Падар инсони инзивоталабе шуда

 

Дишаб падарамро хоб дидам. Хоби бисёр возех. Бедор шудам ва чашм ба барфи пушти панчара ба у фикр кардам. Чехраи маъсум ва мехрубонашро медидам ки ба суи ман нигох мекард. Дар зехнам шуруъ кардам ба навиштан. Дар ман рухи пирамарде зинда шуд ки бисёр шабехи падарам буд. Шояд падари падар буд ки ман танхо рузи маргашро дар ёд дорам. Рузе ки мо хама ахли хонавода ба хавлии у расидем ва падар маро багал карду ба утоке ки пур аз мард буд ва канори сандали часади бечони падарбузург хобида буд бурд ва сарамро наздики руйи сафед ва ришдори у бурду гуфт бибус. Боборо дигар нахохи дид. Тарсида будам ва набусидам ва бар гардани падар бо ду дасти кучаки худ часпидам. У руямро наздики сурати падарбузург бурд ки гунахоям сардии руяшро ехсос кард. Се ё чахор сол доштам. Ин танхо сахнаест ки аз падарбузург дар ёд дорам. Мегуянд бисёр камхарф ва гушагир будааст.

 Холо ангор падар хам дар холи шабех шудан аст ба падари худ. Ман аммо сухбатхояшро дуст дорам. Чун бо хар касе харф намезанад, аммо бо ман хамеша дуст дорад сухбат кунад. Аз ину он. Аммо кутох ва равшан. Хамеша аз ман мехост рузгорашро руи когаз биёрам. Бинависам. У дикта кунад ва ман бинависам. Аммо хеч вакт иттифок науфтод. Мехостам худаш бинависад. Аммо намедонист бо кадом забон бинависад:  бо руси ки ба он мусаллат буд ва ё точики ё узбеки. Аммо то ба хол нанавиштааст. Шабу руз дар холи мутолеъа аст аммо дар навиштан эътимод ба нафси комиле надорад. Шояд хам менависад. Намедонам.

Модар ки чанд муддат инчо дар Амстердам мехмони ман буд хамааш аз падар харф мезад, гохе хуб гохе бад. Модар ба мо омухт ки падарро дуст дорем, хатто агар маст бошад, хатто агар бадахлок ва бадхарф бошад. Модар ба мо кумак мекард хубихои уро хуб бишносем ва дусташ дорем. Чун худи падар зиёд ба афкори бакия тавачух надошт ва дар шикастани хамаи чахорчубхои мардуми махал фаъол буд.

Модарро водор кардам хотироташро бинависад. Ва навишт. Худуди чахор дафтар навишт ва пеши ман гузошту рафт. Мегуяд хануз низ гох гудоре менависад. Аз модар хаёлам рохаттар аст чун чавонтар аз падар аст ва сархолтар, аммо аз падар дилам шур мезанад. Мехохам билохира рузгори уро руи когаз биоварам. Хадди акал шахсияти уро дар румоне мучассам кунам. Интури ангор карзи худро пеши падар адо кардаам. Шуруъ кардаам аммо худо кунад ки ба он хама навиштахои нотамомам напайвандад ва хадди акал битавонам то поёни соли 2010 ба поён расонам. Хотироти модарро хам мехохам инчо дар веблоги худ кам-кам мунташир кунам.

Соли 2010 ро ба соли навиштан табдил хохам кард. Навиштани мудовим ва барномарези шуда. Магар хамин орзуи тамоми даврони кудакиам набуд? пас чаро бо ба хол ба фардои беохар мегузорам намедонам.

Чизхое ки 30 сол аст дар магзам хона кардаанд ва рахоям намкунанд. Бояд бинависам то рохат шавам. Вагарна рухи гузашта ояндаамро хам ишгол хохад кард.

 

4 thoughts on “Падар инсони инзивоталабе шуда

  1. Бисёр зебо буд, Шахзодачон. Худо кувват! Дар ин росто бароят комгории мудом мехохам. Ба ростй, хар касе ба ин лахзаи сарнавиштсози тасмимгирй ниёз дорад. Ба истилохи инхо, Christmas Resolution-и бисёр хуб аст.
    ——
    Ташакури зиёд Дориюш ҷон,
    умедворам ки чизи хубе аз кор дарояд.

  2. به نام یزدان پاک
    با درود بسیار و آرزوی خوشی ونیکیویی برای شما
    نمیدانم که شما این قلم فارسی را میتوانیذ بخوانید یا نه ولی با نا امیدی مینویسم.
    خواهشی داشتم در مورد اینکه میخواستم به عنوان یک ایرانی باورمند به یگانگی و اتحاد همه همزبانانش با دانشجویان تاجیک بیشتر آشنا شوم. لازم به ذکر است که اینجانب دانشجوی دوره دکتری رشته روابط بین الملل دانشگاه تهران بوده و به خاطر این دلبستگی عنوان رساله خود را در مورد اتحاد تمدنی انتخاب کرده ام و بدین منظور خواستار آشنایی یا دانشجویان تاجیک هستم. سپاسگزار میشوم مرا راهنمایی نمایید.
    محمد صادق جوکار

  3. Бо ӯ бештару бештар сӯҳбат кунед ва бигӯед, ки дӯсташ медоред. Дар ин гирдоби талошҳо мо фурсат инро аз даст медиҳем, ки ба падару модари хеш бигӯем, чӣ қадар онҳоро дӯст медорем. Оҳ аз ин фарҳанги шарқиёна! Шарм аз ибрози эҳсосоти хеш. Пайте мерасаду дарк мекунем, ки дер шудааст ва дар хилоли ҳазорон ину оне ки ба онҳо гуфтем, паёми аслй фаромӯш шудаст ва нагуфтаем, ё аҳёнан гуфтаем, ки онҳоро дӯст медорем.
    Хотираҳои онҳоро барои хеш ва пасовандон бояд бинавишт, ки бимонанд.
    Бароятон комёбӣ мехоҳам.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *