Симини Донишвар: “занон дар достонсарои муваффактар хастанд”

                                                                 Дар бахши кудаконаи яке аз китобхонахои махаллии ЛанданСимини Донишвар, хонуми достонсарои эрони  занонро ба чихати дарунгаро будан дар достонсарои муваффактар донистааст ва гуфтааст, ки занон сиришти киссагу доранд ва достонсарои хикмати занона аст. Вай хамчунин гуфтааст, мардон бештар берунгаро буда ва камтар нависандаи марде пайдо мешавад, ки монанди Содик Хидоят дарунгаро бошад.
(Накл аз ИРНО. 24 март)

Ин навишта чанд вакт аст дар дастам буд ва маро мисли хамаи чизхои чадиде ки мехонам боз ба дунёи адабиёти имрузи точик мебурд. Оё ин гуфтахо ба занони точик ва каламбадастони он низ марбут мешавад. Ба назарам, на. Мо занони точик гарчанд дар зиндагонии ичтимои аз занони эрони бозтар ва озодтар бошем, хам дар фаъолият ва тафаккури ичтимои сад гардан аз онхо акибмондатар хастем. Аз нигохи ичтимои ва адабиёт мо точикон чи зан ва чи мард хамчунон маъсум ва дастнигар мондаем. Ин одати як асри охири мо будааст. Холо ки бештари занони эрони хичоб ба сар ва гуё бо хукуки камтари читимои аз мардон ин хама дар текноложи, компутер, расона, адабиёт, филмсози, тахсили академик, наккоши ва моликият аз хеч зани мутамаддини кишвархои мутаракки камтар нестанд, мо занони точик бо кутохтарин доман ва бозтарин рафтор дар чамъ ва имконоти бештар мавкеияти худро натавонистем  болотар аз он чи дируз буд бибарем.

Дар чомеи бози Урупо ки холо дархо ба руи мо боз карда,  симои зани точик ва  дунёи онро хамин раккосагон ва хайётони точиканд ки хамчунон ки хаст ва дар хадде ки хаст озодихох ва шод ва зиндадил муаррифи мекунанд. Аммо дар асл дар дохил мо чигуна хастем, ба худи мо маълумтар аст то ба бегонае ки тоза ба дунёи мо ошно шудааст.
Чехрахои фархангии мо бо теъдоди махдуд ва бо чахонхои махдуд хануз дунёро бо хамон чашмони дирузаи худ мебинанд.

“Занони сабзбахор”- ро ба ёд меоварам, ки навиштаи Гулрухсор аст. У ки ичтимоитарин зани точик аст ва муваффактарини он низ, аммо занонатарин нест ва аз чилваи занонаги гуё харосе дорад ва дар чомеаи пурихтилофи мо нохудогох тан пур аз чавшани оханин кардааст.

Холо ки дур аз ватан бо чашмони баста ба чашми хотираву акл ба чомеаи худ менигарам, мебинам, ки хокест пур аз мардуми пуриддаъо ва пур аз ахли адаб, ки исрор ва эхтироми девонавор ба шеър гуфтан доранд. Чи мард, чи зан. Шуруъ аз Самарканд, Бухоро, Фаргона, Сурхандарё, Кашкадарё, Чиззах, Тошканд ва Точикистон лабрез аз шоирони номуваффак гардидааст, аммо хамчунон бо иддаъои шоири ва инкори дигар шакл ва навъи эчод ва офариниш.

яке аз китобфурушихои ЛанданХануз чашмонам бастааст ва дар торихи равшанфикрии точик сайр мекунам, аз мокабли инкилоб то имруз… Мебинам, ки равшанфикрон ва нависандагон будаанд, ки хонандаи точикро аз кироат ва аз мухаббат ба забону адабиёти хеш хаставу безор кардаанд. Мо хонандагонро аз кироатхонахо рондеам, онхоро руи мизи мактабхо танбал ва хоболуд тарбият кардаем. Шуълаи чашмонашонро равшан кардан натавонистаем. Худ барои худ навиштаем ва чахони танги худ. Адабиётро камарзиштар сохтаем ва дар поёнтарин зинаи хунархо гузоштаем.

Вакте мебинам, ки рузномахо пур аз китъахои хастакунанда ва такрорист ва мебинам, ки хонанда хар чи имрузи хаст мехонад ва мо онро нодида мегирем ва хамчунон исроркорона кадими ва кухнагароёна менависем ва он ки иттилоъотамон имрузи нест шарм намедорем, сахт андухгин мешавам ва сахт ноумед.

Ин чо дар ин миён мухимтарин риштае хаст байни насли дируз ва имруз  ки мегусинад ва мо парво надрем ва мо шояд бо содагирии хеш ба гусастани он кумак мекунем. Агар ин насли чадид бо орзу ва ормонхои чадид аз насли дируз бегона шуд, парешони он аст ва натоичи он ноумедкунанда. 

Ин сафар ба ватан дар китобхонахои Самарканду Тошканд, Хучанду Душанбе сар мезадам ва бо чашми худ медидам, китоби точик ки замоне зохири пурранг ва сифати чопи оли дошту ботини камрангу бетобу таб, холо на ин дораду на он.

Хануз равшанфикронеанд, ки дар инхисори дунёи бофтаи худ умр ба сар меоваранд ва бехабар аз он ки пушти дар чи иттифокоте рух додааст,

One thought on “Симини Донишвар: “занон дар достонсарои муваффактар хастанд”

  1. Rustami Daston

    Ba nomi hastiofarin. Bo durud!
    SHahzoda-khonim! Az didgohi man ontavr,ki shumo
    guftaed chandon ham durust nest. Bardoshti man az sukhanoni shumo chunin ast,ki guiyo adiboni mo beshtar va boiddao ba she’r tavajjuh dorandu
    anvo’ va ashkoli digari ejodu ofarinishro hatto
    inkor mekunand.SHoyad dar miyoni Tojikoni Uzba-
    kiston chunin boshad,vale dar TJK dar chand soli
    okhir peshrafthoe shudaast va dar janbahoi mukh-
    talifi ejodi adibon khub fa’oliyat mekunand,sarfi nazar az inki onho az kujo mutaassir meshavand.
    Holo avvali roh ast va bo sipari shudani ruzgore
    hamaash khub meshavad.Man ba nazdiki yak kitobe
    dastrasam gardid,ki voqean az mutoliai on sakht
    khushhol shudam.Nasre bisyor shevo dorad va matni
    adabii bisyor mantiki,ki hamash halovat burdam.Kosh safi inguna navisandagon biafzoyad va
    dilhoi mo oshiqoni adabu hunarro khushhol namo-
    yand.Navisandai in kitob Qodiri Rustam bud va KHu-
    do ajrash dihad ,in ki mo oshiqoni tashnaro khursand namud.SHoyad ba shumo ham nomi kitob va adresshosha diham khub boshad;NOMI KITOB-(RUDAKI,
    FAROMUSHI,CHINGIZKHON VA KHAR) va dar shahri Almati chop shudaast.Agar shumo ham baroi khud in
    kitobro tahiya kuned burd khohed kard va khele
    khushhol khohed shud.
    Bo ehtirom Rustam-22 sola.
    Solamro baroi on navishtam,ki bidoned man chandon tajribai ziyode dar ikhtiyor nadoram va shoyad
    dar nigorishi in noma va bayon kardani manzuram dar qolabi jumalot duchori ishtibohhoi gunogune shuda bosham.

Comments are closed.