касе худкуши накунад ва харф бизанад аз дардаш, бинависад, филм созад, мусохиба кунад ва бигуяд чи озораш медахад.
Хамаи ин корхо шуданист агар кас дар ватан бошад. Дар канори мардуме бошад уро дарк мекунанд.
Ба умеди он руз талош мекунам зинда ва солим бимонам. 
Ин рузгор хар руз камаре мешиканад ин бор бигзор он камари афсурдаги ва ноумеди бошад. 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *